Нашрияи Омӯзгор

Ҷаҳонбинӣ ва андешаи худшиносӣ

Сана: 2022-03-14        Дида шуд: 101        Шарҳ: 0

 Инсон аз дигар махлуқоти олам бо андешаву гуфтор, амалу кирдор, одобу ахлоқаш  фарқ дошта, камолёбии шахс бо ин махсусиятҳои азалӣ ташаккул ва сайқал ёфта, дар ҷомеа ба тартибу низом дароварда мешаванд. Ин тартибу низомро инсон бо таъсиси ниҳодҳо  (асосан, оила ва мактабу маориф чун пояҳои аслии пайдоиши ҷомеа), ки ба онҳо ниёз дорад, барояш эҷод намудааст.

Бо ҷаҳони ҳастӣ ва низоми иҷтимоӣ инсон муносибатҳои хешро ба шаклҳои гуногун барқарор намуда, шинохти онҳоро ба таври ногузир бо шинохти хеш аз сар мегирад. Ин шинохт бо қабули воқеият аз тариқи узвҳои ҳис сар шуда, бо «чашми хирад» таҳлил ва амалӣ мешавад. Ҳосили шинохти олами атроф боиси пайдоиши андеша, донишу илм, мушоҳидаву таҷрибаандӯзӣ ва иҷрои амалҳои гуногун мегардад. Тавре Одамушшуаро Абуабдуллоҳи  Рӯдакӣ  нигоштааст:


Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накукорӣ
Киштие соз, то бад-он гузарӣ. 


Донишу илм гирифтан, амал кардану таҷриба андӯхтан, ҷаҳонбинии шахсро васеъ мегардонад ва ӯро ба фикру андеша намудан ҷалб карда, бештар ба самти фаҳмидану донистан раҳнамун месозад. 
Худшиносӣ - таърихан ифодаи ҳаракати иҷтимоии фард, шахс, шахсият ва наслҳо буда, дар ҳар давру замон аз ҳисоби рисолату масъулияти ҳаётиашон, мазмунан  пурраву мукаммал  мегардад.  
Ноогоҳӣ аз худ ва аз олами пурасрор хоси инсон  набояд бошад.. Инсон дар мадди аввал оид ба масъалаи офариниш ва Офаридгор, пайдоиш ва мазмуни ҳастии хеш ҷавоб меҷӯяд. Ва вақте шахс  Худоро чун Офаридгори хеш  шинохт, дар замираш умеди мадад хостан ва наздикӣ ҷустан бо Худо барои ҳамеша пайдо шуд. Ин ишорае ба огаҳ шудан аз ҳастии Худо ва  эътиқоду эътимод пайдо намудани инсон ба Ӯ мегардад. 
Дар баробари ин, шахс ба таври фардӣ, бо шомилшавӣ ба гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва дар муносибат бо дигар одамон, аз омӯзиши зиндагӣ гузашта, аз таҷрибаи рӯзгор баҳра бардошта, беихтиёр ҷаҳонбиниаш васеъ ва  мукаммал мегардад. Одатан, шахси дорои ҷаҳонбинии васеъ роҳи дурусти ҳаёт, рафтори дуруст ва амали дурандешонаро интихоб карда тавониста, аз ҳама гуна мушкилоти рӯзгор ба осонӣ баромада метавонад: 


Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.


Шахс ҳодисоту воқеоти табиӣ ва ҷамъиятиро вобаста ба сатҳи ҷаҳонбиниаш,  дар доираи  амалу рафтори хеш ва қиёс бо дигар одамон таҳлилу хулоса ва баҳогузорӣ намуда, мавқеяшро муайян мекунад. Аз дараҷаи ҷаҳонбинии шахс сатҳи худшиносиаш маълум мегардад. Тавассути худшиносӣ муносибати инсон бо олами ҳастӣ, бо аъзои ҷамъият ва рӯйдодҳои он, мавриди  мушоҳида, дарккунӣ, омӯзишу таҳлил ва амал қарор мегирад. Инсон ба василаи  сифатҳои хос, ахлоқу маърифати хеш  арзишманд гардида, ба сатҳи шахсият мерасад, вагарна, ба қавли Саъдии ширинсухан: 


Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,
На ҳамин либоси зебост нишони одамият.
Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ,
Чӣ  миёни нақши девору миёни одамият. 


Ташаккули ҷаҳонбинӣ бо талошу заҳмати мунтазами шахс иртибот дошта, дар ҷомеа барои ба талабот ҷавобгӯ намудани сатҳи он, шароиту имконотро ба вуҷуд овардан лозим аст. Тавре ишора намудем, ташкили муҳити созгор ва шароиту имконот бояд, пеш аз ҳама, дар оила, баҳри таълиму тарбия, дастгирии аъзои дигари ниёзманди он фароҳам оварда шавад. Дар баробари ин, дигар низомҳои масъули ҷомеа бояд вазифаи ташаккули шахсро ҳадафмандона ба иҷро расонанд. 
Ба василаи худшиносӣ на танҳо олами ҳастӣ, балки ҷамъият мавриди дарки инсон қарор мегирад. Худшиносӣ арзиши муайянкунандаи моҳияти шахс буда, ин арзиш ҳосили ранҷу заҳматҳои ҳар як фард баҳри камолёбиаш, то “инсон шуданаш”, дар алоқамандӣ ва дастгирӣ бо дигар аъзои ҷомеа мебошад. Вобаста ба ин, шахс, ки унсури ҷудонопазири ҷомеа аст ва хешро агар хештаншинос ва огоҳ аз мушкилоти ҷомеа шуморад, аз он ҷудо буда наметавонад. Аз қавли Мавлавӣ:


Ҳар ки ӯ бедортар,пурдардтар,
 Ҳар ки ӯ огоҳтар,рухзардтар.


Худшиносу худогоҳ шудан, бе омӯзиш ва мукаммал намудани ҷаҳонбинии кофӣ номумкин аст. Шахс, агар аз таърихи қавму миллаташ огаҳӣ ёбад, ба аҷдоди номдораш, ба ватанаш, ба забон, дину мазҳаб, фарҳанг, расму оин ва дигар арзишҳои бебаҳояш  эҳтиром гузораду аз онҳо ифтихор дошта бошад, худшинос ҳисоб мешавад.
Зиндагиномаи Қаҳрамони миллат - Шириншо Шотемур мисоли мувофиқ ба ин андеша аст. Худшиносии Шириншо аз эътирофу омӯзиши мероси пурифтихори ниёгон, эҳтирому муҳаббатварзӣ ба зодгоҳ, таъриху забон, дину оин, аз пос доштани хотираи волидайн ва орзуву ормонҳояш ибтидо гирифтааст. Вай давоми умри хеле кӯтоҳаш тавонист мактаби худшиносии хеш, мактаби орзуву ҳавас, нангу номус, ҷасорату фидокорӣ, ростиву адолатҷӯӣ, ватанпарастӣ, созандагӣ ва ифтихорварзӣ аз қавму миллатро бунёд намояд ва моро лозим аст, ки дар ин рӯҳияи ҳақиқати таърихӣ, насли муосирро таълиму тарбия намоем.
Дар ин робита, бояд бидонем, ки ҳеҷ як қавму миллат наметавонад таъриху фарҳанг ва мавҷудияти хешро бе муттаҳидӣ, бе ваҳдати воқеӣ, бе  сулҳу оромӣ ва бе умедворӣ аз оянда нигоҳ дорад. 
Ваҳдату ягонагӣ, агар самимӣ ва фазои озод дошта бошад, дар одамон эҳсоси ҳаловат бардоштану худризоӣ пайдо шуда, дар ин замина талошу амалҳои нек баҳри расидан ба ҳамагуна ҳадафҳо иҷро мешаванд. Баръакс, шахс табиатан ва рӯҳан аз тариқи фишору зӯроварӣ ба муҳити ваҳдату ягонагӣ ворид шуда наметавонад. Ҳолати рӯҳӣ - равонии одамон аз иттиҳоди самимӣ, якдиливу якзабонӣ қувват гирифта, он гоҳ ҳалли ҳамагуна мушкилот имконпазир мегардад. 
Ифтихорварзӣ ва арҷгузории аҷдодонамон аз қавму миллати хеш ва дӯстдорӣ аз макони зисташон буд, ки таърих ва ҳастиашонро то ба имрӯз нигоҳ дошта тавонистанд. Пас, мо аз дараҷаи ҷаҳонбинӣ ва худшиносии гузаштагонамон ифтихор намуда, нисбати боло бурдани ин ду сифати волои инсонӣ, ҳифз, эҳё ва рушд додани дигар арзишҳои  қавмӣ-миллиамон хастанопазир кор пеш барем.
Омӯзгорон бо таълиму тарбия дар ташаккули ҳаматарафаи наврасону ҷавонон, бахусус, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва худогоҳиашон замина мениҳанд. Истифодаи таҷҳизоти муосир - интернету телефони мобилӣ, компютеру тахтаи электронӣ, видеопроектору планшет, фиттаҳо (дискҳо)-и таълимӣ, дарсҳои видеоӣ ва дигар маводу таҷҳизоти техникӣ, на танҳо шароиту  имкони нав дар инкишофи шахс мебошад, балки аз ин манбаъҳо “сели ахбор” паҳн мегардад, ки дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва худогоҳии шахс, бахусус, насли муосир таъсири калон  дорад. Дар фазои технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва дигар таҳаввулоти ҷомеа, диққати хонанда, ё худ шунавандаро ба раванди таълиму омӯзишҳо ҷалб намудан мушкилтар  шудааст.
Имрӯз таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ бо ҷиҳози техникӣ ва ба ин роҳ таъмин намудани раванди гузариш ба низоми рақамикунонии соҳаи маориф, идомаи ислоҳоти давомноки ин соҳа буда, Стратегияи миллии рушди маориф барои солҳои 2021-2030 равнақи бештари онро талаб мекунад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «...бе дастрасӣ ба илму инноватсияи муосир, техникаву технологияҳои пешрафта ва ташаккули ҷаҳонбинии илмиву техникӣ, таъмин кардани пешрафти кишвар умуман, имкон надорад”.
Рушди технология ва рақамикунонии соҳаи маориф ба  сифати таълиму тарбия  ва омӯзишҳои минбаъдаи шахс тағйироти азим ворид месозад. Бахусус, ташкили ин раванди кор дар камолёбии наврасону ҷавонон, рушди касбӣ, ба ҳадафҳои ҳаётӣ расидан, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва шахсияти онҳо таъсири арзишманд мегузорад. Вале, ногуфта намонад, ки аз ин таъсирот “гурехтан” имконнопазир аст ва баръакс, ин раванд бояд назорату доварӣ шавад, он гоҳ манфиаташ аз зарараш бештар хоҳад буд.

Ғарибшо ҒАРИБШОЕВ,                              
директори филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар ВМКБ,
номзади илмҳои фалсафа


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш