Паёми табрикии вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон, муњтарам Саидзода Рањим Њамро ба муносибати фарорасии љашни Наврўз
Ба диёри вањдатошёну сулњпарвар ва соњибистиќлоли мо боз «домони лабрези гул»-у «бо сад њазор нузњату ороиши аљиб» зеботарин ва гуворотарин фасли сол-бањори муаттару саховатоин фаро расид. Аз файзи ќадами мубораки он «олами пир дигарбора љавон» гардидаву «нафаси боди сабо атрфишон» шудааст. Акнун Ватани мањбубу дилрабои мо боз дар оѓўши зебої, дар муњити пурназокату муаттар ќарор дорад.
Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат Президенти маорифпарвару фарњангдўсти љумњурии азизамон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар ситоишу тавсифи ин љашни хуљастаи миллати фархундаамон, аз љумла, чунин гуфтаанд: «Наврўз яке аз ќадимтарин ва азизтарин љашнњои мардуми ориёинажод буда, бо мурури замон ба иди дар њаќиќат халќї мубаддал шудааст. Халќи мо бењтарин орзуву умеди худро, ќабл аз њама, бо Наврўз, яъне Соли нави аљдодии хеш пайванд медињад. Наврўз пайки шодиву сурур, шукуфоиву зебої, оѓози кишту кори бањорї, паёми эњёи табиат мебошад ва гардише дар рўњу љони одамон падид меоварад».
Истиќлолияти давлатии Тољикистон, ки бузургтарин омили саодатмандии миллат аст, ба таљлили бавусъату пуршукўњи Наврўзи хуљастапай имконоти созгору мусоид фароњам овард ва гузашта аз ин, Наврўз ба як рукни барљастаи истиќлолияти љумњурї табдил ёфт. Њамвора густариш ва шуњрату вусъат ёфтани Наврўз худ барљастатарин гувоњи безаволию бузургии ин љашни аљдодист. Соли 2008 дар арафаи фарорасии фасли бањор пайки хушоянду гуворое тамоми мардумони ориёинажодро ифтихормандии бештаре эњдо намуд. Бо ќарори бонуфузтарин ташкилоти љањонї – Созмони Милали Муттањид љашни Наврўз ба фењристи арзишмандтарин мероси фарњангии башарият ворид карда шуд ва 21 март Рўзи байналмилалии Наврўз эълон гардид. Боз њам боиси ифтихормандии мо, тољикон, аст, ки барои чунин маќоми баланду ифтихорї пайдо кардани Наврўз Сарвари кишварамон, муњтарам Эмомалї Рањмон тавассути кўшишу талошњои мењанпарваронаю башардўстонаи худ њиссаи сазовор гузоштанд.
Ба ифтихори љашни шукўњманди Наврўз яке аз анъанањои дерин ва пазиро ибрози таманниёти нек аст. Вобаста ба ин, ќабл аз њама, таманнои онро мекунем, ки бањору Наврўзи навин ба боз њам рушд ёфтани соњаи маориф мусоидат намоянд, таманнои онро дорем, ки дар камтарин фурсат мушкилоти асосии соња бартараф гарданд.
Дар марњилаи кунунии рушди маориф вазифаи асосии кулли алоќамандони соња, ончунон ки Сарвари кишвар дар Паёми навбатиашон ба Маљлиси Олии љумњурї (21.12.2021) зикр карданд, боз њам боло бурдани сатњу сифати таълиму тарбия мебошад. Бовар дорам, ки ањли маорифи диёри арљмандамон аз ин лињоз фаъолияти худро боз њам такмил бахшида, ба комёбињои шоиста ноил мегарданд.
Таманниёти Наврўзии мо барои омўзгорону устодони муњтарам ин аст, ки њама посдору садоќатманди пешаи пуршарафу ифтихории хеш бошанд, дар кори таълиму тарбия эљодкорї намоянд ва насли наврас ва љавононро бештар аз њама дар рўњияи ифтихори миллї, ватандўстї ва арљгузорї ба арзишњои муќаддаси миллию умумибашарї тарбия кунанд, барои эмин мондани онњо аз таъсири њама гуна афкору таълимоти тахрибкоронаю ифротгароёна пайваста љидду љањд созанд.
Наврўз аз ањди бостон то ба имрўз тимсоли пирўзии рўшної бар зулмоту љањолат, рамзи эњёи табиат, оламу одам, ривољи дўстиву рафоќат, фаровонии хайру баракат ва ифодагари орзую омоли неки мардум мебошад. Фарорасии ин љашни њумоюн ва саховатборро ба њамаи дўстон аз тањти дил, самимона табрику тањният мегўям. Таманнои онро дорам, ки Наврўзи љањоноро ба њамагон бахту шодї, илњому пирўзї ва хонаободї эњдо намояд ва муњити пуртарабу шукуфо њамеша насиби њар яки мо бошад.
Биёед, бо истифода аз файзу баракати Наврўз бо дасту дили гарм, азму иродаи ќавї барои ободонии диёр, хуррамии Ватани азиз ва поксозии ботину зоњири хеш бикўшем ва танњо аъмолу кирдори некро бипазирем, то рўзгорамон њамеша сарсабзу пурсаодат бошад.
Љањон аз боди наврўзї љавон шуд,
Зињї зебо, ки ин соат љањон шуд!
Фархундаљашни Наврўзи љањонафрўз муборак бод!
Иловакунӣ
Иловакунии фикр