Нашрияи Омӯзгор

Сарчашмаи рӯзгори босаодат

Сана: 2022-03-06        Дида шуд: 44        Шарҳ: 0

Табрикоти вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ба муносибати Рӯзи модар.

Модарону бонувони арҷманд, хоҳарон ва духтарони азиз!
Фарорасии Рӯзи модарро, ки ба оғози фасли баҳор рост меояд, ба ҳар кадоми шумо самимона муборакбод гуфта, бароятон, пеш аз ҳама, сиҳатмандӣ, сарбаландӣ, рӯзгори чун баҳор сабзу хуррам таманно мекунам. 
Бемуҳобо, ин ҳама зебоии айём, ҳарорати замин, дурахши Офтоб ва нишоти кӯдакон аз шарофати Рӯзи модар аст, зеро маҳз модаронанд, ки бо ҷамоли наку, муҳаббати беҳудуд, рӯшноии дил ва бахшояндагияшон ба мо зиндагиро меомӯзонанд ва умед мебахшанд.
Шумо бо масъулияти бузурги модариву хоҳарӣ дар соҳаҳои илму маориф дар қатори мардон фаъолият менамоед ва ҳама талошатонро баҳри пешбурди соҳа равона месозед. 
Модар-омӯзгор, нафарест, ки бо оғӯши бозаш садҳо тифли дигарро ба канор мегирад, ба ҳар кадом меҳр ато мекунад, ҳарфи аввалинро ба онҳо таълим медиҳад, ба ояндаи шогирдон бо ҳавасу умед менигарад. Зан -  омӯзгор ба мо рӯҳияи нав ато мекунад, баробари ба забон овардани номи ӯ мактабу китоб, қаламу дафтар ва  синфхона пеши рӯ меоянд. 
Тарбияи эҳсоси ватандорӣ, эҳтиром ба калонсолон, дӯст доштани ватану миллат, гиромидошти арзишҳои миллӣ, сулҳпарварӣ, инсондӯстӣ маҳз тавассути шумо, модарони азиз ва хоҳарони гиромӣ, ки бори вазнини тарбияи насли наврасро ба зимма доред, дар ниҳоди шогирдон ташаккул меёбад. Шумоед, ки шабу рӯз нагуфта, ба шогирдон сабақ меомӯзед, аз кучактарин дастовардашон меболед, аз ноомадияшон дард мекашед. Шумо, модарон – омӯзгорони азиз, ба саломатии шогирдон баробари саломатии фарзандонатон ғамхорӣ мекунед, то онҳо барои фардои дурахшони ватану миллат тавонанд бо заковату ҳунару дониши худ номбардори диёр гарданд. 
Комилан бовар дорам: барои шумо кофист, ки шогирдонатон дар ҳар соҳае кор кунанд, хизмате ба халқи худ расонда тавонанд. Муҳим хушахлоқу баномус, ватандӯсту меҳрпарвар бошанд. 
Ҳамин аст, ки шогирдон тамоми умр аз ҳар кадоми шумо бо некӣ ёд мекунанд, шуморо мисли модари хеш дӯст медоранд ва эҳтироматонро ба ҷо меоранд. Бовар дорам, асрори воқеии муҳаббати беандозаи шогирдон ба зан-омӯзгор аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. 
Бо назардошти ин бузургиву ин покизагӣ, шумо воқеан, сазовори ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва муҳаббат мебошед.
Боиси хушбахтӣ ва сарфарозист, ки бонувону занони Тоҷикистони азиз дар бунёду пешрафти Истиқлоли давлатӣ мавқеи хосаи худро гузошта тавонистанд. Аз ҳисоби бонувони фаъолу донишманди мо роҳбарони аввали ниҳодҳои давлатӣ ва вазоратҳо таъйин шуда, дар рушди кишвари азизамон  саҳм мегузоранд. Бахусус, дар соҳаи илму маориф беш аз 73 % кормандони соҳаи маориф ва 27 % кормандони илмро занону бонувон ташкил медиҳанд. 
Ба ҳамин хотир, фаъолияти Шумо, модарону хоҳарони гиромӣ, пайваста зери назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ҷумла, дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат дар бораи нақши зан дар ҷомеа ёдовар шуда, зикр карданд, ки “...ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад”.
Президенти кишвар барои илмомӯзии занону духтарон тамоми шароитро пешниҳод мекунанд, то занону бонувони кишвар, онҳое, ки дар афзоиши аҳолии кишвар саҳми бузург доранд, аз ҷумла, онҳое, ки бори вазнини таълиму тарбияро бар дӯш гирифтаанд, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди ҷомеа душворӣ накашанд. 
Мавриди зикр аст, ки меҳнати занону бонувони тоҷик ҳамеша бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ мегарданд. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ  занону бонувони тоҷик, ки дар соҳаи илму маориф  бо унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, бо медали “Хизмати шоиста”, бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”сарфароз гардонда шудаанд.  
Албатта, ин мукофотҳо дар қиёс бо заҳамоти занону модарон ва бонувон чандон зиёд нестанд, аммо бовар дорам, ки вазъи зиндагӣ, шароит ва фаъолияти шумо дар кишвар боз ҳам беҳтар мегардад. 
Шумо, модарон ва бонувони гиромӣ, метавонед ба ғайрати дучанд дар тарбияи насли наврас, ки ояндаи кишвар ба дасти онҳост, саҳми муносиб гузоред. Хушбахтона, дар иҷрои ин рисолати бузург ба шумо фарҳанги баланди хонаводагӣ, ки аз гузаштагон мерос гирифтаед, кумак мерасонад. Фаъолияти омӯзгории шумо дар омезиш бо ин фарҳанг мактаби бузурги тарбияро ташкил дода, ҳар яки моро водор месозад, ки барои рушди ин мактаби бузург саҳме гузорем. 
Мо хуб медонем, ки фаъолияти бонизом, дониши қавӣ, ахлоқи наку ва фаросати баланди шумо омили муҳиме дар роҳи ҷалби духтарон ба таҳсил ва илмомӯзӣ мегардад.
Вазорати маориф ва илм барои баланд бардоштани мақоми шумо тамоми тадбирҳоро ба кор мебарад. Дар роҳи расидан ба мақсад, иҷрои барномаҳои давлатӣ, пуштибонӣ аз сиёсати давлат ва мустаҳкам гардондани робитаи се ниҳоди асосӣ: мактаб-оила-ҷомеа нақши муҳим мебозанд.  
Мехоҳам дар анҷоми сухан бори дигар аз таъкидҳои Президенти кишвар ёдовар шавам, ки гуфтаанд: “Итминон дорам, ки занону бонувони соҳибмаърифат ва бонангу номуси тоҷик ба шукронаи озодиву соҳибихтиёрии давлатамон ва фазои орому осудаи кишварамон бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёкардаи Ҳукумати мамлакат барои пешрафти Ватани маҳбубамон содиқона ва боз ҳам бештар заҳмат мекашанд, ба хотири тарбияи наслҳои ояндасози миллат саъю талоши бештар мекунанд, дар чаҳорчӯбаи қонунҳои миллиамон - “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” амал карда, ҷиҳати беҳтар шудани некуаҳволӣ ва шароити зиндагии хонаводаҳои худ саҳми модаронаашонро мегузоранд”.
Модарону бонувони гиромӣ!
Дар оғози баҳори дилосо таманно мекунем, ки шумо бо неруи қавие, ки доред, пеши роҳи хушунатро гиред, мақоми худро ҳифз намоед ва ҳама якдилу яктан шуда, ба насли имрӯз тарбияи солим, дониши фарох ва илмҳои муосирро бо ҳамоҳангӣ ба арзишҳои фарҳангиву миллӣ биомӯзонед.
Бори дигар ҳамаи шумо, модарону бонувони гиромиқадр ва хоҳарону фарзандони азизро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи модар табрик мегӯям ва ба ҳар яки шумо саломатӣ, рӯзгори обод ва баракати айёмро орзу менамоям.
Ид муборак, модарони арҷманд, бонувони гиромӣ, хоҳарону фарзандони азиз!


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш