Нашрияи Омӯзгор

Омода намудани мутахассисон аз рӯйи равияҳои омӯзгорӣ дар мадди аввал

Сана: 2022-03-09        Дида шуд: 47        Шарҳ: 0

Зикр гардид, ки ҳадаф аз баргузории ҷаласаи мазкур иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо мутахассисони соҳибкасб мебошад. 
Вазири маориф ва илм Р. Саидзода зимни таҳлили вазъи омодасозии кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ қайд кард, ки айни ҳол, дар ҷумҳурӣ 18 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи омӯзгорӣ фаъолият менамоянд, ки мутахассисонро аз рӯйи 18 ихтисос омода менамоянд. Дар муассисаҳои мазкур 16511 нафар донишҷӯ таҳсил намуда, ба таълиму тарбияи онҳо 1282 нафар омӯзгор машғуланд, ки аз онҳо 3 нафар доктори илм ва 38 нафар номзади илм мебошанд.
Қабули донишҷӯён дар соли таҳсили 2021-2022 ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи омӯзгорӣ 5216 нафарро ташкил медиҳад, ки 57,8%-и нақшаи қабулро иҷро гардид. 
- Таъкид бояд намуд, ки дараҷаи азхудкунӣ ва сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии мазкур қонеъкунанда нест. Чунончӣ, аз рӯйи маълумотҳои пешниҳодшуда ва санҷишҳои масъулони вазорат маълум мешавад, сатҳи азхудкунӣ дар маҷмӯъ, 86,5% ва сатҳи сифати таҳсилот ба 35,0 % баробар мебошад, - зикр кард Р.Саидзода. – Як қатор муаммое мавҷуд аст, ки бояд дар самти бартараф намудани онҳо чораҳои дахлдор андешида шавад. Аз ҷумла, кӯҳнаю фарсуда будани заминаи моддию техникии аксари муассисаҳои таълимӣ, норасоии неруи кадрии муассисаҳо аз ҳисоби омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта ва дар ин зинаи таҳсилот пешбинӣ нагардидани додани дараҷаи унвони дотсент ва профессор, нарасидани китобҳои дарсии тахассусӣ, барномаҳо ва дастурҳои илмӣ-методӣ, дар сатҳи зарурӣ, нагузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯён, инчунин, дар сатҳи зарурӣ ҳамкорӣ надоштани муассисаҳои таълимӣ бо корфармоён ва корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ, ба ҷойи кор ҳозир нашудани мутахассисони ҷавон-хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ.
Дар идома, вазири маориф ва илм вобаста ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зикр кард, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ дар 16 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки самт ва равияи омӯзгорӣ доранд, мутахассисон омода карда мешаванд. Дар муассисаҳои мазкур 7423 нафар омӯзгор (2781 нафар 37,4% зан) фаъолият менамоянд, ки аз ин 2063 нафар 27,7% (691 нафар 33,5% зан)-ро омӯзгорони дорои дараҷаи илмидошта ташкил медиҳад.
Теъдоди донишҷӯён дар муассисаҳои мазкур аз рӯи самт ва равияи омӯзгорӣ 73252 нафар (аз ҷумла, 43347 нафар духтар)-ро ташкил медиҳад. Дар соли 2021 49 673 нафар (аз ҷумла, 19580 нафар духтар) хатм намудааст, ки аз ин 16474 нафар (аз ҷумла, 10725 нафар духтар) ва ё 33,1%-ро донишҷӯёни самт ва равияҳои омӯзгорӣ ташкил медиҳад.
Дар соли 2022 бошад, хатми чашмдошт дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 50897 нафар (аз ин 18123 нафар духтар) ба нақша гирифта шудааст, ки теъдоди донишҷӯёни самт ва равияҳои омӯзгорӣ 14005 нафар 27,5% (аз ин 8251 нафар духтар) мебошад.
- Бо вуҷуди ин, эҳтиёҷот бо кадрҳои омӯзгории баландихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ба назар мерасад, - зикр кард вазир. - Дар робита ба ин, роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки масъалаи ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкунандагонро дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо пайгирӣ намуда, аз натиҷаи корҳои анҷомдода ҳар се моҳ ба Вазорати маориф ва илм маълумот пешниҳод намоянд. Ҳамзамон, нисбат ба хатмкунандагоне, ки аз ҳисоби буҷаи давлат ва квотаҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил намудаанд ва то имрӯз бо сабабҳои гуногун ба ҷойи кор ҳозир нагардидаанд, тибқи талаботи амалкунанда чораҷӯӣ карда, аз натиҷаи он ба Вазорати маориф ва илм пайваста маълумот ирсол намоянд.
Дар идома вазири маориф ва илм Р.Саидзода таъкид кард, ки дар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо вуҷуди дастовардҳо дар самти тайёр намудани мутахассисони равияи омӯзгорӣ камбудию норасоиҳо вуҷуд доранд. Хусусан, камбудию норасоиҳо дар самти татбиқи низоми кредитии таҳсилот, пешбурди фаъолияти таълимӣ дар низоми таҳсилоти фосилавӣ, баргузории сессияҳои санҷишию имтиҳонӣ, аттестатсияи хатм, таҷҳизонидани озмоишгоҳҳо, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо технологияҳои муосир ва истифодаи самараноки онҳо аз ҷониби омӯзгорон дар раванди таълим, норасоии омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта, норасоии китобҳои дарсӣ, дастурҳои илмию методӣ ва ғайра. Масалан, теъдоди омӯзгорони дорои дараҷаи илмидошта дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айни 30,0%, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 17,7%, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 19,2%, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев 23,5%, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 43%, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт 5,8%, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент 10,8%-ро ташкил медиҳанд, ки ин ҳолат нигаронкунанда мебошад.
Дар баробари ин, наздики 30% -и омӯзгорони дараҷаи илмидошта дар синни нафақа мебошанд. Инчунин, дар муассисаҳои мазкур теъдоди омӯзгорони синни то 35-солаи дорои дараҷаи илмидошта аз 5 то 12%-ро ташкил медиҳад. Фаъолияти муассисаҳои мазкур дар ин самт ба талаботи стандартҳо ва меъёрҳои институтсионалии муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷавобгӯй нест ва мушкилоти мавҷуда ба омода намудани мутахассисони соҳибкасби соҳаи омӯзгорӣ таъсири худро мерасонад.
Бинобар ин, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати омода ва таъмини омӯзгорони дорои дараҷаи илмидошта аз ҳисоби омӯзгорони ҷавон ва ҷалби онҳо ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ чораҳои қатъӣ андешанд.
Масъалаи дигар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ин пешбурди фаъолияти таълимӣ дар низоми таҳсилоти фосилавӣ мебошад, ки такмили ҷиддиро талаб менамояд.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки вазъи қабули санҷишҳои фосилавӣ (марҳилавӣ) ва машғулиятҳои аудитории ҳузурӣ дар низоми таҳсилоти фосилавӣ нигаронкунанда буда, беҳбудиро талаб менамояд.
Тибқи талабот ҳадди ақали ҳаҷми машғулиятҳои аудитории ҳузурӣ дар низоми таҳсилоти фосилавӣ барои як соли таҳсил на камтар аз 6 кредит муқаррар карда шудааст ва донишҷӯён бояд зимни баргузории сессияҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ на камтар аз чор ҳафта ба машғулиятҳои дарсӣ ҷалб карда шаванд.
Талаботи банди мазкур дар аксарияти муассисаҳои таълимӣ, хусусан, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии самт ва равияҳои омӯзгорӣ ба таври зарурӣ иҷро намегардад. 
Бинобар ин, роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои нақша ва барномаҳои таълимӣ дар низоми таҳсилоти фосилавӣ чораҳои қатъӣ андешида, иштироки донишҷӯёнро дар раванди таълими низоми таҳсилоти фосилавӣ таъмин намоянд.
- Бо назардошти вазъи мавҷуда, зарур мешуморем, ки дар низоми таҳсилоти фосилавӣ бо мақсади иҷрои нақшаи таълимӣ ва омода кардани мутахассисони касбӣ дар соҳаи омӯзгорӣ донишҷӯёне, ки рейтинги 1-2-ро аз худ накардаанд, ҷиҳати ташкили дарсҳои ҳузурии иловагӣ барои пурра аз худ намудани нақша ва барномаҳои таълимӣ чораҷӯӣ карда шавад, -зикр кард вазир.
Дар охир, Л.Абдулхолиқзода-муовини вазири маориф ва илм, С.Давлатзода-ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав, А.Мирализода-ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ, Т.Хоҷазода-ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия, Н.Шоҳиён-ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, М.Низомӣ-ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Н.Зокирзода-ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, М.Холиқзода-директори Филиали Донишгоҳи технологӣ дар ш. Исфара, З.Зокирова-директори Коллеҷи сайёҳӣ ва хизмат дар шаҳри Ваҳдат ба музокира баромада, андешаҳои худро доир ба масъалаи баррасишаванда иброз намуданд. 
 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш