4-уми марти соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Заки Карагёл баргузор гардид. Зимни суҳбат зикр гардид, ки Ҷумҳурии Туркия яке аз аввалин кишварҳое, мебошад, ки Истиқлоли Тоҷикистонро расман эътироф намуда, муносибатҳои дипломатии худро бо Тоҷикистон ба роҳ монд. Инчунин, мероси адабии шоири бузургвори форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки тамоми ҳаёти эҷодии худро дар Туркия паси cap намудааст, барои ҳарду миллат дастоварди бузурги илмию фарҳангӣ ба шумор меравад. Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия дар соҳаи маориф ва илм дар асоси «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф» аз 6 майи соли 1996 ба роҳ монда шудааст. Дар асоси Созишномаи мазкур Ҷумҳурии Туркия ҳамасола барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи барномаи «Turkish Schoalarship» теъдоди муайяни бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо менамояд. Ғайр аз ин, дар асоси Созишномаи мазкур байни Тоҷикистону Туркия Комиссияи дуҷониба оид ба маориф ва илм таъсис ёфтааст, ки ҳайати он дар ҳолатҳои зарурӣ метавонанд ҷаласаҳои худро ба таври маҷозӣ ё ҳузурӣ баргузор намоянд. Ҳамзамон, ҷониби Туркия ҳамасола дар доираи барномаи “Local INTERNATIONAL” курсҳои даҳрӯзаи омӯзишии истеъдоди идоракуниро барои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TIKA) фаъолият дорад, ки он бо як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар самтҳои расонидани кумакҳои техникӣ, ташкили лабораторияҳо, рушди кишоварзӣ ҳамкорӣ менамояд. Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои ҷойдошта изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон ҷиҳати рушду тавсеаи ҳамкориҳо таклифу пешниҳодҳои худро манзур намуданд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр