Нашрияи Омӯзгор

Наврасон ҳуқуқҳои худро медонанд?

Сана: 2022-03-05        Дида шуд: 153        Шарҳ: 0

Ҳангоми таълими фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ омӯзгор метавонад бо истифода аз маводи таълимӣ хонандагонро огоҳ намояд, ки рафторҳои номатлуб оқибат ба ҷиноят мепайванданд.
Ҳангоми гузаштани мавзуи “Ҳуқуқ ва ахлоқ” дар синфи VIII ба хонандагон мефаҳмонем, ки ҳуқуқ бо ахлоқ зич алоқаманд аст. Барои ҳуқуқвайронкунӣ ҷазо пешбинӣ шудааст. Мутаассифона, ахлоқи бад оқибат ба ҳуқуқвайронкунӣ мерасонад. Яъне аз кирдори ношоям то ҷиноят як қадам роҳ аст.
Хонандагон бояд дуруст дарк намоянд, ки одобу ахлоқи нек, инсонпарварӣ, меҳнатдӯстӣ, хоксорӣ, эҳтиром ба Ватан аз хислатҳои беҳтарини инсонианд.
Чи тавре ки аз мушоҳидаҳо бармеояд, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар умум наврасону ҷавонон, ҳам дар саҳни таълимгоҳҳо ва ҳам дар кӯчаю бозорҳо ва умуман ҷойҳои ҷамъиятӣ, бо садои баланду дағал ва суханони қабеҳ хотири одамонро озурда мегардонанд.
Яке аз амалҳои номатлуби наврасону ҷавонон, даст задан ба дуздӣ мебошад. Дар байни хонандагони мо низ чунин ҳодисаҳо ба мушоҳида мерасад, ки асбобу анҷоми хониш ва либосу ҷузвдонҳои якдигарро медузданд.
Дар назари аввал амали дуздӣ барои кӯдакон мазмунан нофаҳмост. Онҳо намедонанд, ки дуздӣ амали хуб аст ё бад? Зеро дар натиҷаи дуздӣ соҳиби ашё мешаванд. Дар сурати аз тарафи волидон ё омӯзгорон барои ин амали худ сарзаниш шудан, кӯдак оқибати бад доштани амали дуздиро ба хубӣ дарк мекунад. Аз ин хотир мегӯянд, ки “Кӯдак имрӯз сӯзани ҳамсояро дуздида, аз тарафи волидону омӯзгорон ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда сарзаниш нашуда бошад, пагоҳ уштурро медуздад”.
Вақте ки омӯзгор ҳангоми гузаштани мавзуи “Баъзе намудҳои ҷиноятҳо ва ҷавобгарӣ барои инҳо”-ро дар синфи IX шогирдонро таъкид менамояд, ки мувофиқи моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳоии амволи ғайр (қисми якум) шахси гунаҳкор бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ҷазо дода мешавад.
Дӯст доштани Ватан, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва эҳтироми муқаддасоти он барои ҳар шаҳрванди кишвар зарур аст. Дарвоқеъ, нарасидан ба қадри муқаддасоти миллӣ, ношукрӣ аз ободию оромии он амали номатлуб аст.
Ҳангоми гузаштани мавзуи “Вазифаи ҳифзи Ватан ва манфиатҳои давлат” дар синфи X омӯзгор ба хонандагон мефаҳмонад, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, баъзе ҷавонон аз хизмат кардан ба Ватан саркашӣ мекунанд ва дар масъалаи ҳифзи манфиатҳои давлати худ беэътиноӣ зоҳир мекунанд.
Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ омадааст: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст”. Наврасону ҷавонон бояд огоҳ бошанд, ки саркашӣ аз даъвати сафарбарӣ ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, мувофиқи моддаи 344 ҷазо бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол пешбинӣ гардидааст.
Вақте ки омӯзгор мавзуи “Вазифаи ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ”-ро дар  синфи X аз фанни “Ҳуқуқи инсон” ба хонандагон нақл мекунад, шогирдон огаҳӣ пайдо мекунанд, ки ҳифзи табиат, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои он, беҳдошти муҳити зист қарзи ахлоқии ҳар як шаҳрванд аст.
Боиси нигаронист, ки дар байни наврасону ҷавонон онҳое вомехӯранд, ки обҳои тозаи нӯшиданиро ифлос мекунанд, қоидаҳои ҳифз ва истифодаи сарватҳои зеризаминиро вайрон карда, ба сайди ғайриқонунии моҳӣ даст мезананд.
Мутобиқи моддаҳои 226,229 ва 230-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазо бо ҷарима ба андозаи аз сесад то ҳафтсад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол пешбинӣ гардидааст.
Хушбахтона, дар нашри нави китоби дарсии “Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба мавзуи “Оила ва тарбияи фарзанд” соати алоҳида ҷудо гардидааст. Инчунин, Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар шакли пуррааш оварда шудааст.

Аъзам Бобоев,
омӯзгори таърих ва ҳуқуқи 
Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат 
дар ноҳияи Кӯшониёни
вилояти Хатлон

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш