Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиш танаффус надорад

Сана: 2022-03-05        Дида шуд: 142        Шарҳ: 0

Инсон фаъолтарин ва бошууртарин мавҷуди табиат буда, бино ба таъкиди таҳлилгарон, нутқ, сухан, мулоҳизаву муҳокима ва рафтору кирдори оқилонааш ӯро ба ҳокими сайёра табдил додааст. Маҳбубтарин ва тавонмандтарин инсон онест, ки хираду дониши комил дорад ва ба ҳамагон хайрхоҳиву мададгорӣ мекунад. Ин сифатҳо ба шарофати омӯзиши пайваставу бардавом, мунтазам такмил додани хислатҳои ҳамидааш бар ҳар фард муяссар мешаванд. Омӯзиш ҳамешагӣ ба кулли инсонҳо, қатъи назар аз машғулияту пешаашон, хос аст. Дар ин миён, албатта, омӯзгорон ба мунтазам омӯхтану такмил бахшидани донишу маърифаташон бештар бояд таваҷҷуҳманд бошанд, зеро онҳо хирадомӯзу донишгустар, раҳнамои ҷомеа, парчамафрози тамаддуни башаранд. Омӯзгор набояд лаҳзае аз такмили маънавии худ фориғ бимонад. На танҳо шогирдон, балки кулли волидон, наздикону пайвандон, аҳли деҳу маҳал баҳри уқдакушоии ҳар мушкилие рӯи ниёз ба омӯзгорон меоваранд, ба омӯзгорон эътиқодманданд, ба ҳарфу ҳидояташон бовар мекунанд, қазовати онҳоро ба ҳукми қонун мепазиранд. Ин барои ҳар омӯзгор ҳам шарафу ифтихор асту ҳам масъулияти ҷиддӣ. Аз ин рӯ, омӯзгор бояд ҳам барои иҷрои рисолати хеш ва вусъатбахшии маънавияту донишаш, ҳам барои ҳифзи обрую мақому эътибораш ва ҳам бо ҳадафи пойдории ҳурмату эҳтиромаш дар назди мардум бояд мунтазам мутолиа кунаду такмили ихтисос намояд, ба худомӯзиаш вақти кофӣ ҷудо созад.
Дар ҷумҳурӣ мувофиқи нақшаи махсуси муассисаҳои таълимӣ, ки бо шуъбаю раёсатҳои маориф мувофиқа карда шудаанд, бо низоми муайян омӯзгорон дар курсҳои такмили ихтисос таҳсил мекунанд, ки ин тадбири хеле муҳиму пурсамар аст. Илова бар ин, ҳар як омӯзгор бояд ба худомӯзӣ диққати ҷиддӣ диҳад ва барои ин, пеш аз ҳама, ӯро лозим аст, ки нақшаи худомӯзӣ дошта бошаду нишондодҳои онро қотеъона риоя намояд. Маълум, ки ҳеҷ фанне шахшудаю қолабӣ нест, балки пайваста такмил меёбад, дар доираи он кашфиёту навгониҳо ба вуҷуд меоянд, ҳадисаҳо ба вуқуъ мепайванданд. Қимате аз ин навгониҳо ба ин ё он фан тағйироти ҷиддӣ ворид месозанд. Омӯзгор вобаста ба фанни худ бояд аз ин рухдодҳои илмӣ саривақт огаҳӣ пайдо кунад ва дар машғулиятҳояш онҳоро дар назар дошта бошад. Як омили ҳамқадами замон будани омӯзгор низ дар ҳамин зоҳир мегардад.
Ҳамчунин, омӯзгор он гоҳ омӯзгори ҳақиқӣ ва соҳибэҳтироми мардум буда метавонад, ки аз навгониҳои сиёсии замон, аз падидаҳои тозаи фарҳангу адабиёт ва аз моҳияти рухдодҳои ҷомеа ба хубӣ огаҳӣ дошта бошад. Вобаста ба ин ҳама, бунёди худомӯзии омӯзгор ба омилҳои зерин иртибот дорад:
1.Муназзамию мунтазамии худомӯзӣ ва мувофиқати он бо вазъи кори омӯзгор.
2.Зарур, замонавӣ ва пураҳамият будани масоили мавриди омӯзиш.
3.Ҳамбастагии омӯзиши омӯзгор бо муҳтавои фанни таълимӣ ва бо рӯҳияи замон.
Бояд таъкид кард, ки дар худомӯзии омӯзгор рӯзномаю маҷаллаҳои соҳавӣ, радиову телевизион ва самти иҷтимоии омӯзиш, дастуру китобҳои дахлдор нақши муҳим мебозанд. Омӯзгор ҷараёни худомӯзиашро дар дафтари махсус барои худомӯзӣ пайваста зикр мекунад. Худомӯзӣ маҳорату истеъдоди омӯзгорро низ такмил мебахшад ва обрӯафзои ӯ мешавад. Албатта, худомӯзӣ азму ирода, шавқу завқи махсус, вақти илова ва кӯшишу заҳмат металабад, аммо соҳиби дониши васеъ, замонавӣ ва мукаммал будан шарафест, ки баҳри он метавон аз ҳама чиз гузашт кард. Бузургонамон фармудаанд:
Ба ранҷ андар орӣ танатро, равост,
Ки худ ранҷ бурдан ба дониш сазост.


Насиба Маллаева, 
омӯзгори синфҳои ибтидоии 
мактаби №70-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш