28-уми феврали соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо намояндаи бахши муҳоҷират, ҳолатҳои фавқулодда ва маорифи ЮНЕСКО Хода Ҷаберли баргузор гардид, ки дар он масъалаи вусъат бахшидани ҳамкориҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Муовини якуми вазир Ҷ. Ҷӯразода бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгирии ҳамешагии ЮНЕСКО дар амалӣ намудани барнома ва лоиҳаҳои рушди маорифи кишвар сипосгузор буда, минбаъд низ ҷиҳати рушди ҳамкориҳо чораҳои дахлдорро роҳандозӣ менамояд. Яке аз масъалаҳое, ки дар қатори дигар масъалаҳои баррасишаванда мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор гирифт, ҷалби гурезагони афғон ба таҳсил мебошад. Таъкид гардид, ки бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои ба зиммадошта, ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани шаҳрвандони Афғонистон дар тамоми зинаҳои таҳсилот тадбирҳои судмандро андешида истодааст. Намояндаи бахши муҳоҷират, ҳолатҳои фавқулодда ва маорифи ЮНЕСКО Яҳёи Хода Ҷаберли низ аз корҳои анҷомдодаи Вазорати маориф ва илм дар самти фарогирии шаҳрвандони Афғонистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон, зикр кард, ки дар ҳолатҳои зарурӣ Дафтари ЮНЕСКО омода аст, кумаки техникии худро расонад.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр