Нашрияи Омӯзгор

Дар шинохти суханварону суханшиносон

Сана: 2022-03-05        Дида шуд: 113        Шарҳ: 0

Муҳаққиқи журналистикаи тоҷик, доктори илмҳои филология, профессор Мурод Муродӣ дар таҳқиқу таълими журналистикаву публитсистика нақши бориз дошта, дар ин росто осори арзишманде таълиф намудааст. Чун туҳфаи навбатӣ ба дасти хонандагон китоби нави профессор Мурод Муродӣ бо номи «Публитсистикаи тоҷик» (- Душанбе: «Аржанг», 2021. – 576 с.)  расид. Ин китоб ҳосили таҳқиқу  ковишҳои чандсолаи муаллиф асту хусусияти илмию таълимӣ дорад.  Китоб аз муқаддима ва шаш бахш иборат мебошад. 
Дар муқаддима муаллиф мухтасар дар мавриди публитсистика сухан ба миён оварда, таърих ва ташаккули онро арзёбӣ мекунад, ки «ҳанӯз қабл аз пайдоиши матбуоти даврӣ дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла, таърихнигориву сафарноманависӣ, мукотиботу номанигорӣ, осори адабии дорои оҳанги иҷтимоӣ ва амсоли ин сурат гирифтааст» (с.3).
Бахши аввали китоб «Пешомадони публитсистикаи тоҷик» унвон дошта, муҳаққиқ зимни он ба эҷодиёти Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Низомулмулки Тӯсӣ, Убайди Зоконӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, Аҳмади Дониш, Тошхӯҷаи Асирӣ, Аҷзии Сиддиқӣ ва Шарифҷон Махдуми Садри Зиё рӯй оварда, «мавҷудияти рӯҳи иҷтимоӣ дар осор»-и эшонро бозгӯ менамояд. «Гуфтор дар ҳаҷви Султон Маҳмуд»-и Фирдавсӣ, «Сафарнома»-и  Н. Хусрав, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, ҳаҷвиёти Убайди Зоконӣ, “Бадоеъ-ул- вақоеъ”-и Восифӣ, «Наводир-ул-вақоеъ»,  «Рисолаи таърихӣ»-и Дониш, достони «Дар баёни ҷӯйи Бекобод», «Қасида дар боби усули ҷадидия»-и Т. Асирӣ, достонҳои «Миръоти ибрат», «Анҷумани арвоҳ», маҷмуаҳои ашъори «Ганҷинаи ҳикмат», «Айн-ул-адаб»-и Аҷзии Сиддиқӣ, «Наводири Зиёия», «Рӯзнома», «Тазкират-уш-шуарои мутақаддимин», «Шуарои мутааххирин», «Фузалои мутаахирин»-и Садри Зиё мавриди таҳлилу баррасии ин бахш қарор гирифта, пажӯҳишгар ҷанбаҳои иҷтимоӣ, таърихӣ, воқеӣ ва публитсистии маводи муаллифони таҳқиқшавандаро мушаххасу муайян менамояд.
Муҳаққиқ дар бахши дуюми китоб фаъолияти эҷодкорон, ҳамкорону созмондиҳандагон ва саромадони публитсистикаи тоҷик Мирзо Сироҷи Ҳаким, Мирзо Ҷалол Юсуфзода, Мирзо Абдувоҳиди Мунзим, Абдурауфи Фитрат, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Саидризо Ализода, Садриддин Айнӣ, Абдуқодир Муҳиддинов, Аббос Алиев, Собит Манофзода, Чинор Имомов, Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдуқаюми Қурбӣ, Ҳамид Бақозода, Ҳоҷӣ Мӯин Шукруллоев, Тӯрақул Зеҳнӣ, Обид Исматӣ,  Алӣ Исмоилзода, Лутфулло Обидхуҷаев, Маъруф Расулӣ, Раҳим Ҳошим, Бадриддин Азизӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Ҳасан Маҳмадхонов (Ирфон), Пайрав Сулаймонӣ, Муҳаммадҷон Раҳимиро мавриди баррасӣ қарор дода, заҳмат, ҷонфидоию азхудгузарии онҳоро дар ин ҷода некбинонаю мӯшикофона таҳлил мекунад. Осори ба ёдгор гузоштаи онҳоро ба риштаи таҳқиқ кашида, моҳияти нигоштаҳояшонро бозгӯ ва фаъолияташонро дар самти маърифатафзоӣ, забону миллатдӯстдорӣ, ватандӯстию асолатнигаҳдорӣ ва  намунаи ибрат буданашонро таъкид медорад. Осори ин публитсистон дар давраи сарнавиштсозе иншо шуда, дар роҳи худшиносиву худогоҳии миллати тоҷик хизмати шоиста карда, то ҳанӯз моҳияти худро нигоҳ доштааст. Аз муҳтавои ин бахш бармеояд, ки «оғози таърихи рӯзноманигории тоҷик» бо номи Мирзо Сироҷи Ҳаким, Мирзо Муҳиддин Мансур, Мирзо Ҷалол Юсуфзода, Садриддин Айнӣ ва Саидризо Ализода вобастагии ногусастанӣ дорад. Ба қавли  муаллиф: «Ин зумра воқеан, дар ташкили нашрияҳои даврӣ ва ба ин минвол ташаккули матбуоти миллӣ хизмати боарзиш ва бемисл кардаанд. Аз ҷумла, таъсиси нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои Шариф» ба ҳиммату ҷуръати Мирзо Сироҷи Ҳаким, Мирзо Муҳиддин Мансур ва Мирзо Ҷалол Юсуфзода сахт марбут аст» (с.67).
Ҳамаи онҳое ки ному фаъолият, азму талош ва кӯшишу ғайраташон дар ин бахш зикр шудаву мавриди таҳлилу пажӯҳиш ва бозгӯии муаллиф қарор гирифтаанд, воқеан ҳам шахсиятҳои дурандеш, симоҳои барҷастаи фарҳангу маърифатанд, ки бо ин ё он васила дар кори ташкилию эҷодӣ ва бунёду бавуҷудории аввалнашрияҳо, матолиби хонданӣ, таҳрикбахшандаи журналистию публитсистӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Матолиби ин бахшро чӣ тавр ба вуҷуд омадани аввалин нашрияҳои тоҷикӣ, саромадони он, нахустмаводи рӯзноманигорӣ, мазмуну мундариҷаи онҳо, ному насаб, имзоҳои муаллифону ҳамкорон, мушкилоти соҳа фаро гирифта, хонандаро бо маълумоти ҷолибу фаровон ва хонданӣ мусаллаҳ мегардонад.
Дар ин бахш муҳаққиқ ба фаъолияти публитсистии устод Садриддин Айнӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, онро қисми таркибии фаъолияти эҷодии ӯ қаламдод мекунад. Ба қавли ӯ, «Фаъолияти бевоситаи публитсистии С. Айнӣ аз нашрияи «Шуълаи инқилоб» (с.111) оғоз гардида, минбаъд бомаром ва эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ идома меёбад. Таълифоти публитсистии С. Айнӣ гуногунсамту гуногунмуҳтаво буда, қариб ҳама соҳаҳоро фаро мегирад. Зеро ӯ «чун шахси бохабар аз пастиву баландиҳои рӯзгор, илмомӯхта, сиёсатдон, донишманди таъриху адабиёт ва фарҳанги халқи худ маводи мавриди баррасиашро инъикосу тасвир ва маънидод менамояд» (с.114). Дар ҳамин замина гуногунжанриву гуногунрангии маводи публитсистии С. Айнӣ мавриди таҳлилу таҳқиқи муаллиф қарор гирифта, моҳияти онҳо тавзеҳу ташреҳ дода мешавад. Шириншоҳ Шотемур ва Чинор Имомов, ки дар ин бахши таълифот аз онҳо зикри хайр мешавад бо вуҷуди мушкилоту ноҳамвориҳои ҷода ва қаҷдору марези он замон тавонистанд бо ҳаммаслакони хеш дар бунёди матбуоти тоҷикӣ, бахусус ташкили рӯзномаи «Овози тоҷик» асос гузоранд.
«Публитсистони насли ҷавон» бахши дигари китоб буда, дар он эҷоди публитсистӣ ва фаъолияти рӯзноманигориву ҳамкорӣ бо нашрияҳои ин насл - Б. Ғафуров, М. Турсунзода, А. Мирзоев, Ҷ. Икромӣ, С. Улуғзода, М. Миршакар, Алӣ Хуш, С. Ғанӣ, Р. Ҷалил, Т. Усмон, А. Деҳотӣ, К. Қаҳҳорова мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтааст. Ин нафарон аз зумраи он қаламкашонеанд, ки ҳамсолу ҳампойи аввалнашрияҳои тоҷикианд. Воқеан ҳам онҳо дар замони пуртазоду пурмоҷарои охири солҳои 20 ва солҳои 30-40-и асри гузашта зиставу фаъолият кардаанд. Тағйиру дигаргуниҳои замон дар пеши назари онҳо мегузашт. Онҳо шоҳиди ҳодиса, воқеа ва рӯйдодҳои беназир замон буданд. Ҳеч падидае аз назари пурвусъату борикбини онҳо пинҳон намемонд. Ба рӯйдоду воқеаҳо бетарафона не, балки масъулиятшиносона муносибат мекарданд. Ба мактабу маориф ва илму ирфон рӯй оварда, аз ҷиҳати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ худро обутоб медоданд. Дарки воқеияти иҷтимоӣ имкон фароҳам меовард, ки мушоҳидаву муқоиса ва бардоштҳои худро дар қолаби жанрҳои журналистиву маводи публитсистӣ дар саҳифаҳои матбуот ба табъ расонанд.
Дар бахши «Адибон-публитсистон»-и китоб муаллиф асосан маҳсули эҷоди публитсистии М. Наҷмиддинов, Ф. Муҳаммадиев, А. Сидқӣ, И. Файзуллоев, Ш. Ҳаниф, Х. Шарифов, Б. Муртазо, Р. Мардон, Ӯ. Кӯҳзод, А. Самад, Н. Табаров, И. Насриддин, Ҳилолиён Аскар, А. Ҳамдам, Ш. Мӯсо ва Раҷабалӣ Аҳмадро таҳлилу таҳқиқ кардааст, ки ин бесабаб нест. Зеро ин адибон фаъолияти худро дар идораи рӯзномаю маҷаллаҳо оғоз карда, бо мурури замон маҳорати журналистӣ ва публитсистиашон сайқал ёфта, дар эҷоди бадеӣ ҳам дастёб шудаанд. Ҳангоме ки эҷоди М. Наҷмиддиновро мавриди назар қарор медиҳад дар публитсистикаи ӯ мавқеи намоён доштани жанри очеркро зикр карда, чунин натиҷагирӣ мекунад: «Ҳарчанд очеркҳояш мавзуву масъалаҳои гуногунро дар бар мегирад, аммо дар маркази онҳо ҳаёти воқеии халқи заҳматкаш, инсонҳои кору пайкор, фотеҳони замин, кишоварзони пешсаф ва амсоли ин меистанд» (с.311-312). Зимни таҳлили осори Ф. Муҳаммадиев муҳаққиқ қайд мекунад, ки «ҳарчанд маҳсули эҷоди ӯро равияҳои илмӣ, публитсистӣ ва бадеӣ ба ҳам омезиш додаанд, аммо ҷанбаи публитсистӣ нисбатан бартарӣ дорад» (с. 319). «Дар очеркнависии тоҷик таҳаввулоти тоза ба вуҷуд овард» (с.323).  Очерку ёддоштҳояш фарогири ҳаёти нафароне мебошанд, ки дар хидмати халқанд. Ба ҳамин монанд муҳаққиқ эҷоди публитсистӣ ва адабии қаламкашони мавриди назарро дар такя ба назарияи соҳа ва дастовардҳои амалиашон дар самти публитсистика баррасӣ менамояд. Вижагиҳои эҷодиёти адибон- публитсистонро нишон дода, аз фактҳои ҳаётӣ саршор будани осори онҳоро таъкид менамояд. Муҳаққиқ сари коргирӣ аз жанрҳову образҳои публитсистии ин адибонро зимни таҳлил бозгӯ мекунад, ба таносуби воқеияту бадеияти осори онҳо мутаваҷҷеҳ мешавад. Назари фароху диди таҳқиқӣ ба муҳаққиқ имкон додааст, ки таҳлилу баррасии осори адибони мавриди таваҷҷуҳро бо низом ба роҳ монад, вижагиҳои эҷоду фаъолияташонро мушаххас намояд.
Бахши панҷуми китоб «Рӯзноманигорон - публитсистон» ном дошта, дар он фаъолияти эҷодии Шодӣ Саид, Отахон Латифӣ ва Мазҳабшо Муҳаббатшоев объекти таҳқиқ қарор гирифтааст. Таълиф дар бораи Шодӣ Саидов ташаккули як нафар қаламкашро пешорӯи мо намо медиҳад, ки ҳамкориву фаъолиятро дар ҷодаи рӯзноманигорӣ аз мухбири одӣ шуруъ карда, то зинаҳои баланди роҳбарии соҳа мерасад. Аз таҳқиқи муаллиф дар мавриди О. Латифӣ бармеояд, ки ӯ «натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар Иттиҳоди Шӯравӣ шуҳрати баланди касбӣ» (с. 479) доштааст. Муҳаққиқ дуруст қайд мекунад, ки мавсуф дар навиштани жанрҳои репортаж, мусоҳиба, мақола, лавҳа, очерк маҳорати хоса зоҳир намуда, дар ҷодаи журналистика ва публитсистика соҳибмактаб будааст. М. Муҳаббатшоев бошад, «на танҳо мушкилот ва масъалаҳоро хуб медид, балки онҳоро ба пуррагӣ фаро мегирифт, дар роҳи ҳаллашон андешаи нав ва дуруст пешниҳод мекард» (с. 494). 
«Муҳаққиқон-публитсистон» бахши дигари китоб буда, муаллиф зимни он таҳқиқоти дар ин самт таълифкардаи донишмандон Муҳаммадҷон Шакурӣ, Асадулло Саъдуллоев, Давлат Давронов, Иброҳим Усмонов, Усмонҷон Ғаффоров ва Пайванди Гулмуродзодаро таҳлилу таҳқиқ ва арзёбӣ кардааст. Дар ин бахш муҳаққиқ асосан ба таҳқиқоти илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва таълифоти публитсистии муаллифони дар боло номбаршуда такя карда, моҳияти матолиби онҳоро муайян менамояд. Ӯ зимни баррасии эҷоду таҳқиқи М. Шакурӣ фаъолияти таҳқиқшавандаро фароху серпаҳлӯ мехонад. Дар ҷодаи публитсистикаи илмиву амалии муосир низ чирадасту шуҳратёр буданашро дар ҷараёни баррасии масъала бо мисолҳо аз эҷоди ӯ муайян менамояд. Ба қавли муаллифи китоб, асоси публитсистикаи М. Шакуриро фикру ғоя ташкил дода, мавсуф «масъалаҳои муҳими иҷтимоиро аз нигоҳи илмӣ дарку маърифат намуда, тариқи баёни публитсистӣ манзури хонандагон мегардонад» (с. 508-509). Чеҳраи дигари таҳқиқшавандаи илмиву эҷодии журналистикаву публитсистика дар ин бахш Асадулло Саъдуллоев буда, фаъолияти ӯ «рӯзноманигорӣ, публитсистика, нависандагӣ ва пажӯҳиши илмиро  фаро мегирад» (с.512). Муҳаққиқ асосан нигоштаҳои публитсистии А. Саъдуллоевро таҳқиқу арзёбӣ карда, ба хулосае меояд, ки  публитсистикаи ӯ «чи аз ҷиҳати мундариҷа ва чи аз нигоҳи жанрӣ рангоранг буда, муҳимтарин масъалаҳои давру замонро, ки ба тарбияи инсон нигаронида шудаанд дар бар мегирад» (с. 520-521). Дар ин бахш осори муҳаққиқи публитсистика ва сиёсат Иброҳим Усмонов таҳлил шуда, муаллиф таъкид месозад, ки публитсистикаи олим аз ҷиҳати мавзуъ ва жанр гуногун буда, «мавзуъҳои адаб, ахлоқ, миллат, забон, сиёсат ва санъат»-ро (с.533) дар бар мегирад. Дар маводи ба У. Ғаффоров ва П. Гулмуродзода бахшидаи муҳаққиқ дастовардҳои илмиву публитсистии номбурдагон зикр, арзёбӣ ва таҳққиқ шуда, симои илмиву публитсистӣ ва саҳмгузории онҳо дар ин самтро бозгӯй мекунад.
Тавассути бахши «Насли нави публитсистон», ки ба сифати охирсухани китоб таълиф шудааст, муаллиф осори чеҳраҳои муосири публитсистика Фотеҳ Абдулло, Зиё Абдулло, Зафар Мирзоев, Абдуқодири Раҳим, Шарифи Ҳамдампур ва дигаронро таҳқиқ карда, зикр менамояд, ки ҳар кадом бо сабку услуб мавзуъ ва масъалагузории хоса вориди ин майдон гардида, қаламфарсоӣ доранд. Публитсистикаи муосири тоҷик, тавре ки аз нигоштаҳои номбурдагон бармеояд, «аз навгониҳои эҷодӣ ва жанрӣ бебаҳра нест» (с. 569).
Дар ин як навиштаи кӯтоҳ наметавон ҳама дастовардҳои муаллифро дар эҷоди ин асар ба таври комил баён кард. Китоби нави муҳаққиқ М. Муродӣ оинаест, ки бо василаи он метавон роҳи паймудаи ин соҳаи эҷодро бо шебу фароз ва дастоварду мушкилоташ пешорӯ дид. Китоб таҳлилҳои илмиву мантиқӣ, маълумотҳои ҷолибу пураҳамиятро фаро гирифта, барои устодону пажӯҳишгарони соҳа, донишварзону унвонҷӯён ва дӯстдорони журналистикаву публитсистика ва аҳли илму фарҳанг судманду манфиатбахш аст.

Сангин Гулзод,
 Саъдулло Ҳайдарӣ, 
номзадҳои илми филология
 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш