Ванҷ: бунёди 105 иншоот дар назар аст
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад. Имрӯзҳо бо дастур ва ҳидоятҳои Сардори давлат дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла, ноҳияи Ванҷ корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ дар ҳамаи самтҳо идома дошта, дар арафаи таҷлили ин санаи тақдирсоз 15 иншооти хурду бузург мавриди истифодаи сокинон қарор хоҳанд гирифт.
Тавре раиси ноҳияи Ванҷ Давлатбӣ Раҷабова иброз намуд, маркази ноҳияи Ванҷ тайи 27 соли соҳибистиқлолӣ ба як гӯшаи зебо табдил ёфта, сол то сол бо қомат афрохтани иншооти мухталиф симои ин минтақаи дурдасти мамлакат комилан дигаргун мегардад.
Дар маркази ноҳия имрӯзҳо бунёду сохтмони биноҳои мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №4, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ, Қасри фарҳанг, шуъбаи КДАМ, навсозии роҳҳои марказӣ, майдонҳои Нишон, Парчами давлатӣ ва муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ бомаром идома дошта, сокинон, ҳамзамон, ба ободонии атроф ва кабудизоркунӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Сохтмони бинои нави мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №4 ба номи Юсуф Қудрат моҳи августи соли 2016 дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфтааст. Бино аз 3 ошёна иборат буда, барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.
Ба ин мақсад аз ҳисоби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 млн. 971 ҳазору 900 сомонӣ ҷудо гардидааст. Айни замон ба маблағи зиёда аз 11 млн. сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расиданд.
Таълимгоҳ дорои синфхонаҳои алоҳидаи фаннӣ, озмоишгоҳҳо, китобхонаҳои муосир, толорҳои маҷлисгӣ, варзишӣ ва ошхона мебошад. Дар шафати он мувофиқи лоиҳа майдончаҳои варзишӣ барои бозии футбол ва волейбол сохта шуда, атрофи иншооти мазкур ободу зебо ва кабудизор карда шудааст.
Корҳои ободониву созандагӣ дар ин минтақаи кӯҳистон идома дошта, мақомоти иҷроия бо ҷалби маблағҳои буҷетиву соҳибкорону саховатмандон дар шафати роҳи марказӣ майдонҳои Нишон бо баландии 12 метр, Парчами давлатӣ бо баландии 30 метр ва муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ бо баландии зиёда аз 10 метр бунёд мегардад. Ба иттилои масъулин, дар ояндаи наздик дар ин мавзеъҳо фаввораҳои гуногуну нишастгоҳҳои замонавӣ сохта шуда, тамоми ҳудуди майдон чароғон ва сабзу хуррам гардонида мешаванд.
Раиси ноҳия бунёди майдони Парчаму Нишон ва муҷассамаи И. Сомониро дар ноҳия нишонаи эҳтироми сокинони ноҳия ба муқаддассоти миллӣ арзёбӣ карда, таъкид кард, ки ҳар як сокини ноҳия бо ҳисси баланди ватандӯстӣ бояд барои ободии Ватан саҳмгузор бошад.
Ҳамзамон, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат баҳри ободонии маҳалли худ мақомоти иҷроия бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ амалҳои нек анҷом дода, бо иқдоми онҳо чандин майдончаи варзишӣ барои бозии кӯдакон бунёд ёфта истодааст.
Тавре Раиси ноҳияи Ванҷ Давлатбӣ Раҷабова изҳор намуд, дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ванҷ 246 иншоот бо маблағи 250 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки дар онҳо садҳо нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Ба маълумоти номбурда, танҳо дар рӯзҳои таҷлили 27 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия 15 иншоот ба истифода дода мешавад. Дар асоси нақшаи чорабинии мақомоти ноҳия ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 105 иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Рӯдакӣ: 25 иншоот бунёд мегардад
То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 25 иншоот, аз ҷумла, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, ҳаммомҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, растаҳои ҳунармандон, мавзеъҳои сайёҳӣ ва экологӣ, гулгаштҳо, шабакаҳои оби нӯшокӣ, таъмири роҳҳо, ҳавзҳои шиноварӣ, марказҳои дилхушкунии кӯдакону наврасон, мағозаю дӯконҳо, синфхонаҳо, майдончаҳои варзишӣ ва коргоҳҳои дӯзандагӣ, ки барои сохтмони онҳо Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли равон зимни мулоқот бо аҳли ҷамоатчигӣ дастур дода буданд, бунёд мегардад.
Дар ин бора раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ зимни нишасти хабарӣ ба намояндагони ВАО иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки дар раванди корҳои бунёдкориву созандагӣ давоми 6 моҳи аввали соли 2018 дар ҳудуди ноҳия ду бинои нави муассисаҳои таълимӣ ва дар ин радиф, бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланд дар назди муассисаҳои таълимии №36, 38, 49, 124, 128, 105, 77 ва 109-и ноҳия барои 676 ҷои нишаст дар як баст 28 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шуданд.
«Сохтмони 103 синфхонаи иловагӣ барои 2476 нафар ҷои нишаст дар як баст дар назди 31 муассисаи таълимии ноҳия идома дорад. Айни замон сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ дар шаҳраки Сомониён барои 140 нафар тарбиягиранда аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зафари Кабир ва дар шаҳраки М. Турсунзода барои 120 нафар тарбиягиранда аз ҷониби соҳибкор М. Юсуфова идома доранд»,-зикр кард ӯ.
Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи омӯзиши ҳолати бино ва мавҷудияти муассисаҳои таълимии ноҳия маълум гардид, ки 71 муассисаи таълимӣ ба таъмир ниёз ё дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Вобаста ба ин аз тарафи масъулини соҳа санади нуқсонии ҳар як бинову иншоот ва харҷномаи корҳои таъмирию барқарорсозӣ таҳия гардида, ба ҳолати имрӯза дар 56 муассисаи таълимӣ корҳои таъмиру барқарорсозӣ оғоз гардидааст.
Турсунзода: 40 иншоот сохта
мешавад
То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Турсунзода сохтмони 40 иншооти аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ дошта ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин 10 ададаш дар арафаи ҷашни 27 –солагии Истиқлолият мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода иброз намуд.
Таъкид гардид, ки дар нимсолаи якуми соли 2018 дар ҳудуди шаҳри Турсунзода ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 252 миллиону 234 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 1,2 миллион сомонӣ зиёд маҳсулот истеҳсол намудаанд.
Таҳияи Н.Охунзода,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр