Нашрияи Омӯзгор

Умр агар хуш гузарад...

Сана: 2022-03-14        Дида шуд: 83        Шарҳ: 0

Жан де Лабрюйер гуфтааст: “Касе, ки вақти худро боманфиат истифода бурда наметавонад, маҳз ӯ аз норасоии вақт шикоят мекунад. Вай рӯзҳоро дар хӯрдану пӯшидан, хоб, беҳудагӯиву беҳудагардӣ ва ё умуман, бекорхӯҷагӣ сарф карда, вақти хешро мекушад”. 
Қиматтарин неъмате, ки ба инсон дода шудааст, бе ҳеҷ шакку шубҳа, вақт мебошад. Вақт чун оби дарё ҳаракат мекунад, асло ба ақибаш нигоҳ накарда, якзайл ба пеш равон асту равон. Мутаассифона, на ҳар кас қиммати вақтро медонаду аз он самаранок истифода бурда метавонад. Як бор худатон қазоват намоед: дар давоми як шабонарӯз мо ҳамагӣ 24 соат вақт дар ихтиёр дорем, оё шахсан худи мо аз он самаранок истифода бурда метавонем? Ҳар як дақиқае, ки беҳуда сарф менамоем, ба худамон ва ба ҷомеа зарар расонидан аст. 
Аз вақт самаранок истифода бурдан – маънои онро дорад, ки инсон тавонистааст, дар иҷрои корҳои ба нақша гирифтааш муваффақ гардад. Аҷаб зебову гуворо мешавад, агар мо вақти хешро бо як низом ва бо як тартиб истифода барем. Барои аз вақт мақсаднок истифода бурдан як роҳи хубе мавҷуд аст, ки он ҳам тартиб додани реҷаи рӯз мебошад. Аммо аҷаб одатҳои номақбуле дорем, мо, инсонҳо, ки кори ҳозир мешудагиро ба фардо мегузорем. Оҳ, агар ин хислатамон намешуд...
Агар ба қадри вақт нарасем, умрро зоеъ хоҳем кард. Аксарияти мо «пагоҳ»- ро интизор мешавем, то кореро ба анҷом расонем, масалан, барои халос шудан аз ягон рафтори бадамон як андеша дорем: “Пагоҳ ин одатро тарк хоҳам кард.” Аммо пагоҳ, боз пагоҳи дигарро интизор мешавем. Коре, ки ба худ ва дигарон фоидаовар набошаду он барои вақтгузаронӣ бошад, аз пайи он кор нашудан салоҳи кор хоҳад буд. Одамон “ягон корро иҷро намудан лозим” мегӯянд, вале онро ба таъхир мегузоранд. Мутаассифона, вақте ки замони ваъдагӣ меояд, он кор фаромӯш шудаву чархи гардун кори дигареро ба сарашон аллакай бор кардааст. Масалан, замоне устод ба хонанда вазифае медиҳад, хонанда онро бо мақсади он ки фардо иҷро хоҳад кард, ба таъхир мегузорад, магар вай намедонад, ки фардо боз вазифаи наве ба дӯшаш бор хоҳад шуд? Ҳамин тавр, аввал худ зарар мебинаду дар ҳоли мунтазам бесавод мондан ба ҷомеа низ зарари худро мерасонад. Ин мисли он аст, ки агар устои хонасоз ҳангоми хиштчинӣ баъзе ҷойҳои хиштҳоро ночида гузашта равад, оқибат мушкилиҳои зиёде ба бор хоҳад овард.
Ҳар гоҳ ки вақти холӣ пайдо шавад, ба китобхонӣ машғул шудан салоҳи кор аст. Аз ин лиҳоз, ҷавононро мебояд вақти қимати худро набояд сарфи корҳое, ки на ба худ ва на ба ҷомеа манфиате меоранд, Саргардонӣ дар имову вотсапу фейсбуку инстаграму тиктоку ҳазору як балову офати дигар, ки ҳисобашон гум, намедонем, мутассифона, аксар вақти мо бо ана ҳамин саргармиҳои беҳуда мегузарад.
Инсон як маротиба ба дунё меояду як маротиба аз дунё меравад. Моро мебояд умри хешро ба корҳои муфид истифода намуда, барои такомули илму дониши худ ва манфиати ватану ҷомеа корҳое ба сомон расонем, ки самарааш ҷуз хушҳоливу сурхрӯӣ чизи дигаре намебошад. Ба қавли шоир:
Умр агар хуш гузарад, зиндагии Хизр кам аст
В-ар ба нохуш гузарад, ними нафас бисёр аст.

Абдураҳмон Қосимов,
омӯзгори математика,
шаҳри Турсунзода
 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш