Нашрияи Омӯзгор

Вохӯрии вазир бо Ирина Лазаренко

Сана: 2022-03-09        Дида шуд: 58        Шарҳ: 0

2-юми марти соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтай Ирина Лазаренко ва ҳамроҳонаш баргузор гардид, ки дар он фаъолияти минбаъдаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии аз ҷониби Федератсияи Россия сохташаванда мавриди баррасӣ қарор гирифт.
И. Лазаренко зимни суҳбат зикр кард, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтай омода аст, ки дар самти интихоби ҳайати кадрӣ ва қабули хонандагон ба муассисаҳо, таҳияи нақшаи корию барномаҳои таълимӣ, муайян намудани мақоми муассисаҳо, таҳия ва омода намудани китобҳои дарсӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои мазкур ҳамкориро бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад. 
- Мо омодаем, ки аз ҳисоби омӯзгорони ба ин муассисаҳо ба кор ҷалбшаванда 10 нафар омӯзгори технологияи иттилоотиро ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтай барои такмили ихтисосу бозомӯзӣ сафарбар намуда, дар баробари ин, бо таҷрибаи чанде аз муассисаҳои таълимии кишвар шинос намоем,-зикр кард И.Лазаренко.
Р. Саидзода-вазири маориф ва илм таъкид кард, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати то соли нави таҳсил омода шудани муассисаҳои таълимии мазкур тамоми чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намуда, ҳамзамон, вобаста ба иҷрои пешниҳодҳои манзуршуда омодаи ҳамкорӣ аст.
-Дар баробари ин, бояд як нуктаро таъкид кард, ки барномаҳои таълимии муассисаҳои мазкур бо назардошти компонентҳои миллӣ таҳия шуда, омӯзиши ҳатмии фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, таърих, ҳуқуқ ва географияи Тоҷикистон роҳандозӣ гардад,-зикр кард Р.Саидзода.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар идома дорад.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш