Нашрияи Омӯзгор

МУТОЛИА – ОМИЛИ АСОСИИ ИНКИШОФИ НУТҚ

Сана: 2022-03-17        Дида шуд: 92        Шарҳ: 0

Дар синфњои ибтидої заминањои асосии саводнокию донишомўзии хонандагон гузошта мешавад. Ин раванд ба омилњои зиёде дар таълими мавзуъњои дарсї ва ба ќобилияту мањорати педагогии омўзгор вобаста аст. Бањри рушди инкишофи хаттию шифоњии шогирдон, истифода аз усули муносибати босалоњият ба таълим наќши судманду муассир мебозад. Дар ваќти баёни мавзуи нав кўшишро ба он равона бояд кард, ки матни додашударо (њикоя, шеър...) худи хонандагон бо навбат хондаву порањои хондаашонро бо дарку фањмишашон наќл кунанд. Дар ин њол вазифаи омўзгор аз он иборат аст, ки вобаста ба мазмуну ѓояи њикояву афсона ё шеъри хондашуда хонандагони синфро ба гурўњњо људо карда, ба онњо вараќчањои супоришї пешнињод намояд. Ташкили саволу љавоб ва иљрои машќњову навиштани мулоњизањо дар њаљми 4 – 5 љумла дар бораи матни пешнињодшуда низ ба рушди тафаккури зењнї ва нутќи хаттию шифоњии хонандагон мусоидат мекунад. Яке аз дигар роњњои ангезиши фикр ва ташаккулу такомули нутќи шогирдон навиштани эссе дар бораи асарњои хондашуда мебошад. Дар ваќти навиштани эссе хонандагон нахуст сюжет (мазмун)-и асари мутолиакардаашонро рўи коѓаз оварда, сипас, дар хусуси ќањрамонони китоб ва сабабњои ба онњо писанд омадани асар андешањояшонро иброз медоранд. Умуман, интихоб ва мувофиќ ба синну сол аз китобхонаи таълимгоњ дарёфт кардану мутолиаю омўзиши асарњои бадеї (бештар китоби афсонаю њикояњо ва шеърњои бачагона) ба маќсад мувофиќ буда, дар такмилу рушди нутќи хаттии шогирдон ањамияти калон дорад. Баргузор намудани озмуну чорабинињои мактабї низ омили таконбахши нутќ мањсуб меёбад. Албатта, озмунњо гуногун мешаванд, ки аз љумлаи муассиртарини онњо озмуни “Кї шеър бештар аз худ кардааст?”, “Китобхони бењтарин”, “Њусни хат бењ зи њусни дилдор аст”, “Китоби дўстдоштаи ман” ва амсоли инњо ба шумор меравад. Дар ин масъала робитаи муаллими фаннї бо китобдори муассисаи таълимї наќши калон дорад. Бо тавсияю пешнињоди омўзгорони синфњои поёнї китобдор асарњои бадеиро ба хонандагон месупорад. Баъд аз муњлати муайяншуда хонандагон аз љониби роњбари синфу китобдор санљида мшаванд. Агар хонанда ба саволњои аз матн додашуда посухњои ќаноатбахш дода натавонад, китоб дубора барои мутолиаи огоњмандона ба ў баргардонда мешавад. Бо ин роњ шогирдони бењтарин ба озмуни “Фурўѓи субњи доної китоб аст” омода карда мешаванд. Њифзу аз бар намудани порчањои шеърї, рубоию ѓазалу дубайтї аз шоирони классик ва муосири тољик низ муњим буда, ба мустањкам гардидани њофизаи хонандагон кумак мерасонад. Њангоми аз китобхона гирифтани китоб, китобдор бояд ба хонандагони синфњои поёнї тавсия дињад, ки осори пурмуњтавою арзишманди адибонро интихоб намояд. Зеро бисёре аз волидон аз фурўшгоњњо асарњои каммоњияту аз љињати бадеї сусти эљодкорони нонамоёну њаваскорро барои мутолиаи фарзандонашон мехаранд, ки завќи кўдакони онњоро коста мегардонад. Омўзиш ва мутолиаи осори бадеии адибони маъруфи љањонї, ки ба синну соли наврасон мувофиќ аст, низ дар такомули нутќи онњо манфиатбор мебошад. Мутолиаи китобњои “Шоњзода ва гадо”, “Саргузашти Том Сойёр”-и Марк Твен, “Бепарастор”-и Гектор Мало, “Саргузашти Уленшпигел”-и Шарл-де-Костер, “Саргузашти Робинзон Крузо”-и Даниел Дефо, “Нодонхўља дар Моњ”-и Николай Носов, “Љазираи љавоњирот”-и Стивенсон ва ѓайраи дигар дар бедор намудани завќи хонандагони синфњои поёнї ба омўзишу мутолиаи осори бадеї таъсири бузург хоњид расонд. Баргузор намудани љамъомаду конференсияњои адабии умумимактабї, вохўрию мулоќотњо бо шоиру нависандагон, шабњои саволу љавоб, викторинањои бадеї ва ѓайра аз омилњои тањрикбахш дар самти ба мутолиа љалб гардидани хонандагон ба њисоб мешавад. Тањия ва баровардани рўзномаи девории мактабї, ки дар он намунањои эљоди бадеии хонандагон (шеър, афсона, њикоя) љой дода мешавад, барои маърифатманду китобхон гардондани онњо ва дарёфти ќаламкашони болаёќат мусоидат хоњад кард.

 

Дилором РАЊМОНОВА,

омўзгори МТМУ №6,

ноњияи Зафаробод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш