Нашрияи Омӯзгор

Диққат: озмун!

Сана: 2022-03-04        Дида шуд: 82        Шарҳ: 0

Ҳафтаномаи «Омӯзгор» бо мақсади нақшгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди саноат, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръат эълон шудааст, барои беҳтарин мақолаву гузоришҳо дар мавзуи «Нақши маориф ва илм дар татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди саноат» озмун эълон менамояд. Нигоштаҳое, ки ба озмун фиристода мешаванд, бояд ба умдатарин  масоили рушди саноат, ҳамбастагии илму амал, имконоту мавқеи аҳли маориф вобаста ба раванди саноатикунонии кишвар бахшида шуда,  мулоҳизоту пешниҳодот ва андешаву баррасиҳои ҷолибро дар бар гиранд, забони равону муассир дошта бошанд.
Озмун аз оғози моҳи феврал то охири моҳи август идома меёбад ва дар арафаи Рӯзи Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ ҷамъбаст мегардад.
Барои ғолибон мукофотҳои зерин муқаррар шудааст:
Ҷои аввал: 2000 сомонӣ
Ҷои дуюм: 1500 сомонӣ
Ҷои сеюм: 1000 сомонӣ
Ғолибон, ҳамчунин, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда мешаванд.
Таъкид:
Мақолаҳо  набояд аз 3-4 саҳифаи чопи компютерӣ (ҳарфи  Times New Rjman Tj 14-1,5  интервалӣ) зиёд бошанд, дар акси ҳол ба озмун роҳ намеёбанд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш