Омӯзгорӣ аз пешаҳои ифтихорафзо, бошараф ва меҳварии ҷомеа буда, дар замони муосир мушкилу заҳматталаб низ маҳсуб меёбад. Устодоне, ки таҷрибаву собиқаи зиёди корӣ доранд, бо меҳнати сангин ва дар айни ҳол садоқатмандонаю ҳалол, баҳри тарбияву ба камол расондани насли ояндасози миллат, монои фидоӣ шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, ҷон коҳондаю мӯйи худро сафед карда, хидмати шоистаю мондагорро анҷом медиҳанд. Ингуна, эшон марҳалаҳои омӯзишу таҷрибабардорӣ ва азобҳои рӯҳию равониро ҷасоратмандонаю мардонавор паси сар карда, ба қуллаи бузургию наҷобат расидаанд, ки аҳсан ба онҳо. Аммо амиқтару саҳеҳтар ба ёд оварем, устодони кӯҳансолу азизи мо замоне фаъолияти худро аз сифр шуруъ кардаву бо андӯхтани донишу худомӯзӣ ва маслиҳату машварати омӯзгорони соҳибтаҷриба, ба тадриҷ азоб кашидаву банди шубҳаву дудилагӣ оқибат дар ин пеша комгор шудаву шаҳди он заҳматҳоро чашидаанд. Мазмун, онҳо омӯзгори ҷавон буданду дар дуроҳаи қисмат қарор доштанд, вале бо иродату саъйю талош ва шавқу меҳре, ки ба касби пешакардаашон доштанд, марзҳои ҳаросу шубҳаро убур карданд. Оре, сухан сари омӯзгорони ҷавон меравад, ки имрӯз низ дар муассисаҳои таълимӣ бо азму ҷаҳд ва умеду ихлос ба таълиму тарбия машғуланд. Аммо бояд иқрор шуд, ки дар қиёс бо замони Шӯравӣ тафовут дар масъалаи кору пайкори муаллимони ҷавон дар таълимгоҳҳо хеле зиёд аст. Шароиту вазъ, имконот ва нақши замон дар ин боб равшан ба назар мерасад, ки ҷойи баҳс надорад. Дар муассисаҳои таълимӣ, вобаста ба имконот ва маоше, ки муқаррар гардидааст, фаъолият намудани омӯзгорони ҷавон, аз як тараф, таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарони раёсату шуъбаҳои маорифро тақозо кунад, аз ҷониби дигар, муносибатҳо нисбат ба ҷавонон ҷавҳари пешрафту комёбиҳоро таъмин хоҳад кард. Ҳарчанд дар ин самт, нисбат ба 10-15 соли пешин дастовардҳо ба чашм расанд ҳам (сари вақт баъди хатми макотиби олӣ ба ҷойи кор ҳозир шудани мутахассисони ҷавон, дастгирию мадад ба омӯзгорон аз ҷониби иддае аз раҳбарони раёсату шуъбаҳои маориф ва сарварони мактабҳо ва то андозае ҳавасманд намудани ҷавонон), вале мушкилию норасоиҳо ҳанӯз садди роҳи такомулу таҳаввули маънавӣ ва ҳирфаи (ихтисосию касбӣ)-и омӯзгорони ҷавон мегардад. Чунонки маълум аст, низоми дохилимактабӣ маъмурияти муассисаҳои таълимиро водор мекунад, ки дар пешбурди кори мактаб диққати аввалиндараҷаро ба омӯзгорони ҷавон равона кунанд. Нахуст, зуд-зуд ба дарсҳои онҳо даромада ҳусну қубҳи корашонро бе рӯихотирбинӣ, ҷиддию ошкоро баён созанд. Ҳамзамон, омӯзгорони ҷавон ба собиқадорону таҷрибамандҳо вобаста гардида, дар машғулиятҳои онҳо иштирок кунанд. Собиқадорону кӯҳансолон ва соҳибмактабҳо ба ҷавонон маслиҳатҳо диҳанд, методикаю шеваҳои тадрисро ба онҳо омӯзонанд. Ҷалби омӯзгорони ҷавон ба иттиҳодияҳои методии фаннӣ низ аз омилҳои омӯзишиву таҷрибабардориҳо ба ҳисоб меравад. Иштирок дар семинарҳои минтақавии фаннӣ (дар шаҳру навоҳӣ ва ҷамоати шаҳраку деҳот) яке аз дигар паҳлӯҳои дар пешаи омӯзгорӣ муваффақ гардидани мутахассисони ҷавон ба шумор меравад. Мутаассифона, ҳамин сабку шеваи омӯзиш ва андӯхтани таҷрибаву бо рӯҳи барозандаву шавқи рӯзафзун фаъолият намудани омӯзгорони ҷавон имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ то дараҷае коста гардидаву камранг шудааст. Тавре аз суҳбату мушоҳидаҳо бармеояд, омӯзгорони ҷавон натанҳо ба таври комил дар меҳвари назари директорону ҷонишинони онҳо қарор намегиранд, балки ба амалҳои нозаруру дувумдараҷа ҷалб мешаванд. Ҳоло дар мавриди самти ҳуҷҷатдорӣ (дафтарҳои корӣ, дафтарҳои корҳои санҷишӣ, асноди роҳбарисинфӣ, сари вақт пур кардану баҳогузорӣ намудани журнали синфӣ ва ғайра) ба тафсил андеша наронда, (ин мавзуи суҳбати алоҳидаест) танҳо ҳаминро гуфтанием, ки дар аксар мактабҳо ҳуҷҷатҳои зикршударо омӯзгорони ҷавон ба таври огоҳмандона не, балки аз қавли маъруф, аз рӯи таъбири «хоҷа, боғ дорӣ?» омодаву таҳия мекунанд, ки ин бар зиёни кори минбаъдаашон мебошад. Роҳбарони мактабҳо ба сабабҳои серкорию банди ташвишҳои зиёд будан, ба дарсҳои омӯзгорони ҷавон ба таври бояду шояд ва талаботи нақшаи таълимӣ ворид шудаву машғулиятҳои таълимию тарбиявии баргузорнамудаи онҳоро таҳлилу натиҷагирӣ намекунанд. Фаъолияти омӯзгорони ҷавон дар пешбурди кори иттиҳодияҳои методии фаннӣ низ қонеъкунанда нест. Ҷалби онҳо ба иттиҳодияҳои методии фаннӣ, омӯзишу шиносоӣ бо муҳтаво ва ҳадафи кори иттиҳодияҳо, иштироки фаъолонаи омӯзгорони ҷавон дар пешбурди иттиҳодияҳои методӣ (навиштани маърузаю мақолаҳои методӣ, иштирок ба дарси ҳамдигарӣ, таҳлилу хулосабарориҳо…), ки ба баланд гардидани сатҳу сифати таълиму саводомӯзии хонандагон мусоидат мекунад, аз ҷониби сарварони муассисаҳои таълимӣ бояд пайваста зери назорати доимӣ қарор дошта бошад. Мушоҳидаҳо баёнгари онанд, ки дар бештари таълимгоҳҳо ба ин самти кор низ таваҷҷуҳ ба нудрат ба назар расида, ҳуҷҷатҳо ва маърӯзаю мақолаҳои иншошуда куҳнаю сохту мундариҷаи фаъолияти иттиҳодияҳои методӣ қолабию якранг аст, эҷодкорию навоварӣ кам ба назар мерасад. Бояд гуфт, ки як самти ҳирфаи мутахассисони ҷавонро худомӯзӣ ташкил медиҳад. Омӯзиши осори илмӣ – назариявӣ, методию дидактикӣ, педагогию психологӣ, бадеӣ ва амсоли инҳо, ба як сухан, такмилу сайқал бахшидани донишу фаҳмиш ва ҷаҳонбинии омӯзгорони ҷавон муҳим шуморида мешавад. Вақти он расидааст, ки ин масъала низ дар таълимгоҳҳо бознигарӣ ва тақвият дода шавад. Зеро омӯзгор он вақт хонанда (насли наврас)-ро дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ормонҳои миллӣ, ҳувиятхоҳию ватандӯстӣ ва дарку огаҳӣ аз раванду ҳаводиси хатарзои ҷаҳони муосир (чун экстремизму терроризм, ҳаросафканӣ, хурофоту ҷаҳолат ва таассуби мазҳабӣ) тарбия карда метавонад, ки худ пурхондаву соҳибтафаккур ва дорои ҷаҳонбинии фарох бошад, вазъи сиёсии оламро дурусту дақиқ таҳлил, баррасӣ ва натиҷагирӣ карда тавонад. Бисёр ҳангом аз он шикояту нигаронӣ мекунем, ки насли наврас ва ҷавонон (бо вуҷуди талошу иқдомҳои Ҳукумат ва давлат) кам меомӯзанду мутолиа мекунанд, аслан дилбастаю шайдои телефонҳои мобилӣ ва ҷустуҷӯҳои ҳангоматалабона дар сайтҳои интернетиянду вақти гаронмояро бо саргармиҳои норавою беҳуда ба боди фано медиҳанд. Ҳақиқати маълум, аммо ба худ суол намедиҳем, ки баҳри пур кардани ин халои маънавӣ дар мактабҳо чӣ чорабинию амалҳои судманду муассирро анҷом медиҳем? Аксар вақт шоҳиди суҳбати худи омӯзгорон ва масъулони раёсату шуъбаҳои маориф мегардем, ки маҳфилҳои фаннӣ, адабӣ, чорабиниҳои берун аз синфӣ гоҳ-гоҳ, ҳатто машғулиятҳои тарбиявӣ дар мактабҳо сатҳию рӯякӣ гузаронида мешавад. Албатта, манзури мо на ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мебошад, вале вақти он расидааст, ки мутахассисони ҷавон ба ташкил ва баргузор намудани маҳфилҳои гуногун (фаннӣ, адабӣ…), чорабиниҳои шавқовару пурмуҳтавои берун аз синфӣ, таҳия ва баровардани рӯзномаҳои деворӣ, викторинаю шабнишиниҳои фаннӣ, вохӯрию мулоқотҳо бо адибону олимон ва шахсони шинохтаву нуфузманди маҳалла, шаҳрак ё деҳа ва ғайра ҷиддан машғул шаванд, бо иқдому талошҳои пайгиронаи худ корҳои назаррасу судмандро анҷом диҳанд. Дар ин бобат истеъдоду заҳмат, тахайюли эҷодӣ, мустақилият ва бартар аз ҳама, дилсӯзию ғамхорӣ аз ҷониби омӯзгорони ҷавон зарур аст. Чизи дигаре, ки имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимӣ зиёд ба назар мерасад, нокифоя будани донишҳои педагогию психологии мутахассисони ҷавон ба ҳисоб меравад. Муносибату муоширати омӯзгорони ҷавон бо шогирдон бисёр вақт, ба ваҷҳи ноогоҳӣ аз донишҳои психологӣ, ба ғавғою пархош ва шиддат гирифтану бигӯ – магӯи байни омӯзгору хонанда анҷом мепазирад, ки ногувору нигаронкунанда мебошад. Аз ин рӯ, маъмурияти таълимгоҳҳо муваззафанд, ки ҷиҳати такомулу таҳаввули ҷанбаҳои психологии фаҳмиши омӯзгорони ҷавон ба онҳо кумак расонанд. Умуман, ин мушкил солҳост, ки мактабҳоро домангир шудааст. Дар ин маврид муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро низ зарур аст, ки ҷиҳати тайёру омода намудани мутахассисони ҷавони педагогӣ бахусус, ба таълим ва ҷанбаҳои психологию тарбиявӣ диққати ҷиддӣ диҳанд. Роҳи ҳалли дурандешонаю мусолиҳатомези масъалаи ахлоқи хонандагон, робита бо падару модарони онҳо мебошад. Омӯзгори ҷавон, ҳамзамон, раҳбари синф низ ба ҳисоб меравад ва ин вазифа бағоят масъулиятталаб буда, аз омӯзгор заҳмату кӯшиши бардавом, ҳавсалаю ғайрат ва азму иродаи қавиро тақозо мекунад. Яъне, ӯ танҳо бо ҳуҷҷатдорию қайди суҳбат бо хонандагону волидони онҳо маҳдуд нашудаву иктифо накарда, бояд вобаста ба талаби замону пешгирии кирдору рафторҳои номатлуби баъзе аз хонандагон, ба гунаи ҳатмӣ ба хонаи онҳо рафта, бо падару модарон гуфтугӯҳои ҷиддӣ ва таъсирбахшу ҳалкунанда анҷом диҳад. Баргузор намудани ҷаласаву ҷамъомадҳои синфӣ бо иштироки волидони хонандагон пайваста сурат гирифта, на танҳо адабу ахлоқ, балки сатҳи донишазхудкунию саводи шогирдон мавриди баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор дода шавад. Дар ҳама ҳолат, роҳбари синф (омӯзгори ҷавон) бояд фаъолу кӯшо, чорасозу ҳамнафаси хонандагон ва синфе, ки ӯ ба он роҳбарӣ мекунад, пешраву муваффақ бошад. Ҳароина, дар ин ҷода, тавре мегӯянд, «ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд» ва муаллимони ҷавон аз маслиҳату машварати омӯзгорони таҷрибаманду собиқадор ва директору мудири бахши тарбиявии таълимгоҳ бархӯрдор бошанд. Дар амалӣ гардидани ин ҳадафу нақшаҳо омӯзгорони ҷавон бояд дастгирӣ, ҳавасманд ва қадрдонӣ гарданд. Аммо ҷойи нигаронист, ки дар иддае аз муассисаҳои таълимӣ омӯзгорони ҷавон, ки тоза донишгоҳ ё донишкадаро хатм карда, ба кор шуруъ намудаанд, бе ҳеҷ омӯзишу таҷрибабардориҳо ба иҷрои амалҳои барояшон ғайримунтазираю ногаҳонӣ амр мешаванд. Таври мисол, ба онҳо аз ҷониби маъмурият супориш дода мешавад, ки дарси кушод гузаронанд, ё бо омадани санҷишгарон аз ниҳодҳои марбутаи соҳаи маориф, ба гунаи зуд иштирок ба дарси онҳо сурат мегирад. Ҳолатҳое ҳам мушоҳида мешавад, ки дафтарҳои корӣ, роҳбарисинфӣ ва вазъи журнали синфии мутахассиси ҷавон санҷида шуда, вай мавриди сарзанишу мазаммат қарор дода мешавад. Ҳол он ки вазифаи ҷонии раёсату шуъбаҳои маориф, алалхусус, кабинети методиву нозирони ин ниҳодҳо (ва дигар мақомот) пас аз санҷиш, машварат оростану изҳори маслиҳатҳои методӣ мебошад, на танқиду мазаммат кардани омӯзгорони ҷавон. Ин нуқта хеле муҳим аст, зеро омӯзгорони ҷавон дилмондаю рӯҳафтода шуда, билохира, тарки мактабу муаллимӣ мекунанд. Дар хусуси бо имтиёзоти муқарраргардида аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тайи солҳои охир таъмин нагардидани мутахассисони ҷавон зиёд гуфтаему навиштаем. Мутаассифона, ин мушкил ба сабаби муносибати фориғболонаи мақомоти маҳаллии ҳукумати шаҳру навоҳӣ ва ҷамоатҳои деҳоту шаҳракҳо ҳамчунон боқӣ монда, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар шумори ниҳоят ками омӯзгорони ҷавон аз имтиёзҳо бахӯрдоранд. Дар ин масъала мисолу далелҳои зиёде мавҷуданд, ки бархе аз онҳо дар саҳифаҳои нашрияи «Омӯзгор» ба табъ расидаанду аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ посухи мусбат дарёфт накардаем. Аҷобати кор дар он аст, ки ҳангоми суҳбат бо масъулону мутасаддиёни раёсату шуъбаҳои маориф ва мақомоти маҳаллӣ дар ин мавзуъ, онҳо зуд ба мо ҳисобот медиҳанд, ки ба ноҳия (ё шаҳр)-и онҳо фалон теъдод мутахассиси ҷавон ба кор ҳозир ва ба маошашон 10 фоиз илова шудааст. Охир, ин фармони Ҳукумат аст, на имтиёзҳое, ки шумо аз иҷрои бандҳои қарори маълум бо ҳар баҳона сарпечӣ мекунед. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21.12.2021) ба масъалаи тарбияву дастгирии омӯзгорони ҷавон таваҷҷуҳ зоҳир карда, аз ҷумла, қайд намуданд, ки: «…Роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ба хусус, омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй эътибори аввалиндараҷа диҳанд.» Пас, вақти он расидааст, ки тамоми шароитҳои мусоид барои омӯзгорон, хусусан, мутахассисони ҷавон фароҳам оварда шуда, заҳмати онҳо холисона қадрдонӣ гардад, зеро ин талаби айём аст. Шодӣ Раҷабзод, «Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр