Нашрияи Омӯзгор

Аҳамияти бозӣ дар таълим

Сана: 2022-03-05        Дида шуд: 112        Шарҳ: 0

Бозӣ як ҷузъи муҳими ҳаёти кӯдакону наврасон ба ҳисоб рафта, барои рушди ҷисмонӣ ва маърифатии онҳо мусоидат карда метавонад. Агар фарзанд ё тарбиятгирандаи хурдсол аз ҷиҳати ҷисмонӣ ё равонӣ ба таваҷҷуҳи махсус ниёз дошта бошад ҳам, бозии дуруст интихобшуда бо риояи талаботи физиологию реҷаи муайяни иҷро ба ӯ таъсири мусбат мерасонад. 
Бозӣ – усули омӯзиши ҳаёт
Дар муҳите, ки ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин аст, ҳаёти ҳеҷ кӯдак бидуни бозӣ намегузарад. Тамоми хурдсолон, бо шумули кӯдакони дорои маъюбият шуғлу дилхушии ба худ хос доранд.
“Ман дар хурдсолӣ кам бозӣ мекардам. Бештар дар як ҷо танҳо менишастам, - мегӯяд бону Азизаи Нур (ному насаби мустаор), сокини шаҳри Левакант. Ҳангоми мактабхонӣ азоб кашидам. Яъне, аз муаллимону ҳамсинфон шарм ва андак ҳарос доштам. Аз ҳама душвор ин буд, ки барои озод сухан гуфтан ҷуръат пайдо намекардам. Аз дарсҳо, аз бозиҳо худро канор мегирифтам. Чустию чолокӣ низ хоси ман набуд. Тоқатам то таҳсилоти ҳатмии асосиро гирифтан базӯр расид ва бе шомил шудан ба ягон муассисаи дигар ё омӯзишгоҳ тарки сабақомӯзӣ кардам. Ҳоло аз он душвориҳои гузашта сахт дар шигифтам”.
Равоншинос Виктория Мелихова падару модарон ва атрофиёни кӯдаконро сабабгори чунин ҳолатҳои ногувор медонад, зеро муҳимияти бозиҳои бачагонаро дуруст дарк накарда, амалҳои онҳоро саргармии беҳуда ё шӯхии ноҷо меҳисобанд. “Лаҳзае бе назораташ мондӣ, даррав ба як кори беҳуда даст мезанад”, - мегӯянд чунин волидон ё дигар парасторони кӯдакон. 
Аммо кӯдакон танҳо бо ёрии бозичаҳо талаботи худро қонеъ мегардонанд. Дар натиҷаи ҳаракатҳои ғайриихтиёрӣ организми онҳо рушду нумуъ меёбад. Яъне, ҳангоми бозӣ ҳолатҳои рӯҳӣ: эҳсос, идрок, тафаккур, хаёл, хотира, ирода ва ғайра инкишоф меёбад. 
Равоншинос-педагог, мудири кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Сафар Раҳимов мегӯяд, ки кӯдак ҳар як ашёро ба зери таҳқиқ гирифта, гоҳҳо саргузаштҳои тахайюлӣ бофта, дар ҷараёни бозӣ маҳз чӣ гуна зистанро тамрин мекунад. 
-Ӯ нақши милитсионер, ҷанговар, рӯзноманигор, таксист ё самбӯсапаз, модар ё падар, омӯзгор ё духтуру дигарро меофараду мебозад. Яъне, сухану рафтори онҳоро тақлид мекунад, гӯё ҳаёти калонсолонро як-як санҷида мебинад. Ҳар як асбоберо, ки ба дасташ мерасад, месанҷад ва ба воситаи он ягон амалеро иҷро мекунад. Ӯ дар аввал ният надорад, ки ба касе ё ба ибораи дигар, ба соҳиби кадом касбе монанд шавад. Мақсади кӯдак донистану шинохтан ва ёд гирифтани кор бо он асбоб ё фаротар аз ин, он навъи меҳнат мебошад. Балки ӯ ба суоли “Ин асбоб барои чӣ зарур аст?” посухи равшан меҷӯяд. Падару модар, мураббӣ ва дигар нафари калонсол набояд монеи ин гуна бозиҳои ӯ шаванд, албатта, агар кӯдак аз ҳадди эътидол нагузашта бошад. Ӯ на фақат ба амалҳои падару модар ва дигар аҳли хонадон пайравӣ мекунад, балки ҳар он чизеро, ки аз муҳити атроф: одамон, ҳайвонот, телевизор, интернет ва ҳоказо мушоҳида ва дарк кардааст, дар вақти бозияш дар танҳоӣ ё ҳамроҳи кӯдакони дигар такрор ва тақлид мекунад. Ин ҳама аз ақлу заковати расои кӯдак дарак дода, боиси дар оянда ҳамчун шахсият ташаккул ёфтани ӯ мегардад. Барои мо – калонсолон фақат назорат кардану бо чанд калимаю ибораи дар назари аввал одӣ, назири “Офарин!”, “Ту метавонӣ!”, “Фахри мо ҳастӣ!” ва ҳоказо васф кардан мемонад, - афзуд мусоҳиби мо.
Якчанд бозии нав
Ҳоло барои кӯдакони синни томактабӣ ва мактабӣ бозиҳои шавқовари зиёд эҷод шуда истодаанд, ки дар ин замони ҳамгуншавии тамаддунҳо онҳоро моли тамоми башарият гуфтан хато нест. Намунаи чунин бозиҳоро Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (UNICEF) дар омӯзномаи беш аз 100-саҳифаии “Олимпиадаи махсус: варзишгарони ҷавон” ҷой додааст, ки чанде аз онҳоро мурур хоҳем кард. Аммо сараввал барои падару модарон, парасторони кӯдакҳо, мураббиҳо ва дигар калонсолон чанд паёми зарурӣ дорем. 
Дар мавриди нафъ аз ин бозиҳо: онҳо боиси зуҳури одатҳои хуб дар кӯдак мешаванд, малакаҳои зарурии ӯро инкишоф медиҳанд, таҳаммулгароиро меомӯзонанд. Зимнан, кӯдакони дорои имкониятҳои гуногун канори ҳам бозӣ мекунанд ва ин барои ноилшавӣ ба нишондодҳои беҳтарини шахсӣ ёрӣ мерасонад.
Дар боби чӣ гуна ва кай гузаронидани бозиҳо: ҷойи бехатар, бе монеа, дорои сарҳади муайяни мустаҳкамро интихоб кунед; ҳарорат ва рӯшноиро ба инобат гиред; якбора ду-се бозиро интихоб кунед; дар як ҳафта ҳадди ақал ду маротиба 20-30-дақиқаӣ бозӣ гузаронед.
Воқеан, баёни суханҳои таҳрикдиҳанда, тасаллобахш ва ҳавасмандсозандаро фаромӯш накунед.
Машқи нишонгирӣ
Расмҳои ҳайвонот, шаклҳои мухталиф, қаҳрамонҳои филмҳои тасвирӣ ва дигар ашёи дӯстдоштаро ба девор часпонед. Барои муайян шудани масофаҳо дар рӯйи фарш нишона гузоред. Пасон, аз варзишгари хурдсол хоҳиш кунед, ки дар болои нишонаҳо истода, тӯбҳои хурд ва мулоимро ба самти расмҳо партояд. Ба чанд расм чанд маротиба бархӯрдани тӯбро шумо бояд бо майли том ҳисоб карда, сарфи назар аз натиҷаи бозӣ варзишгари хурдсолро ба такрори машғулияти мазкур ташвиқ кунед. 
Ман наззора мекунам!
Дилхоҳ ашёро (масалан, бозича ва китобҳо), ки шуморо иҳота кардааст, як-як ба гунаи кӯтоҳу фаҳмо номбар кунед. Ба фарзанд ё тарбиятгиранда имкон диҳед, ки онро ёфта, то наздаш роҳ рафта, давида ё гавак кашида, аз наздик нишон диҳад. Агар кӯдак рангҳо ё шаклҳоро фарқ карда тавонад, аз ӯ хоҳиш кунед, ки сифати он ашёро бо сухан тасвир кунад. Дар ин бозӣ як ва ё чанд нафар иштирок карда метавонад. “Ман наззора мекунам” дар заминаи талаботи таҳсилоти фарогир эҷод шуда, барои ривоҷ ёфтани малакаҳои бунёдии атфол мусоидат мекунад.
Нишонаҳои мусиқӣ
Ҳалқаро дар рӯйи фарш гузошта, дар атрофи он якчанд нишона гузоред. Вақте ки варзишгари хурдсол ҳаракатҳои давидан, ҷаҳидан, ба қафо роҳ рафтан, рақсидан, тоб хӯрдан ва ҳоказоро иҷро карда, нишонаҳоро убур мекунад, мусиқиро навозед. Шарт ин аст, ки баробари манъ шудани мусиқӣ кӯдак бояд дар болои яке аз нишонаҳо шах шавад (рост ё нишаста, фарқ надорад). Баъд аз гирифта шудани як нишона (ин нишонаро варзишгари хурдсол метавонад ба кӯдаки дигаре, ки бозӣ накарда истодааст, пешкаш кунад, то ӯ ба даври дувуми бозӣ роҳ ёбад) боз мусиқӣ шунавонида мешавад. Ин машғулият то дами ба ҳалқаи марказӣ ворид шудани ҳамаи бозигарон давом мекунад.
Ғел додан ва нигоҳ доштан
Чорзону нишаста, тӯби нисбатан мулоимро ба тарафи варзишгари хурдсол ғел диҳед. Бигзор, ӯ бо даст ё бо дигар узви бадан манъ кардани тӯбро машқ кунад. Пас аз чанд лаҳзаи бозӣ шумо метавонед, ҷой ва вазифаҳоятонро иваз кунед. Барои боз ҳам шавқовар гузаштани бозӣ аз тӯбҳои гуногунандоза бо навбат истифода кардан маслиҳат аст. Варзишгари хурдсол метавонад, тӯбро росто, нишаста ё хобида манъ кунад.
Мураббиро пайравӣ кунед!
Мураббӣ ҳамроҳи варзишгарони хурдсол садои махсуси оғози бозӣ (қарсак, нидоҳои гуногун, садои зангӯла ва ғ.)-ро интихоб карда, сараввал худ рӯйи ангуштон ё соқи як пой меистад. Баъдан, пойҳоро иваз мекунад. Варзишгари хурдсол ин амалҳоро такрор мекунад. Ин машғулиятро метавон ба таври доимӣ дар ҳар мавриди қулай, масалан, зимни шустани дасту дандон иҷро кард. 
Баскетболи бо ҳисоб
Шумо сабад ё ҳалқаро дар даст доред ва варзишгарони хурдсол тӯбро. Рақамеро номбар кунед ва бигзор онҳо тӯбро байни ҳамдигар ҳамон қадар партоянд. Ба кӯдаке, ки дар поёни шумориши он рақам тӯб дар дасташ мемонад, имкон диҳед, ки онро ҷониби сабад ё ҳалқа ҳавола карда, хол гирад (як воридшавии тӯб – як хол).
Қадамҳои вазнин, қадамҳои сабук
Ба кӯдак гӯед, ки бо қомати рост қадамҳои вазнин гузошта, аз як гӯшаи майдончаи муайяншудаи бозӣ ба гӯшаи дигар давида равад. Баъдан бо қадамҳои сабуки ором, агар тавонад, сар-сари ангуштон ба ҷойи аввалааш баргардад. Ба кӯдак иҷозат диҳед, ки дар вақти иҷрои ин бозӣ садои шодмонӣ берун кунад.
Эҷодкор мебояд буд
Бозиҳое, ки манзур шуданд, хусусияти ҳаракатию-фикрӣ дошта, барои дилхоҳ гурӯҳи кӯдакон аз манфиат холӣ нестанд. Падарону модарон, парасторони кӯдакон, мураббиҳо ва омӯзгорон метавонанд, ки мувофиқ ба имконияту шароити мавҷуда намудҳои дигари бозиҳои ҷолибро биофаранд ва зимни машғулиятҳо дар хона, кӯдакистон ва ё мактаб аз онҳо ба таври васеъ истифода баранд.

Зокир Муродиён, 
устоди кафедраи педагогикаи 
ДДБ ба номи Носири Хусрав


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш