Нашрияи Омӯзгор

Кош, муаллими расм ё варзиш мешудам

Сана: 2022-03-05        Дида шуд: 120        Шарҳ: 0

Бо гузашти солҳо дафтари хотиротамро варақгардон мекунам. Айёми кӯдакиву даврони мактабхониам чун навори филме як-як пеши чашмонам мегузаранд. Ҳама шебу фароз, камиву костии айёми кӯдакӣ, хатто ғаму дардаш имрӯз бароям ширину гуворост. Ҳама ҷоху ҷалол, қадру қимат, тахту бахт ва боз ким - чиҳои дигару дигари имрӯзро ба он даврони беғаши кӯдакӣ тарҷеҳ дода наметавонам.
Он вақт дар синфи 8-ум таҳсил доштам.Муаллиму муаллимаҳо яке паси дигаре даромада, ба мо аз фанҳои гуногун сабақ медоданд. Либосҳои ба тан шинаму зебо, алфози хушу гуворо ва муомилаи нарму дилрабояшонро ҳанӯз ҳам дар хотир дорам. Аҷоиб устодоне доштем. Якеаш аз ҳаводиси табиату дигараш аз ҳисобу китоб, сеюмӣ аз одобу ахлоқу чорумӣ аз рушду нумуи олами ваҳшу тайр ба мо донишамонро меафзуданд.
Ман, ки дӯстдори синамои ҳиндӣ будаму дар оянда ҳунарманд шудан мехостам, зери таъсири муоширату муомила ва сабақомӯзии устодони фариштахисолам ноаён тарҳи зиндагии ояндаамро дигар кардам.
Муаллим, ки сазовори иззату икроми хурду бузург, гули сари сабади маъракаю маросимҳо, маслиҳатдеҳу чарасози ҳама мушкилот буду аз ҷониби давлату ҳукумат имтиёзҳои зиёдро бархӯрдор, аз пеши ман ҳама сад ва дудилагиро бардошт. Назди худ ба қарори қатъӣ омадам, ки бояд омӯзгор шавам ва чун устодони худ дар ғаму шодии мардуми аҳли деҳ шарик гашта, фарзандонашонро таълиму тадрис дода,эҳтироми эшонро сазовор гардам.
Баъди соле чанд мактаби миёнаро хатм намудам ва бо амри тақдир донишҷӯи факултаи забону адабиёти ДДОТ ба номи С. Айнӣ гаштам. Хурсандиам ҳадду канор надошт, зеро дар он солҳо ба донишгоҳе дохил шудан басе душвору сангин буд. Таҳсилам панҷ сол давом кард. Ҳар гоҳе ки аз Душанбе ба хона бармегаштам, аҳли хонадон ва хешу табор маро хуб истиқбол ва банавбат меҳмондорӣ мекарданд.
Охир, ман дар он солҳо (1987-1992) аз як авлоди бузург донишҷӯи мактаби олӣ будам. Хуллас, чи дар хонаву чи дар байни хешу табор ва чи аҳли деҳа эҳтиром доштам. Бо муаллими асил дониши комил лозим гуфта, сангро болину хасу хорро қолин карда хондаму хондам, мактаби олиро бо дипломи сурх хатм намудам.
Садорати донишкада ҳамсабақонамро ба минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ фиристода бошанд ҳам, хушбахтона, маро барои омӯзгорӣ ба зодгоҳам-ноҳияи Рашт роҳхат доданд.
Аз рӯзи аввали ба кор шуруъ карданам, мақоли «Нозири ҳар кас виҷдони ӯст»-ро шиор қарор дода, то ба имрӯз, (сӣ сол) боз бо маоши омӯзгорӣ аробаи зиндагиамро ба пеш кашида истодаам. Пешаи омӯзгорӣ ва машғулият бо хурдтараконро, ки дӯст медоштам, боре ҳам аз вазнинии кор шикоят намекардам; бо вуҷуди он ки дар ин байн бо сабаби ҷангҳои таҳмилии шаҳрвандӣ ҳатто соле зиёдтар бе музд фаъолият карда, ба ҷои маош аз бародарони яроқбадастам мушту лағад ҳам хӯрдаам.
То ба имрӯз ҳам худ ва ҳам шогирдонам дар озмунҳои зиёде ширкат варзидаем. Агар ғолиб нагашта бошем ҳам,борҳо ба ҷойҳои ифтихорӣ сазовор шудем. Аммо чӣ мегӯед, ки баъди сӣ соли фаъолияти пурсамари омӯзгорӣ яку якбора дилам аз ин пеша сард гашт. Бале, сард, он чунон сард, ки мисли яхи Антарктида. Чӣ гуна ва барои чӣ?
Банда дар ҳафт синф, ки шумораи хонандагонашон аз 25 то 32 - нафариро ташкил медиҳад, дарс мегӯям. Рӯзе иттифоқан дар ин ҳафт синф аз фанни забони модарӣ кори хаттӣ-диктант гирифтам. Дафтарҳои шогирдонро, ки шумораашон аз 180 дона ҳам мегузашт, болои мизи кориам гузоштам. Аз чӣ бошад, ки пеши кӯҳ ва анбуҳи дафтарҳо худро хору залил ва бечораву нотавон дарёфтам. Дафтарҳоро як тараф гузошта, ба ҳисобу китоб сар кардам.
Ман тӯли як моҳ аз ҳафт синфи дарсмедодаам, агар якдиктантӣ гирам (ҳол он ки дар баъзе синф дар як моҳ ду диктант ҳам гирифта мешавад) ба ҳисоби миёна ҳафт диктант мешавад, ки шумораи дафтарҳо 180 ададро ташкил менамояд. Дар ин синфҳо, инчунин, як эссе ва як иншо низ дар як моҳ рост меояд ва агар иншои хонагиро зам намоем, шумораи дафтарҳо ба 720 адад мерасад. Илова бар ин, дар ин ҳафт синф ҳар ҳафта се соат дарси забони модарӣ мегузарам. Агар ҳар як дарс дафтарҳои даврии ҳонандагонро тафтиш намоям (180*3), миқдори дафтарҳо 540 адад мешавад. Аз сабабе ки моҳ аз чор ҳафта иборат аст, рақами 540-ро ба се (се ҳафтаи дигар) зарб кунем, шумори 1620 пайдо мегардад. Ба адади 1620 (дафтарҳои даврии хонандагон) рақами 720-ро, ки миқдори диктант, иншо ва иншои хонагиву эссе буд, зам гардад, шумораи 2340 ҳосил мегардад, ки шумораи умумии дафтарҳои тафтишмешуда аз ҷониби як муаллими бечора дар як моҳ мебошад. Баъди дидани ин рақам қариб ҳуш аз сарам парид. Маро ҳеҷ боварам намеомад, ки дар як моҳ ин миқдор, яъне 2340 дафтарро тафтиш мекардаам. Ана, акнун фаҳмидам, ки мани бечора чаро бо ин зудӣ ба чашми сунъӣ (айнак) гирифтор шудаму муаллимони расму суруд ва тарбияи ҷисмониву техналогияе, ки ду умри маро зиёд доранд, не.
Дарҳол вақтро ғанимат дониста, аз пайи кофтукови муҳосиби муассиса шудам. Аз ӯ хостам аниқ созам, ки бо ин қадар ҷонкоҳонӣ – тафтиши 2340 дафтар банда чӣ қадар музди меҳнат мегирифта бошам. Муҳосиб, ки дар ҳисобу китоб устоди беҳамтост, бо ду-се маротиба пахш кардани тугмаи калкулятор гуфт:
 - Шумо, бародари азиз, 310 сомонӣ тоза дар даст музди тафтиши дафтар мегиред. Чӣ қадар?
310 сомонӣ баробар аст ба музди меҳнати деворзане, ки дар як ё ду соат 4-5 метр деворро зада, ба анҷом мерасонад ва ё хиштчине, ки 300 дона хиштро тӯли 3-4 соат болои ҳам мечинад ва боз чандин амали дигаре, ки бо андак меҳнат ин миқдор маблағро ба даст оварда метавонанд. Пас, худ аз рӯи инсоф қазоват намоед, ки дар ивази 310 сомонӣ барои як моҳ тафтиши 2340 дафтар куҷову дар як ё ду соат бардоштани 4-5 метр девор куҷо?
Гумон мекунам, ки ин амалу мукофоти он дар ягон чаҳорчӯбаи инсоф дуруст намегирад. Пас, чӣ бояд кард? Гумон аст, ки садои мани бечора ба гӯше расаду маблағи тафтиши дафтар якчанд фисад бардошта шавад. Ягона роҳи сабукиро пеши ин душворӣ дар ҳамин мебинам, ки виҷдонро қатъи назар карда, аз тафтиши чанд баста дафтар худдорӣ намоям ва ё миқдори иншою эссе ва диктантро дидаю дониста, аз барнома ихтисор кунам.
Аммо афсӯс. Афсӯсу сад афсӯс.
Ман, ки таълими даврони Шӯравиро гирифтаву дар деги аҳди коммунистӣ, ки замони рукуду бехудоияш мехонанд, ҷӯшидаам, чунин амалро ба худ муносиб дида наметавонам…

Қиёмуддин Идиев,
омӯзгори забон ва адабиёти №3-и
ноҳияи Рашт  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш