Ҳангоми гузаштани муш-ғулиятҳои иловагӣ аз фанни забони русӣ дар синфҳои болоӣ ба эҷодиёти адибони рус, чун А.С.Пушкин, Н.В. Гогол, А. П. Чехов, Л. Н. Толстой, В. Куприн, М. Горкий, М. Шолохов, В. Маяковский, С. Есенин ва дигарон ба таври муфассал таваҷҷуҳ зоҳир кардан лозим аст. Дар дарсҳои иловагӣ тавъам бо асарҳои барҷастаи шоиру нависандагони рус, ҳамчунин ба осоре, ки ба хонандаи мактаби муосири тоҷик кам маълум аст, таҳлилу муҳокимарониҳоро ба роҳ монда, омӯзгор ғояи асосии навиштаҳои адибони номвари русро, ки аз ҳимояти манфиатҳои мардуми меҳнаткаш, тасвири зиндагии вазнини деҳқонону коргарон, беҳуқуқии онҳо ва зулми подшоҳони давру замон иборат аст, ба таври содаю фаҳмо бояд бозгӯйӣ намояд. Минҷумла, хонандагон осори машҳури Н. Гогол - «Тарас Булба», «Шинел», «Ҷонҳои мурда», «Муфаттиш»-ро хуб медонанд, вале шояд аз асарҳои «Вий», «Тимсол», «Бинӣ», «Миргород», «Қайдҳои ақлбохта» ва ғайра маълумоти пурра надошта бошад. Ё ин ки аз намунаҳои ҳикояҳои А. Чехов огаҳӣ дошта бошанд ҳам, ба таври дақиқ ҳикоятҳои «Ғижжаки Ротшилд», «Ҳаёти ман», «Ду олиҳа» ва монанди инро нахондаанд ё аз муҳтавои ин осор иттилои андаке доранд. Ҳамин гуна, романҳои оламшумули Л. Н. Толстой-«Анна Каренина», «Ҷанг ва сулҳ», «Эҳё»-ро медонанду аз нақли омӯзгор доир ба муҳтаво ва ғояи ин асарҳо маълумот пайдо кардаанд. Дар баробари ин, ба хонандагон хотиррасон кардан зарур аст, ки Л. Толстой ҳикоёту афсона ва қиссаҳои зиёди воқеие низ таълиф намудааст, ки бо фарогирии ҳаёти пурмашақкати мардуми одии рус, эҳтиёҷмандию бадбахтии онҳо дар рӯ ба рӯйи сарнавишти талхашон аҳамияти барҷастаи бадеиро касб кардаанд. Бахусус, ҳикояҳои «Марги се тан», «Алберт», «Ду пирамард», қиссаҳои «Поликушка», «Марги Иван Илич» ва «Саодати оилавӣ» аз ин қабил маҳсуб меёбанд. Аз байни ин таълифот, махсусан, қиссаҳои «Поликушка» ва «Марги Иван Илич» таъсирбахш ба шумор мераванд. Агар дар қиссаи «Поликушка» аз ҳаёти ғамангезу фоҷиаомези хидматгори зани сарватманде сухан равад, ки ба сабаби гум кардани маблағи ба ӯ супурдашуда, ки баъдтар онро меёбанд, аз тарсу ҳарос, чораи халосӣ наёфта, худро меовезаду зану кӯдаки хурдсолаш бесаробон мемонанд, пас дар повести «Марги Иван Илич» саргузашти амалдоре тасвир карда мешавад, ки зиндагии хушу хурсандонае дораду ногаҳон ба бемории илоҷнопазире гирифтор мешавад. Аз тарси марг ва хурӯҷи беморӣ Иван Иличро шабҳо хоб намебарад. Вай, ки зиндагияш шоҳона мегузашт, оқибат ба тақдир тан медиҳад ва маргро чун ҳақиқати воқеӣ истиқбол мекунад. Ин ду қисса аз ҷиҳати муҳтавою мундариҷа тазоди ҳамдигар буда, нависандаи нобиға раванди ба фоҷиа гирифтор шудани ду тан-яке марди одии деҳотии рус ва дигаре амалдори сарватмандро бо санъату маҳорати баланди нигорандагӣ бозгӯӣ менамояд. Бо ин сабку шева, омӯзгор метавонад дар хусуси романҳои «Кори Артамоновҳо» ва «Зиндагии Клим Сангин»-и М. Горкий ба хонандагон маълумоти муфассал пешниҳод намояд.
Ҳамчунин, ҳангоми омӯзон-дани ҳаёт ва эҷодиёти шоири лирик Сергей Есенин метавон аз ашъори ин шоири шаҳири рус, ки бо заҳмати шоирони маъруфи тоҷик, шодравон Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир тарҷума шудаву бо номи «Савтҳои форсӣ» ва баъдтар шакли мукаммали он –«Гулафшон» ба табъ расидааст, истифода кард. Ба хонандагон хотиррасон кардан аз аҳамият холӣ нест, ки С. Есенин аз адабиёти пурғановати классикии форсу тоҷик, хусусан, ғазалиёти дилангези Саъдии Шерозӣ омӯзиши амиқ дошта, дар пайравии ин ашъор силсилашеърҳои худро бо номи «Савтҳои форсӣ» эҷод кардааст.
Гулрӯ Хуррамшоева,
омӯзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр