Нашрияи Омӯзгор

Олиҳаи зиндагии мо

Сана: 2022-03-05        Дида шуд: 82        Шарҳ: 0

8 март санаи фархунда - рӯзи офарандагони нуру зебоӣ ва покизагӣ, олиҳаи зиндагии тарбиятгарони насли башар, яъне Рӯзи модар мебошад. 
Эзид ба тоқи хонаи ҳастӣ навиштааст:
Модар фаришта нест, баланд аз фаришта аст.

Дарвоқеъ, модар дар тамадуни башарият ва сарнавишти ҳар як қавму миллат ҷойгоҳи хосса ва мақому манзалати бузурге дорад. Дили пурмеҳру пок, иродаи устувору ба ҳама шебу фарози рӯзгор тобовараш ба ягон офаридаи дигар насиб нагашта. 
Дар оғози фасли баҳор таҷлил намудани ин санаи фаррухпай, яъне Рӯзи модар, пеш аз ҳама, нишон аз сарсабзии зиндагонӣ ва бахту иқболи баланди инсонӣ мебошад. Ин иди тамоми занону модарон ва хоҳарони азизу меҳрубони мост.
Агар зан намебуд, олам намебуд,
Нишоне зи авлоди одам намебуд.

Модар бо меҳри саршор баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мешуморад ва бо самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофати худ номашро пос медорад. Бо дастони пурмеҳри худ навниҳолони соҳибмаърифат ва фарҳангдӯсту адабпарвари боғи миллат, яъне созандагони ояндаи неки давлат ва ҷомеаро ба камол мерасонад. Бинобар ин, зан – модар бузург аст, аз офтоб ҳам бузургтар аст, зеро тифл ба дунё оварда, миллатро бузург месозад. 
Пайғамбарон ва шахсият-ҳои бузурги олам, шоҳону вазирон, ҳокимону амирон, сипаҳсолорону донишмандон, адибону ҳунармандон, ки инсоният ба номи онҳо ифтихор дорад, зодаву парвардаи зан - модар мебошанд. 
Аҷдоди пуршарафи тоҷикон - мардони ориёӣ ҳанӯз се ҳазор сол пеш барои ба ҷо овардани эҳтироми занону модарони худ ҷашни хосае доштаанд.
Ба андешаи донишманди бузург Абурайҳони Берунӣ, иди занон дар сарзамини аҷдодони мо дар моҳи сеюми зимистон, ки онро исфанд мегуфтанд ва ин моҳ имрӯз низ дар тақвими баъзе халқҳои ориёӣ вуҷуд дошта, ба охири моҳи феврал ва аввали моҳи март мутобиқат дорад, ҷашн гирифта мешуд.
Агар ба таърихи тоҷикон назар афканем, ҳанӯз дар давраи Сомониён, аз замоне ки тоҷик ҳамчун халқ муттаҳид шуд ва соҳиби давлати миллӣ гардид, то ба имрӯз занони оқилаву фарзона дар раванди таърихи пурҷалоли миллиамон гаҳвораи миллатро соҳибӣ кардаанд. 
Таърих номи олиҳаи зебоӣ ва ҷасорат Гурдофариди сафшикан, номи занҳои муборизу ватанпарвар Томирис, Рухшона, Маликаи Бухорхудо ва даҳҳо модарону хаҳарони моро ёд дорад, ки барои истиқлолу озодии мардум ва сарзамини худ бо аҷнабиён мубориза бурдаанд.
Мегӯянд, ки агар аз сатҳи зиндагонии миллате воқиф шудан хоҳӣ, ба чеҳраи занону модарони он бингар. Аз ин бармеояд, ки зан – модар чеҳраи воқеии ин ё он миллат ва давлат аст.
Мо дар чеҳраи занону модарон тоҷик сифатҳои роҳбарию инсонӣ, дурандешию хирадмандӣ, фидокорӣ бар манфиати халқу Ватан, ғамхорию меҳрубонӣ ва хайрхоҳию накуномиро мебинем, ки  таҷассуми олии худро ёфтаанд.
Ду мавҷуди ҳастӣ гиромитар аст,
Яке меҳану дигаре модар аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар нақши модарону занонро дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳим арзёбӣ намуда, ба хотири ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқии онҳо беш аз 20 ҳуҷҷати муҳими давлатиро имзо намудаанд, ки ҳамаи ин санадҳо барои фаъолияти минбаъдаи занону бонувон заминаи боз ҳам мусоид фароҳам оварданд.
Ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа беш аз як миллион занону духтарон фаъолият менамоянд. Аз рӯи маълумотҳои оморӣ, занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Аз ин ҳисоб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи кормандони кишоварзиро занон ташкил медиҳанд.
Илова бар ин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгириву таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба занону ҷавондухтарон ёдовар шуда, зарур шумориданд, ки бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз боло бурдани маоши хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани музди кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд, «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия карда шавад.
Ин иқдомҳо ба баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеаи демократӣ, омода сохтани барномаҳои муштараки ҳифзи сиҳатии модару кӯдак, танзими оила, инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаи маориф ва сатҳу сифати саводнокӣ ва бартараф намудани бекорӣ дар байни занон мусоидат менамоянд. 
Мо, мардон, бузургдошти занону модаронро қарзи  инсонии худ мешуморем. Зеро зиндагии осоишта, пирӯзиву комёбиҳои мо аз дуои неки модарон, ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсӯзиву ғамхории онҳо сарчашма мегирад.

Суруш Шарифзода, 
донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии 
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш