Ҳанӯз мардуми дилогоҳу худшинос он айёми сангин ва дар айни ҳол барои ҷумҳурӣ нангинро ба ёд меоранду сар ба ҷайби андеша бурда, шукрона дар лаб, ба чунин рӯзҳои неку фирӯз расиданашонро кӯшишу талошҳои фарзандони шарифу барӯманд ва бонаҷобати миллат медонанд.
Воқеан, баҳри ба ин рӯзгори саодатманд ва фараҳфизо расидан кишвари ҷангзадаи тоҷикон марҳалаҳои мушкилу мураккабро аз сар гузаронида, дар ҷодаи ноил гардидан ба сулҳи сартосарӣ, ваҳдату иттиҳоди табақаҳои гуногуни ҷомеа ҳамеша мардуми азияткашида даст ба дуо бардошта буданд. Ҳамагон нек медонем, ки бо таъсиси Ҳукумати конститутсионӣ ва ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардидани фарзанди фарзонаи миллат, фарди ҷасоратманду бонанг, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷангу даргириҳо ва муқовиматҳои низомии дастаҳои ҷангҷӯй, ки ба ҳеҷ ваҷҳ бо сарварону қумандонҳои гарданшаху якрави худ, ки дар раъси он Ҳизби наҳзати ислом ва пешвоёни он қарор доштанд ва онҳо дар ину он минтақа оташи ҷангро доман мезаданд, поён намеёфт. Ин неруҳои аҳриманӣ таҳти шиорҳои зоҳиран озодихоҳонаю ватанпарварона ва фармудаҳои дини ислом ба муроҷиати Сарвари давлат баҳри ба замин гузоштани силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва даст ба дасти ҳам додану ба ваҳдати дӯстӣ ва сулҳу созиш ноил гардидан розӣ нашуда, ба қатлу ғорат ва ҷиноятҳои мудҳиш машғул мешуданд, ки он ҳама чун доғ дар авроқи таърихи миллат боқӣ мондааст. Бо вуҷуди ин ҳама бедодгариҳои рӯзафзуни дастаҳои мусаллаҳ, ки ҳамвора вазъи ороми ҷумҳуриро бо ҳар роҳ халалдор мекарданду ину он идеологҳояшон иддаои бебақо будани ҳукумати навтаъсисро гӯшзад мекарданд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон авфу гузашт намуд, то неруҳои мухолифи ҳукумат аз аъмоли ноҷавонмардонаи худ, ки кишварро бо ҳар роҳу шева дафъатан ба гирдоби ҷангҳои хунин кашиданӣ мешуданд, даст бикашанд ва силоҳро супурда, ба меҳнати софдилона дар роҳи ободу зебо гардондани кишвар ва ба мамлакати рушду пешрафта табдил додани Тоҷикистони азиз талош варзанду саҳми худро гузоранд, Ҳосили ин талошу заҳматҳои бардавоми Ҳукумат ва Сарвари он, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ 27 июни соли 1997 ба шумор меравад. Марому мақсади Ҳукумати Тоҷикистон ва Сарвари он, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омаданашон таҳкими сулҳу субот ва рушд бахшидани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ маҳсуб меёфт. Ҳукумати ҷумҳурӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дарвоқеъ ба ҳадафҳои неки хеш мушарраф гардидаву мардуми тоҷик баҳри боз ҳам тараққӣ додани иқтисодиёт ва соҳиб гардидан ба дастоварҳои беназир дар саноату иқтисодиёт ва бахши кишоварзӣ меҳнати садоқатмандона анҷом медиҳанд. Обрӯю нуфузи Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибихтиёр, демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд дар сатҳи байналмилалӣ рӯз то рӯз баланд мегардад. Ташаббусу иқдомоти роҳбарияти кишвар дар масоили об аз падидаҳоест, ки онро кулли давлатҳои ҷаҳон пазируфтаву ҷонибдорӣ намудаанд. Вусъат ёфтани корҳои созандагӣ дар Неругоҳи обии барқи Роғун ва бо ба истифода додани он ва ба кишвари содиркунандаи барқ табдил ёфтани мамлакат аз омилҳои дигари пешрафти Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Вале душманону хиёнаткорони миллат, неруҳои дасисаҷӯю заҳҳоксиришт чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар алорағми пешрафту дастовардҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ муборизаю муқовимат ва амалҳои ғайрибашарии худро ошкору ниҳон ҳанӯз ҳам идома дода истодаанд. Ба анҷом расидани амалиётҳои террористӣ, аз қабили қатлу куштор ва эҷод кардани фазою муҳити тарсбарангезу ваҳмовар, латма ворид намудан ба сулҳу оромиши кишвар ва бад-ин васила, хоставу аҳдофи бадманишонаю ғаразноки худро амалӣ намудан аз талошҳои шабурӯзии сарварони қувваҳои тундраву экстремистӣ, ки душмани дилсиёҳи миллатанд, ба шумор меравад. Ҳодисаи фоҷиабори ҳафтае қабл содиршуда, ки ба марги сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби гурӯҳи ҷиноятпеша дар мавзеи Себистони Данғара ба вуқӯъ пайваст, идомаи амалҳои тахрибкоронаи террористие мебошад, ки моҳи сентябри соли 2015 бо сарварии собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ, генерали хиёнатпеша Ҳоҷӣ Ҳалим рух дода буд. Сияҳкорони бадгавҳар бо анҷом додани садамаи нақлиётӣ на танҳо чаҳор тан аз сайёҳонро барқасдона зер карданд, балки аз мошини тамғаи «Леганзе» фаромада, бо корд ба пайкари онҳо зарбаҳои марговар заданд. Ин гурӯҳ ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, зери роҳбарии Ҳусейн Абдусамадов ба куштори нангин даст зада, ҳамаи 9 нафар қотил ҳангоми боздошт муқобилияти шадид нишон додаанд. Чунонки раҳбарияти вазорати мазкур дар изҳороти хеш баён дошт, дар ҳоли ҳозир дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми «одамкушӣ» парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ва рафти тафтишот дигар фарзияҳои эҳтимолиро истисно намекунад. Тафтишоти парванда зери назари Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аъзои дастаи ҷиноии террористӣ ҳамагӣ ҷавон буда, тибқи нақшаи аз қабл тарҳрезишуда бо корду табар мусаллаҳ гардида, амалиёти хатарнокро, ки ба марги чаҳор нафар сайёҳ сабабгор шудааст, бо амру супоришҳои хоҷагони дар хориҷ панаҳ бурдаашон – сарварони ташкилоти террористӣ – экстремистии Ҳизби мамнӯи исломӣ, ки то ҳол аз иҷрои мақсадҳои нопоки худ даст накашидаанду дар пайи ноором сохтани вазъи сиёсии кишвари ободу пешрафта талошҳои бесамар анҷом медиҳанд, содир намудаанд. Ҳамакнун суоле дар мағзҳо ба зуҳур меояд, ки чӣ омил ин ҷавонони фирефтаю гумроҳшударо водор намудааст, ки ба ин амали террористӣ даст бизананд? Магар онҳо ва фармоишгарони ин ҷинояти мудҳиш, ки дар кишварҳои хориҷа панаҳ ҷустаанд, боре андеша нанамудаанд, ки Тоҷикистон дигар он кишвари бесуботу амн ва ноороми солҳои 90-92 намебошад? Оё ба худ суол надоданд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ҷумҳурӣ ба мамлакати қудратманду тавоно, ки сохторҳои низомии он аз ҳар ҷиҳат ташаккулёфтаю мустаҳкам мебошад ва ҳеҷ неруи берунию дохилӣ ба он зарбаю зиёне расонда наметавонад, табдил ёфтааст. Ваҳдату субот, якдилию дӯстӣ дар байни шаҳрвандони кишвар ончунон амиқ реша давондааст, ки сарвару хоҷагони хомхаёли дастаҳои ҷиноятпешаи террористӣ наметавонанд ин кохи бегазанду муҳташами иттиҳоди мардуми тоҷикро рахна ва вайрон созанд. Ҳароина, ҳадаф аз анҷом додани чунин амалҳои террористӣ коштани тухми нобоварию низоъ дар байни мардуми сарбаланду шарифи тоҷик ва коста гардондани эътимоду боварии одамон ба Ҳукумати кишвар мебошад. Аммо бояд сарварону омилони ин ҳодисаҳои фоҷиабор амиқу неку бидонанд ва дарк намоянд, ки дигар миллати тоҷик фирефтаи ҷиноятҳои онҳо ва идеологияи дурӯғинашон, ки бар пояи ҷаҳлу таассуб ва қатлу куштору ваҳшонияти гӯшношунид асос ёфтааст намешаванд. Ин миллат ҳукумати неруманд ва Пешво дорад, ки мардуми тоҷик дар атрофии онҳо муттаҳид гардида, ҳеҷ гоҳ ба тарғиботу дасисаи душманон эътимод намеварзанд. Имрӯз тамоми қишрҳои ҷомеа, аз аҳли зиё шурӯъ карда, то кишоварзи заҳматкаш ба меҳнати софдилона машғуланд. Устодону омӯзгорони таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ бошанд, дар тарбияи ҳаматарафаи ҷавонону наврасон саҳми муассиру боризи худро мегузоранд. Воқеан, воқеаҳои нангини рухдода моро беш аз пеш ба ҳушёрию зиракӣ, боз ҳам вусъату равнақ бахшидан ба корҳои тарбиявӣ ва баргузории чорабиниҳои пурмуҳтаво, ки дар меҳвари он таблиғи ватандӯстӣ ва дӯст доштани ҳар ваҷаб хоки кишвари азизамон қарор мегирад, даъват менамояд. Таҳлилу баррасии пероста бо арқому далели ҳодисаҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, гунаҳкорону саркардагони он, муборизаю муқовиматҳои хунин, қатлу куштор ва ғоратгариҳои дастаҳои мусаллаҳи мухолифини ҳукумат, идомаи амалҳои террористию ҷинояткорона, ки бо дасти сарварони ТТЭ-и Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ содир мегарданд ва ба халалдор гардидани вазъи сиёсии ҷумҳурӣ сабабгор мешаванд, аз вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷаи олимон, муаррихон, донишмандон, адибон ва устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимии кишвар ба шумор меравад. Дар ҳар сурат, душманони миллат аз воқеаҳои хунини ҷанги дохилӣ хулосаи даркорӣ набаровардаанд ва ҳар лаҳзаю ҳар соат чун каждуми зери бурё дар садади барангехтани низоъю ҳангомаҳои сиёсӣ қарор доранд. Вале онҳо ба ҳадафҳои муғризонаю нопоки худ ба ҳеҷ ваҷҳ ноил нахоҳанд гашт.
Аз қавли Саъдӣ:
Санги бадгавҳар агар косаи
заррин шиканад,
Қимати санг наяфзояду зар
кам нашавад.
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр