Терроризм воситаи амалӣ гардонидании нақшаҳои доимамалкунандаи гурӯҳҳои ифротгаро буда, бо роҳи тарсонидан, сохтани муҳити тарс, ваҳм дар байни мардум ҳаёти одамонро зери хатар гузошта, мақсади ғаразноки худро амалӣ месозад. Маънои террор тарс ва ваҳм аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Амалҳои террористӣ бо роҳи бевосита содир намудани ҷинояти дорои хислати террористидошта дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифода ё таҳдиди истифодаи воситаҳои ядроӣ, моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ, биологӣ, илова бар ин, нобуд сохтан, зарар расонидан ё забткунии воситаҳои нақлиёт ва дигар объектҳо, сӯиқасд ба ҳаёти ходимони давлатӣ ё ҷамъиятӣ, намояндаи миллӣ, этникӣ, динӣ ё дигар гурӯҳҳои аҳолӣ, содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон аст, равона карда шудаанд. Дини мубини ислом ҳама гуна зуҳуроти экстремизм, терроризм, душманӣ, адоват, ҷанг ё задухӯрдҳоеро, ки неруҳои экстремистӣ ва террористӣ ба он даъват мекунанд, қатъиян маҳкум менамояд. Наметавон ба ин андеша розӣ шуд, ки ислом дини зӯроварӣ ва бадбиниву адоват аст, зеро дар он намунаҳои зиёди инсондӯстию таҳаммулгароиро ҳам дар сатҳи назариявӣ ва ҳам дар сатҳи амалӣ пайдо кардан душвор нест. Чунон ки Президенти кишвар дар яке аз суханронии худ таъкид намуда буданд: «террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст”. Бисёрии мутахассисон бар ин андешаанд, ки ҳамаи он воқеаҳои имрӯз дар ҷомеаҳои мусулмонӣ арзи вуҷудкарда, фақат натиҷаи сиёсатҳои истеъморӣ ва забткориҳои кишварҳои Ғарб тайи асрҳои охир аст ва мусулмонон ба ҷуз муқобилият аз ин тариқи зӯриву хушунат роҳи дигар надоранд. Вале бо вуҷуди ин, бояд эътироф намуд, ки мушкилоти ҷиддие, ки дар диндории имрӯзаи исломӣ ва ҷомеаҳои мусулмонӣ вуҷуд дорад, намегузорад, ки ин тамаддун, ҷузъи солим ва ҳамқадами ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ бошад. Яке аз роҳҳои пешгирии паҳншавии ғояҳои ифротӣ ва созмонҳои террористиву экстремистӣ баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад. Маҳз маънавиёти баланд ва ҳисси ватандӯстӣ, тафаккури ободкорӣ шахсро аз гаравидан ба ҳизбу созмонҳо эмин нигоҳ медорад. Дар ин иртибот Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на як бору ду бор, балки зиёд дар баромадҳои худ таъкид намудаанд, ки бо тафаккури ваҳшатзои асримиёнагӣ дар асри бисту як зиндагӣ кардан хатарнок аст. Чунонки дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар дар ин иртибот зикр намуданд: «Барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад. Зеро бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад. Такроран хотирнишон месозам, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад. Бинобар ин, падару модарон бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон, чи духтару чи писар бояд хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд». Имрӯз ҳар як фарди ҷумҳурӣ бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудани зуҳури амалҳои номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин, вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди баномуси миллат мебошад. Ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар зарур аст, ки ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеч гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад. Шуҳрат САИДЗОДА, мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ, номзади илми сиёсатшиносӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр