Нашрияи Омӯзгор

Волотарин дастоварди миллат

Сана: 2018-08-09        Дида шуд: 759        Шарҳ: 0

Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ барои миллати шарафманду фарҳангофарини тоҷик беҳтарин неъмати зиндагӣ ва армуғони олии таърих  маҳсуб мешавад. Ба қавли Пешвои миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мову шумо аз фарози асри бистуяк бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки озодӣ ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарастии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони ватанпарвар навишта шудаанд».

Таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ноил шудан ба сулҳу ваҳдати миллӣ барои рушду инкишофи тамоми соҳаҳо заминаҳои мусоид фароҳам овард.

Бале, Истиқлолият неъмати бебаҳост ва шукуфоию ободии кишвари азизамон моро ба ояндаи дурахшон ва пешрафтҳои назаррас умедвор месозад. Шукри оромишу осоиш ва сулҳу ваҳдати миллӣ, ки бо имзо гаштани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ насиби мо гардид.

Неъмати рӯйи дунё бисёр аст, вале беҳтар аз озодӣ неъмате нест. Ин неъмати гаронбаҳо меваи ширини дарахти Истиқлол аст. Имрӯз мардуми мо аз фазои фараҳафзои Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, ки рукни якдилист, озодона нафас мегиранд. Раванди расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон рӯйдоди душвор, вале муҳиму тақдирсозе буд, ки барои муттаҳид сохтани миллати тоҷик ва аз нобудӣ раҳо додани давлату давлатдории тоҷикон аз ҷиҳати илмӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ нақши бузурге бозид. Бо итминони комил метавон гуфт, ки яке аз сарчашмаҳои асосӣ, ба ибораи Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон, «гузашт кардан барои бастани созишномаи сулҳ» ҳамоно реша дар адабиёти ғании классикии мо дорад.  Маҳз ошноӣ бо осори бузургони адаби форсу тоҷик, ҳидояти Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар «Маснавии маънавӣ» буд, ки ҳама сарҷамъ омада, барои ободию шукуфоии Ватан азму талош намудем:

Мо барои васл кардан омадем,

На барои фасл кардан омадем.

Имрӯз бо гузашти айём мардуми Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарин ва азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Мо бояд дар ин рӯзҳои душвор ва айёми сангин ва раванди дигаргуншавии тамаддунҳо эҳтиёткор бошем ва ба қадри соҳибватаниву соҳибдавлатии хеш бирасем. Имрӯз ҷаҳон шоҳиди ҳодисаҳои террористию зуҳуроти бисёр номатлуб гашта истодааст, ки ба ҳар як фарди бонангу номус ҳушдор медиҳад, то барои ободии Ватан аз дилу ҷон камари ҳиммат бандад. Терроризму экстремизм падидаҳои номатлуб буда, мутаассифона, солҳои охир омили асосии нафрату ҷудоиафканӣ, қатлу куштор, тарсу ҳарос ва даҳшату ваҳшат мегарданд. Афроди фирефта ва гумроҳшуда даст ба аъмоле мезананд, ки сабаби марги мукаррамтарин мавҷудоти олам – инсон мегардад, таркишу харобиҳо ва тарсу ҳаросро дар миёни аҳли ҷомеа ба вуҷуд оварда, ба ин васила мехоҳанд, ҳадафҳои хешро пиёда созанд. Пас, саволе ба миён меояд, ки оё метавон ба ин роҳи пурдаҳшат  ба ҳадаф расид? Албатта, не! Мутаассифона, дар расонаҳои хабарӣ дар бораи ҳодисаҳои террористӣ ва қатлу куштор бештар матолиб ба нашр мерасад. Расонаҳо дар бораи он хабар медиҳанд, ки ба ин аъмоли ношоиста ҷавонони мусалмон даст мезананд ва оҳиста-оҳиста андешаеро дар мағзи мардум ҷой мекунанд, ки гуё маҳз мусалмонон дар ҷаҳони имрӯз даст ба амалҳои террористӣ мезананд. Аммо, ҳақиқат ҷойи дигар аст ва бояд таъкид намуд, ки маҳз аз бедонишию ҷаҳолат ва ноогоҳию камсаводии ҷавонон истифода бурда, кишварҳои мусалмониро ба вартаи пуртаҳлука равона сохтанд, ки аз он ҷо раҳо ёфтан кори саҳлу осон нест. Манзурам, воқеаҳое, ки дар Миср, Сурия, Ироқ, Афғонистон рух доданд, мебошад. Худ қазоват кунед, ки дар як лаҳза кишварҳои ором, пешрафта ва рӯ ба инкишоф ба дасти худи ҷавонони ноогоҳ ба кадом ҳолати ваҳшатангез расонида шуданд. Имрӯз дар Сурия садҳо нафар қурбон мешаванд, дар Ироқ таркишҳо ҷони кӯдакону модаронро мерабояд, Афғонистон лаҳзае ором нест. Ҳамаи ин ҳодисаҳои ҷаҳон, таҳдиду хатарҳои абарқудратҳо, ки мехоҳанд мавқеи худро дар минтақа мустаҳакам намоянд, моро водор менамояд, ки ба қадри сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем, нагузорем, ки онҳо ҳадафҳои ғаразнокашонро дар кишвари мо пиёда созанд.

Терроризм, ки он ба унвони даҳшатафканӣ ва ё ҳаросафканӣ ёд мешавад, ба ҳар гуна амалкард ё таҳдид барои тарсонидан ва ё осеб расонидан ба шаҳрвандон, гурӯҳҳо ва шахсиятҳои сиёсӣ роҳандозӣ мегардад.  Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб карда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон  доман густурдааст, ки барои амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ  таҳдид мекунад. Дар гӯшаю канори ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Тибқи маълумоти коршиносон, дар ҷаҳон тақрибан 500 созмони террористии пинҳонкор амал мекунанд. Ҳамасола дар арсаи терроризм тақрибан аз 5 то 20 миллиард доллари амрикоӣ сарф мегардад.  Солҳои охир дар Аврупо, Амрико, Ховари Миёна, Африқо, кишварҳои Балкан, Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо ҳамлаҳои даҳшатноки террористӣ ба вуқӯъ  пайвастаанд, ки бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро аз ин хатари маргбор ҳушдор медиҳад. Вақтҳои охир раванди ба ҳам пайвастани терроризм бо шаклҳои мухталифи  ҷиноятҳои фаромиллӣ – гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи аслиҳа, хариду фурӯши одамон, зархаридӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба назар мерасад.

 

Нуъмон  Раҷабзода,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш