Нашрияи Омӯзгор

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Миср

Сана: 2022-03-17        Дида шуд: 51        Шарҳ: 0

Баррасии масоили гуногунљанбаи Тољикистону Миср дар мулоќоти хосаи сарони давлатњо Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ва Президенти Љумњурии Арабии Миср муњтарам Абдулфаттоњ ас-Сисї оѓоз гардида, зимни музокироти васеъ бо њайатњои расмии ду кишвар идома ёфт.

Зимни суњбати хоса ва музокироти васеъ масъалањои муњими муносибатњои дуљониба ва бисёрљонибаи Тољикистону Миср мавриди баррасї ќарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки мувофиќањои имрўз бадастомада барои ба сатњи сифатан нав баровардани робитањои ду кишвар дар соњањои тиљоративу иќтисодї, илмиву техникї ва гуманитариву фарњангї заминаи мусоид фароњам хоњанд овард.

Њар ду љониб њавасмандии худро оид ба тавсеаи бештари њамкорї дар соњањои иќтисод, тиљорат, саноату сармоягузорї, кишоварзї, тандурустї, энергетика, наќлиёту коммуникатсия, истихрољу коркарди маъдан, сайёњї, инчунин, истифодаи имкониятњои минтаќањои озоди иќтисодї, иброз доштанд.

Таъкид гардид, ки љоннок кардани кори Комиссияи муштараки байнињукуматии Тољикистону Миср оид ба њамкории иќтисодї, илмї ва фаннї, баргузории Анљумани соњибкорони Тољикистону Миср ва таъсиси Шўрои соњибкорони ду кишвар барои густаришу тавсеаи њамкорї дар самтњои иќтисодию иљтимої ва афзоиши њаљми муомилоти тиљоратї наќши муњим хоњад дошт.

Љонибњо алоќамандии худро ба тавсеаи њамкорї миёни минтаќањои озоди иќтисодии Тољикистону Миср аз тариќи табодули таљриба дар самти бунёд, идора ва густариши фаъолияти ин минтаќањо ва таъсиси корхонањои муштарак дар њудуди онњо, изњор намуданд. 

Њар ду љониб дар заминаи арзишњои муштараки таърихї ва фарњангї, дар робита ба баргузории рўзњои фарњанг дар кишварњои якдигар, таљлили муштараки љашнњои бузургони адаб ва фарњанги гузашта, оид ба роњандозии робитањои судманд ва табодули таљриба байни муассисањои илмї ва таълимии Тољикистону Миср ба мувофиќа расиданд. 

Тавсеаи њамкорї дар соњаи сайёњї бо истифода аз таљриба ва имконоти мављудаи байни ду кишвар аз самтњои дигару судовар дар муносиботи мамлакатњо номида шуд.

Густариши минбаъдаи њамкорї љињати мубориза бо терроризми байналмилалї, ифротгарої, ќочоќи силоњ ва маводди мухаддир, киберљиноятњо,  љинояткории муташаккили фаромиллї ва дигар хатарњо, ки ба амнияти байналмилалї ва минтаќавї тањдид мекунанд, зарур дониста шуд.

Дар робита ба масъалањои амниятї атрофи роњњои њарчї зудтар поён ёфтани низоъњо дар кишварњои Ховари Миёна, Африќои Шимолї ва инчунин, Афѓонистон табодули афкори муфассал сурат гирифт.

Дар рафти мулоќот масъалањои глобалии вобаста ба об ва таѓйирёбии иќлим мавриди таваљљуњи хоси љонибњо ќарор дошт.

Дар охири мулоќоту музокироти сатњи олї Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон аз Президенти Љумњурии Арабии Миср муњтарам Абдулфаттоњ Ас-Сисї даъват ба амал оварданд, ки дар ваќти барояшон муносиб бо сафари љавобии расмї аз Тољикистон боздид ба амал оваранд. Даъват бо хушнудї пазируфта шуд.

Баъди анљоми мулоќоту музокироти сатњи олии Тољикистону Миср маросими имзои санадњои нави њамкорї баргузор шуд.

Дар њузури сарони давлатњо муњтарам Эмомалї Рањмон ва муњтарам Абдулфаттоњ Ас-Сисї 5 санади нави танзимкунандаи муносибатњои њамкории ду кишвар ба имзо расид:

- Ёддошти тафоњум байни Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон ва Вазорати кишоварзї ва бењдошти замини Љумњурии Арабии Миср оид ба њамкорї дар соњаи кишоварзї;

- Ёддошти тафоњум байни Кумитаи кор бо љавонон ва варзиши назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Вазорати љавонон ва варзиши Љумњурии Арабии Миср;

- Созишнома оид ба њамкорї байни Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ва Вазорати тањсилоти олии Љумњурии Арабии Миср;

- Созишномаи бародарї ва дустї байни вилояти Хатлони Љумњурии Тољикистон ва вилояти Љануби Синои Љумњурии Арабии Миср;

- Ёддошти тафоњуми њамкорї байни Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тољикистон ва Маркази мероси хатии назди раёсати Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон ва Китобхона ва Бойгонии милии Миср.

Пас аз анљоми маросими имзои санадњо Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ва Президенти Љумњурии Арабии Миср муњтарам Абдулфаттоњ Ас-Сисї барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотї доир карда, натиљањои мулоќоту музокироти сатњи олиро барои тавсеаи муносибатњои њамкорї неку назаррас арзёбї намуданд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш