Нашрияи Омӯзгор

Эмомалӣ Раҳмон– «Доктори фахрӣ»-и Донишгоҳи Қоҳира

Сана: 2022-03-17        Дида шуд: 27        Шарҳ: 0

10 марти соли равон Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар доираи сафари расмї ба Љумњурии Арабии Миср ба Донишгоњи Ќоњира ташриф оварда, дар назди устодону донишљўён суханронї намуданд.

Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмонро ректори донишгоњ доктор Муњаммад Усмон ал-Хошт ва дигар омўзгорону кормандони донишгоњ самимона истиќбол гирифтанд.

Дар толори донишгоњ нахуст бо суханронии муќаддимавї вазири маълумоти олї ва тадќиќотњои илмии Љумњурии Арабии Миср Холид Абдуѓаффор ва ректори донишгоњ Муњаммад Усмон Хушт баромад карданд.

Бо ќарори Шўрои илмиву таълимии Донишоњи Ќоњира барои сањми арзанда дар тањкими муносибатњои дўстию њамкории Тољикистону Миср, рушду густариши робитањои илмї, амниятї, гуманитариву фарњангї ва ба хусус ташаббусњои глобалї дар соњаи обу иќлим ба Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон унвони Доктори фахрї супорида шуд.

Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар назди устодону донишљуён суханронї карда, нахуст барои ќадршиносї ба роњбарияти донишгоњ изњори сипос намуданд.

Зимни суханронї Сарвари давлат аз робитањои дўстии мардумони ду кишвар, анъанањои ѓановатманди таърихии Тољикистону Миср, андешаронї карда, изњор доштанд, ки мо метавонем дар заминаи ин анъанањои шуњратманди гузаштагонамон ва бо такя ба дастовардњои илмиву техникии муосир њамкории барои њарду љониб судмандро роњандозї намоем ва густариш бахшем.

Зимни баромад дар назди устодону донишљуён Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон оид ба таърихи навини давлатдории тољикон, соњибистиќлол шудани давлату миллати тољик, сарнавишти сахту сангини кишвар дар солњои аввали соњибистиќлолї, таљрибаи сулњофарии миллати сарбаланди тољик, рушду пешрафти илму маориф дар кишвари мо ва дигар ташаббусњои љањонии љониби Тољикистон андешањои љолиб баён карданд.

Таъкид гардид, ки Тољикистон бо таљрибаи беназири сулњофарии худ њамчун тарѓибгари сулњу осоиш ва њалли мусолиматомези њамаи низоъњо дар љањон шинохта шудааст.

Президенти мамлакат изњор доштанд, ки мо љињати таъмини рушди устувори Тољикистон самтњои афзалиятноки стратегиро муайян карда, татбиќи њадафњои стратегии расидан ба истиќлолияти комили энергетикї, баромадан аз бунбасти коммуникатсионї, њифзи амнияти озуќаворї ва саноатикунонии босуръати кишвар талошњои пайваста меварзем.

Таъкид гардид, ки кишвари мо дар тўли 30 соли соњибистиќлолии хеш тавонист бо кишварњои минтаќањои гуногуни љањон ва созмонњои байналмилаливу минтаќавї муносибатњои дуљонибаву бисёрљониба барќарор намуда, мавќеи худро дар арсаи байналмилалї мустањкам гардонад. Тайи давраи начандон тўлонии таърихи муосири хеш Тољикистон њамчун узви комилњуќуќи љомеаи љањонї эътироф гардид ва бо аксари давлатњои олам равобиту њамкории хубу судбахшро ба роњ монд. Имрўз Тољикистон бо 180 давлати дунё муносибатњои дипломатї дошта, узви комилњуќуќ ва фаъоли Созмони Милали Муттањид, дањњо созмонњои бонуфузи байналмилалї ва минтаќавї, њамчунин, сохторњои байналмилалии молиявї мебошад.  

Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон оид ба ташаббусњои созандаи Тољикистон андешаронї карда, изњор доштанд, ки мо аз минбари созмонњои байналмилалї ва минтаќавї пайваста ташаббусу ибтикорњои созандаи худро љињати њалли мушкилоти љањону минтаќа, аз љумла дар масъалањои вобаста ба об, таѓйирёбии иќлим, мубориза бо терроризм, ифротгарої, ќочоќи силоњ ва маводди мухаддир, љиноятњои киберї ва љинояткории муташаккили фаромиллї, ба самъи љањониён мерасонем. Махсусан, силсилаи ташаббусњои Тољикистон дар робита ба њалли мушкилоти об дар љањон боиси ба гунаи хос муаррифї шудани Тољикистон дар арсаи байналмилалї гардид. Дар њоли њозир иќдоми чоруми Тољикистон - Дањсолаи байналмилалии амал Об барои рушди устувор барои солњои 2018-2028 имрўз дар сатњи милливу минтаќавї ва љањонї амалї мегардад.

Зимни тањлили вазъи сиёсї дар љањон Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон изњор доштанд, ки дар ростои амниятї, бо дарназардошти умумияти њадафу вазифањои дар назди мо ќарордошта, густариши њамкорї ва табодули маълумоту таљриба байни Тољикистону Миср дар мубориза бо терроризму экстремизм ва љиноятњои муташаккили фаромиллї, ки њарду кишвар дар муносибат ба онњо мавќеи яксон доранд, бисёр муњим мебошад.

“Мо бояд кишварњои худ ва љањони исломро бо иродаи муштарак аз хатари терроризму ифротгарої эмин нигоњ дорем ва роњ надињем, ки номи поки дини ислом доѓдор гардад таъкид доштанд Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон.

Дар фарљоми сухан Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон бори дигар барои сарфароз гардидан бо унвони доктори фахрии Донишгоњи муътабари Ќоњира миннатдории худро баён намуда, ба устодону омўзгорон ва донишљўёни Донишгоњи Ќоњира дар тањсил ва фаъолияти илмиву амалиашон комёбињо ва дастовардњои беназир орзу карданд.

Донишгоњи Ќоњира муњимтарин муассисаи таълимї ва пажўњишии Миср буда, 21 декабри соли 1908 таъсис ёфтааст. Донишгоњи мазкур дуввумин донишгоњи ќадимтарини Миср ва сеюмин дар љањони араб пас аз Донишгоњи Ал-Азњар ва Донишгоњи Ал-Ќаравї мебошад. Факултањои гуногуни он дар замони Муњаммад Алї, ба мисли Ал-Муњандис Хона (таќрибан 1820) таъсис ёфтаанд. Низоми муосири маориф яке аз муњимтарин тањаввулоте буд, ки Миср дар нимаи аввали асри нуздањум шоњиди он гардид.

Донишгоњи Ќоњира њамчун бењтарин муассисаи таълимї ва пажўњишии Миср дар љањон шинохта шуда, дар таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони баландихтисосу олимон наќши муњим мебозад. Њамасола беш аз 155 000 донишљў Донишгоњи Ќоњираро хатм мекунанд ва се нафар аз хатмкардагони он сазовори љоизаи љањонии Нобел шудаанд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш