Мусоҳиба бо декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илми филология, дотсент Бахтиёр Қутбиддинов
– Устоди муҳтарам, соли равон ба таъсиси матбуоти тоҷик 110 сол пур мешавад ва дар ин миён матбуоти кишвар роҳҳои пуршебу фарозеро тай намудааст. Мехостем назари шуморо оид ба давраҳои рушди матбуоти тоҷик бифаҳмем. Нақши Истиқлоли давлатиро дар рушди матбуоти тоҷик чӣ гуна арзёбӣ мекунед? – Бешубҳа, 110 сол, фикр мекунам, ки барои ташаккули як матбуот кифоят мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки матбуоти мо дар чандин давраву марҳилаҳои таърихӣ мавҷудияти худро нигоҳ доштааст. Ба таври мисол дар се давраи ниҳоят мушкил – миллатгароиҳои солҳои бистуму сиюм, ҶБВ ва солҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум матбуоти тоҷик рисолати бузурги худро анҷом додааст. Ин матбуот дар як давра ҳастии миллати тоҷикро собит карда буд, дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ умеду боварӣ ба оянда бахшид ва дар замони ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум барои ваҳдату сулҳу муттаҳидӣ мусоидат кард. Дар масъалаи даврабандиву марҳилаҳои рушди матбуоти тоҷик назарҳои зиёде вуҷуд доранд. Аммо аз мавқеи фардӣ се давраи бузурги рушди матбуоти тоҷик – замони қабл аз инқилоб ва баъди он то солҳои сиюм, замони Ҳокимияти Шӯравӣ ва даврони Истиқлолро номбар кардан мумкин аст. Албатта, ин давраҳо аз марҳилаҳои зиёде иборат мебошанд, ки ҳар кадом дар ташаккули матбуоти мо нақши амиқ доранд. Дар замони Истиқлол ба маънии томаш матбуоти миллли мо рушд кард, ки то он замон ба истиснои нашрияи “Бухорои шариф” дар масири таърих нашрияи дигаре надоштем. Ҳеҷ вақт матбуоти замони Шӯравиро инкор карда наметавонем, ки дар он касбияту маҳорати рӯзноманигорони мо такомулу таҳаввул ёфтааст. Танҳо бо иллати идеологияи ҳизбии аз Маскав идорашаванда дар ботини онҳо андешаи комили миллӣ вуҷуд надошт. Истиқлол ба матбуоти мо нафаси тоза бахшид, номгӯи васоити ахбори умумро ба маротиб зиёд кард ва мо тавонистем, ки бо тамоми маънӣ аз ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар матбуоти замони Истиқлол садо баланд намоем. Типҳои гуногуни матбуот танҳо дар ин даврон бо уфуқҳои васеъ ба майдон омадаанд. – ВАО-и ҷумҳурӣ тайи солҳои охир дар инъикоси ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, дастоварду муваффақиятҳо дар соҳаҳои гуногун то чӣ андоза комёб гардидааст? Ба андешаи шумо, фаъолияти ВАО дар ин самт оё қонеъкунанда аст? – Фикр мекунам, ки васоити ахбори ватанӣ дар ин самт ҳеҷ гоҳ бетафовут набуд ва нест. Ҳар як расона то қадри имкон дар ин роҳ талош дорад. Тоҷикистон аз як монеа ва буҳрони ниҳоят сахт (ҷанги шаҳрвандӣ) раҳо ёфтааст, ки аз ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ ҳеҷ кадом дар қадамҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ин душворӣ мувоҷеҳ нагардидааст. Манзур он аст, ки дар солҳои мураккаби буҳрони иқтисодиву сиёсӣ, ВАО-и кишвар низ бо мушкилиҳо фаъолияти худро пеш бурдааст. Масалан, даҳ соли аввали истиқлолияти мо заминаҳои таҳкими сулҳ ва ваҳдат иборат буд. Шукр, ки ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумати кишвар муваффақона амалӣ мегарданд ва суботи сиёсиву иқтисодӣ таъмин гардида истодааст. Фаъолияти самараноки ҳар як воситаи ахбор ва ҳатто журналист, пеш аз ҳама, ба масъалаҳои молиявию иқтисодӣ марбут мебошад. Масалан, шароити кору фаъолияти рӯзноманигори имрӯза аз рӯзноманигори оғози солҳои навадум ба куллӣ фарқ дорад. Дар инъикоси набзи ҳаёт то кадом андоза муваффақ гардидани рӯзноманигори имрӯза ба дараҷаи садоқату муҳаббати ӯ ба халқу ватан иртибот дорад. Танҳо як чизро қатъи назар набояд кард, ки аудиторияи имрӯзаи мо дар ихтиёри худ даҳҳову садҳо воситаи хабарӣ дорад. Яъне интихоб васеъ мебошад ва иҷборан наметавон касеро ба мутоливу дидану шунидани чизе водор намуд. Дар ин ҷода дарёфти дараҷаи табъу завқи аудитория муҳим мебошад, ки он ба сатҳи маҳорату таҷрибаи журналист вобаста аст. – Аз нигоҳи шумо, кадом мавзую масъалаҳои ҳаёти ҷомеа аз назари васоити ахбори омма то ҷое дур мондааст? – Омма ҳамеша ба он чизе таваҷҷуҳ мекунад, ки агар манфиати иҷтимоиву ҳаётӣ дар он бештар бошад. Марҳилаи кунунии инкишофу таҳаввулоти ҳаёти мо татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар мебошад. Фикр мекунам, ки инъикоси ин мавзуъ бояд домандор бошад. Дар баробари ин, дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаҳои худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ муқаддам аст, ки таркиби ин масъалаҳо садҳо самти мавзуиро дарбар мегирад. Паёми ҳамасолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳатман ин самтҳоро фаро мегиранд, ки албатта, ҷавҳари онро ҳамон ваҳдату субот ташкил медиҳад. Ҳар як расона вазифадор мебошад, ки дар ин ҷода нақши устувори худро гузорад. – Дар ин замина, нақши рӯзноманигорони ҳирфаӣ ва мутахассисонеро, ки факултетҳо ва шуъбаҳои журналистикаи мактабҳои олӣ омода мекунанд, чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Фаъолияти факултет ва шуъбаҳои мактабҳои олӣ дар тайёр намудани рӯзноманигорони ҷавон то кадом андоза посухгӯи рӯз аст? – Омода намудани рӯзноманигорон, ки идеологияи давлативу миллиро амалӣ мегардонанд, ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дорад. Омода кардани як рӯзноманигори касбӣ солҳои тулониро талаб менамояд. Дар факултетҳову шуъбаҳои журналистӣ қаламкаши ҷавон аввалин донишҳои назариявиро дар бораи касби худ ҳосил менамояд. Мутолиаву ҷустуҷӯҳо то ба фаъолият шуруъ кардани ӯ аввалин фаҳмишҳои то андозае маҳдуду кӯчаки ӯ мебошанд. Манзур он аст, ки дар роҳи омода кардани як журналист майдони амалия низ нақш мебозад. Ҳеҷ гоҳ як журналисти ҷавон баробари як журналисту қаламкаши собиқадор сухан гуфта наметавонад. Дар солҳои аввали фаъолият дар даргоҳи матбуоту телевизион журналисти ҷавон худро дар дунёи дигар мебинад, мутобиқ мешавад ва мувофиқ ба нишондоди муассиса фаъолияти худро ба роҳ мемонад. Пурра қанеъкунанда набошад ҳам, вале имрӯз дар омода кардани журналистон устодони ботаҷрибаву унвондор саҳм мегузоранд ва кӯшиш менамоянд, ки ҷавононро аз унсурҳо ва паҳлуҳои ҳассоси раванди ҷаҳонишавӣ огоҳ намоянд. – Барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯ ба замони муосир омода намудани кадрҳои воситаҳои ахбори омма дар макотиби олӣ чӣ амалҳоро метавон анҷом дод? – Чандин ҷузъиёте барои беҳбудии ин масъала вуҷуд доранд, ки барои он имкону вақт лозим аст. Якум, бисёр мехостем ба факултетҳои журналистӣ он ҷавононе пазируфта шаванд, ки меҳру муҳаббати зиёд ба касби худ дошта бошанд. Дуюм, бояд дар вақти қабул то ҳадди имкон дараҷаи истеъдоду малакаи онҳо ба инобат гирифта шавад. Сеюм, устодони журналистон онҳое бояд бошанд, ки худ ҳирфаӣ ва дорои малакаи комили журналистӣ бошанд. Чорум, дар ихтиёри факултетҳои шуъбаҳои журналистӣ қарор доштани студияҳои таълимӣ ва рӯзномаҳои донишҷӯӣ ниҳоят муҳим мебошанд. – Имрӯз сару садоҳо перомуни мавзуи озодии матбуот зиёд гардидааст. Оё муҳиту фазои журналистикаи тоҷик дар замони муосир ба пешрафту такомули ҳаёти ҷомеа мусоидат мекунад? (Мехостем ин масъаларо муфассалтар шарҳу тавзеҳ бидиҳед). – Қонунҳои мавҷуда дар кишварамон озодии баёнро кафолат додаанд ва танҳо дар сурати мавҷудияти сензураи мушаххас метавон хилофи набудани озодии баён ҳарф зад. Танқиди созандаву беғаразро касеву чизе манъ накардааст. Масъалаи мусоидати журналистикаи тоҷик нисбат ба пешрафту такомули ҳаёти ҷомеа ҳеҷ гоҳ инкор намешавад. Журналистика дар ҳама давраҳо созандаву сӯзанда мебошад. Хеле хуб аст, ки журналистикаи мо бо рисолати созандагии худ дар муттаҳидиву ягонагии миллат нақши устувор гузоштааст. Ин журналистика буд, ки халқи тоҷик қадри сулҳу ваҳдатро донист ва маҳз журналистика буд, ки халқи тоҷик дӯсту душманро шинохта гирифт. – Журналистика, пешрафти илму технология ва ҷанбаи инноватсионӣ дар замони муосир. Имрӯз ВАО-и кишвар то кадом андоза ба ин стереотипҳо мусаллаҳ мебошад? - Албатта, ба таври қатъӣ наметавон гуфт, ки журналистикаи мо ҳамқадами журналистикаи кишварҳои абарқудрат мебошад. Аммо дар бахшу самтҳои алоҳида дастовардҳо кам нестанд. Барои ин кор низ фосилаи муайяни вақт лозим мебошад. То андозаи имкон дар муборизаҳои иттилоотӣ устувор будани ВАО-и ватанӣ инкор намегардад. Махсусан, журналистону қаламкашони зиёди мо нисбат ба тамоюли мухталиф бетафовут намебошанд. – Ҳангоми иштирок дар нишастҳои матбуотӣ мо шоҳиди он мегардем, ки баъзе аз рӯзноманигорон дар вақти савол додан аз ҷузъиёту нозукиҳои манзури мо ин аст, ки дар умум, аз донишҳои замонавӣ ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ иттилои амиқ надоранд. Оё ин масъала боиси нигаронӣ буда наметавонад? Саҳву иштибоҳоти ҷузъӣ гумон мекунам, ки бахшиданист. Аммо дар ҳар сурат омодагии журналист дар рафти чунин нишастҳо муҳим мебошад. Мавзуъро надониставу наомӯхта, муроҷиат кардану сару кор доштан ба он, албатта, хиҷолатомез мебошад. Дар сурате, ки дар чунин ҷамъомадҳо дигар журналистон ҳамчун мутахассис ҳакам мебошанд. – Таманнои шумо ба аҳли қалами кишвар дар Рӯзи матбуоти тоҷик. Рӯзи матбуот иди кормандони тамоми намудҳои васоити ахбор ба шумор меравад. Зеро матбуот ҳамчун шакли классикии васоити ахбор ҳеҷ гоҳ мавқеи худро аз даст намедиҳад ва журналисте, ки дар матбуот кор карда метавонад, ин ҳунари кордонияш дар дигар шаклҳои васоити ахбор ба кор меравад. Аз ин ҷиҳат, ба кулли ҳамкасбону алоқамандон Рӯзи матбуотро табрику таҳният мегӯем.
Мусоҳиб Насриддин Охунзода, «Омӯзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр