Нашрияи Омӯзгор

«Омӯзгор» ҳамдаму ҳамнафаси мост

Сана: 2022-03-14        Дида шуд: 98        Шарҳ: 0

Дар арафаи таҷлили Рӯзи матбуот бо чанде аз устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимии кишвар телефонӣ суҳбат анҷом дода, фикру пешниҳодҳои онҳоро дар хусуси муҳтавои навиштаҳое, ки марбут ба соҳаи маориф ва раванди таълиму тарбия мебошанд, рӯйи сафҳа овардем.
Фахриддин Назиров – омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики гимназияи Балъамии шаҳри Ваҳдат:
- Ҳар як шумораи нашрияи «Омӯзгор»-ро бо шавқ мутолиа мекунам. Боиси зикр аст, ки дар саҳифаҳои ҳафтанома мақолаю маводи пурмуҳтавои методию таълимӣ фаровон ба нашр мерасанд, ки ҷиҳати омӯзишу истифодаи ин сабку шеваҳо ба омӯзгорон ҳангоми баргузории машғулиятҳо кумак мерасонад. Тайи чанд соли охир аз ҷониби кормандони нашрия таълифи матолиби таҳлилию тадқиқӣ дар хусуси паҳлӯҳои гуногуни масоили таълиму тарбия зиёд гардидааст, ки ба беҳтар шудани сатҳу сифати дониш ва дарсазхудкунии хонандагон мусоидат мекунад. Пешниҳод доштам, ки дар бораи шоирону мутафаккирони гузаштаи форсу тоҷик мақолаҳои илмӣ – оммавӣ бештар чоп карда шавад. (Аз ҷумла, дар бораи Носири Хисрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Фаридаддини Аттор, Ҳаким Саноӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Бедил ва ғайра)
Муҳиддин Ятимов, омӯзгор аз ноҳияи Файзобод:
- Ба ман, ки ба ҷуз пешаи омӯзгорӣ ба шеъргӯйӣ низ шавқи зиёд дорам, саҳифаи адабии нашрия писанд мебошад. Дар баробари ин, мехостам, матолиби ҷолиб атрофи эҷодиёти шоирону нависандагон, ҳусну қубҳи китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ, таҷрибаи пешқадами омӯзгорон, фаъолияти ибратбахши таълимгоҳҳои алоҳида, кори намунавии иттиҳодияҳои фаннии методӣ, шӯрои омӯзгорон, кабинетҳои методии раёсату шуъбаҳои маориф ва ғайра дар нашрия чоп гардад.
Абдуҷаббор Абдураҳимов, мактабшинос, шаҳри Бохтар:
- Омӯзгорӣ пешаи пуршарафу заҳматталаб мебошад ва омӯзиши пайвастаро тақозо мекунад. Дар ин ҷода қобилияти фитрӣ, омӯзишу эҷодкорӣ ва ҷаҳонбинии фарохи омӯзгор нақши калон мебозад. Муаллим ҳангоми натиҷагирии сатҳи донишу саводи шогирдон набояд ба ифрот роҳ дода, баҳоро аз меъёр баланд гузорад. Маҳз ба назар нагирифтани дониши воқеии хонандагон ба он оварда мерасонад, ки ҳангоми санҷишҳо ба омори сатҳӣ, аз қабили зиёд нишон додани фоизи донишазхудкунии хонандагон ва сифати таҳсилот аз ҷониби гурӯҳи назорати сифати таълим дар таълимгоҳҳо дучор мегардем. Мехостем дар саҳифаҳои ҳафтанома дар хусуси масъалаи мазкур мавод чоп карда шавад, зеро аксар раёсату шуъбаҳои маориф ба худфиребӣ роҳ дода, факти воқеиро таҳриф мекунанд.
Муллоҷон Аҳмадов – собиқадори маориф, ноҳияи Рашт:
- Ман боре бо шумо пешниҳод карда будам, ки агар дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ вохӯрии кормандони нашрия бо омӯзгорону устодон баргузор гардад, нуран ало нур мешавад. Зеро масоилу мушкилоти таълиму тарбия, усулу шеваҳои нави тадрисӣ (аз ҷумла, муносибати босалоҳият ба таълим) ва таҷрибаи омӯзандаи омӯзгорони ҷумҳурӣ бояд ба таври фарогир таҳлилу баррасӣ ва тарғиб шавад. Дар бораи фаъолияти литсейю коллеҷ, мактаб – интернатҳо ва муассисаҳои томактабӣ бештар мавод бояд таълиф кард.
Сайфиддин Камолзода, корманди АТТ;
- Мақолаву маводи кормандони нашрия ва рӯзноманигорон дар мавзуъҳои гуногуни соҳаи маориф бо таҳлилу андешаронӣ ва пешниҳодоти ҷолиб шоистаи таҳсин аст. Сифати мақолаҳо ва ороиши нашрия хеле беҳтар гардидааст. Муаллифони матолиби методӣ, ки аксаран омӯзгорону устодон ба шумор мераванд, сабку усулҳои нави таълимиро пешниҳод мекунанд. Хуб мешуд, дар нашрия масъалаҳои назариявию илмӣ, мисли пажӯҳишҳои олимону педагогҳо доир ба равандҳои судманду муассири таълим низ ба табъ мерасид. Ҳамчунин, оростани мусоҳибаҳои ихтисосӣ бо муҳаққиқон,  мактабшиносон ва донишмандон ба суди кор хоҳад буд.
Шариф Арабзода, омӯзгори МТМУ №21-и ноҳияи Варзоб:
- Пештар  нашрия мизҳои мудаввар баргузор мекард, ки ибратбахшу омӯзанда буд. Ин корро идома додан лозим. 
Аз таҷрибаи омӯзгорон, хусусан, муаллимони фанҳои риёзӣ, физика, химия, биология зиёдтар мавод ба табъ расондан айни муддаост. Саҳифаи адабии ҳафтанома аҷибу шавқовар ва хонданист. (Агар ду саҳифаро ба адабиёт мебахшидед, боз беҳтар мешуд).
Махфират Солиева, корманди ДҶТИБКСМ: 
- Баланд бардоштани сатҳи дониш ва такмили ихтисоси омӯзгорон аз масоили мубрами соҳаи маориф ҳисоб меёбад. Дар бораи дастоварду комёбиҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, филиалҳои он дар вилоятҳо ва проблемаҳои ҷойдошта (аз ҷумла, пардохт нагардидани роҳкирои омӯзгорони ба курсҳо фиристодашуда…) навиштан лозим.
Исматулло Абдуллоев – директори МТМУ №25-и шаҳри Исфара:
- «Омӯзгор» нашрияи дӯстдоштатарини банда ба шумор меравад. Ҳар маводу мақолае, ки ба ҳафтанома ирсол менамоям, ба нашр мерасанд. Хурсандибахш аст, ки дар озмуни «Ҳомии Ватан будан шараф аст», ки дар нашрия ба роҳ монда шуд, дар қатори ғолибон будам. Баргузории озмунҳои мухталиф дар ҳафтанома ҳаводорону хонандагони онро афзун менамояд. Аҳли эҷод ва кормандони нашрияро ба Рӯзи матбуот самимона табрик мегӯям ва ба онҳо дар амалӣ гаштани мақсадҳояшон барору комёбиҳо хоҳонам.

Шодӣ Раҷабзод, 
«Омӯзгор»
 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш