Дар доираи озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» аз ҷониби ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб2022»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 12 март ҷиҳати амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо ва татбиқи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва расонидани кумакҳо ҷиҳати мукаммалгардонии захираи китобхонаҳо бо китобҳои тозанашр, дар 15 шаҳру ноҳияи минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маъракаи тақдими китобҳо ҷараён мегирад. Имсол Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанг бо мақсади мукаммалгардонии захираи китобхонаҳо дар доираи маблағҳои ҷудошуда китобҳои тозанашр харидорӣ намуд. Сафари корвон аз ноҳияи Рӯдакӣ оғоз шуда, 545 нусха китоб ба маблағи 14337,52 сомонӣ ба китобхонаҳои ноҳия ройгон тақдим шуд. Тибқи нақша, сафари «Корвони китоб-2022» дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон доир шуда, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ идома меёбад.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр