Нашрияи Омӯзгор

Оинаи рӯз

Сана: 2022-03-14        Дида шуд: 110        Шарҳ: 0

Нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеа беандоза бузург аст. Мо ба воситаи матбуоти даврӣ бояд фарҳанг ва тамаддунсоз будани миллати худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Вазифаи асосии ВАО сипари боэътимоди ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, муаррифгари дастовардҳои истиқлолияти давлатии халқи тоҷик будан аст. 
Аввалин нашрияи тоҷикӣ дар шаҳрчаи Когони Бухоро бо ташаббуси ҷавонбухориён Мирзомуҳиддин Мансуров, Мирзо Сироҷи Ҳаким ва дастгирии консулгарии Россия дар Бухоро чоп гардид. Шуруъ аз 11-уми марти соли 1912 рӯзномаи “Бухорои шариф” аввал ҳафтае 5 шумора, баъдтар ҳафтае 2-3 шумора то ибтидои соли 1913 чоп шудааст. Пас аз он дар шаҳри Самарқанд Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ маҷаллаи “Оина” ва рӯзномаи “Самарқанд”-ро таъсис дод, ки ҳарду бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ нашр мешуд. Яке аз таъсисдиҳандагон журналистони асосии ин нашрияҳо Саидризо Ализода ба шумор мерафт.
Дар таърих таъсисёбии аввалин газета ба қарни 11 то мелод рост меояд. Аввалин рӯзномаҳо дар Рими қадим ба табъ расидаанд, ки рисолаташон паҳн намудани иттилоот (хабар) буд. Ин қабил нашрияҳо дар ибтидо хусусияти ғайрирасмӣ доштанд, баъдтар бо амри ҳокими давр Юлий Сезар воқеа ва навигариҳои сатҳи давлатӣ, аз ҷумла, маърӯзаҳои расмӣ, ҳисоботи давлатдорон низ дар онҳо ҷой дода мешуданд. Аввалин рӯзнома (ба маънии ҳақиқии имрӯза) бо номи “Навиди пойтахт” 1200 сол қабл дар Чин пайдо шудааст. Хабарҳои онро дар тахта бо иероглифҳо менигоштанд. Ҳоло машҳуртарин рӯзномаи ҷаҳон “Guardian»-и Британия аст, ки 200 сол боз нашр мешавад.
Вожаи “газета” аз номи тангаи итолиёвӣ “госети” пайдо шуда, маҳз дар Венетсия нахустин марказҳо оид ба ҷамъоварии ахбор, агентиҳои иттилоотӣ ва пешаи журналистӣ – рӯзноманигорӣ пайдо шудааст. 
Пас аз ихтирои дастгоҳи чопӣ, дар таърихи матбуот инқилобе ба амал омад, ки маводи табъу нашр бартарият пайдо кунаду теъдоди газетаҳо зиёд гарданд. Дар Россия аввалин рӯзномаҳои дастӣ бо номи “Варақаҳои иттилоотӣ” ба табъ мерасиданд. Нахустин рӯзнома дар давраи Пётри 1 соли 1702 чоп шуд ва он “Ведомости” унвон дошт. Матбуоти тоҷик, баъди ишғоли Осиёи Миёна аз ҷониби Россия пайдо шуд. Дар зумраи аввалин нашрияҳо “Туркестанские ведомости”, “Русский Туркестан”, “Самарқанд” (аввалин мақолаҳои Маев, Бартолд, Андреев) ҳам буданд. Дар паҳлуи матбуоти русӣ дар ин қаламрав матбуоти миллӣ низ ба миён омад, ки вай бо забонҳои тоҷикӣ, тоторӣ, туркманӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ ва қазоқӣ чоп мешуд. 
Матбуоти тоҷик дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ ҳаматарафа инкишоф ёфт. Соли 1925 рӯзномаи ”Иди тоҷик” (ҳоло “Ҷумҳурият”) нашр шуд ва баъдтар дигар рӯзномаю маҷаллаҳо таъсис ёфт. Нависандаи маъруфи тоҷик С.Айнӣ рӯзномаи “Ҷумҳурият”-ро “Модари матбуоти тоҷик” номидааст. 

Сафар ЭРКАЕВ, 
дотсенти кафедраи таърихи 
Ватан ва археологияи ДДХ 
ба номи академик Б.Ғафуров
 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш