Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маљлиси Олї (21.12.2021) аз аввал то охир бо тањлили мантиќї, соња ба соња «Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии љумњурї» изњори назар шуд.
Ба гуфти Пешвои миллат мушкилоти «солњои навадуми асри гузашта», он «фитнаву дасисаи неруњои ифротгарої», он «гирдоби мухолифати шадиди сиёсї» он «оташи љанги тањмилии шањрвандї», он «ќурбонињои зиёди љонї ва хисороти бузурги моддиву маънавї» ба таърих пайваст. Бо ин ишораи бисёр муњим, Пешвои миллат гуфтан мехоњанд, ки аз ин хотираи талхи на чандон дур мо бояд ибрат гирем, биомўзем ва миллату кишвари худро дўст дорем. Аз њама муњим, аз ин оромию сулњу вањдату ободї шукр бояд намоем.
Пешвои ояндасоз ба воситаи раќамњо ва мисолњо ишора бар он менамоянд, ки дар оянда ба кадом масъалањо таваљљуњ шавад. Зимнан, дар асоси ояндабинї дар Паём ишора шуда, ки пас аз муддате ањолии кишвар ба 11 миллион мерасад. Ба ин васила, амалї намудани барномањои љиддї дар назар гирифта шуда, дар солњои наздик ба рушди иќтисодиёт, ба сохтмони садњо корхонаи саноатї ањамият дода мешавад. Дар воќеъ агар саноатикунонии кишвар инкишоф ёбад, он ба бењтар шудани рўзгори мардум таъсири зиёд мерасонад. Тољикистон сол то сол барои расидан ба сафи кишварњои мутараќќї кўшиш менамояд. Барои амалї намудани корњои муњими саноатї Пешвои миллат боз ба як иќдоми љиддї даст зада гуфтанд: «Солњои 2022–2026, яъне то љашни 35-солагии Истиќлоли давлатии Тољикистон «Солњои рушди саноат» эълон карда шаванд».
Имрўз кишварњои дунё ба он ањамият медињанд, ки аз тариќи интернет, ба хусус раќамї намудани тамоми соњањои иќтисод, кор осон мешавад. Ин воситаи нави техникї равобити одамонро дар љањон бештар намудааст. Шахси бомаърифат, дорои дониши густурда дар бораи ишнкишофи тамоми соњањои рушди иќтисоди кишвар аз ин тариќ талош меварзад. Кишвари мо њам аз истифодаи технологияи пешрафтаи љањонї дар канор нест.
Дар Паём борњо таъкид шудааст, ки рушди мамлакат ба истењсоли барќ вобаста аст. Дар воќеъ, агар неруи барќи Тољикистон њар ќадар зиёд шавад, њамон ќадар саноати кишвар пеш меравад. Чунки сохтани корхонањои хурду бузург фаќат ба барќ вобаста аст. Дар кишвари мо таваљљуњ шудааст, ки барќе истењсол шавад, то он ба муњити табиї зарар нарасонад. Ин њама барои рушди мамлакат муњим аст. Њоло олимони соњањои гуногуни илмњои даќиќ ва табиї дар кишварњои пешрафтаи дунё ба «энергияи сабз» ањамият медињанд. Онњо барои наљоти замин, аз њар гуна балоњо, муњим будани «энергияи сабз»-ро таъкид мекунанд. Тавре дар боло ёдовар шудем, ба ин масъалаи барои сарнавишти «сайёра»-и мо муњим дар Паём ба таври љиддї ибрози назар шудааст.
Мардум бояд донанд, ки давлат бо Сарварии Пешвои миллат барои ободии тамоми соњаи иќтисоди кишвар таваљљуњ менамояд. Дар Паём оид ба наќлиёт, ба хусус сохтмону таљдиди роњњои мошингарди минтаќањои гуногуни кишвар таваљљуњ гардидааст. Ин аз он шањодат медињад, ки сол ба сол тамоми роњњои Тољикистон бозсозї, таъмир ва баъзе минтаќањо аз нав бунёд мешаванд.
Ба таъкиди Пешвои миллат дар кишвари мо, дар даврони соњибистиќлолї маориф ќадам ба ќадам пеш рафта, ба фазои тањсилоти байналмилалї ворид мешавад. Сарвари кишвар њамеша дар Паёмњо ва суханронињо рољеъ ба маориф ёдовар мешаванд, ки илму дониш, яъне маърифатнок намудани мардум, мамлакатро дар њама соња пеш мебарад: «Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оѓоз меёбад ва ѓамхорї нисбат ба маориф – сармоягузорї барои рушди нерўи инсонї ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.
Бо вуљуди он ки раванди тањсил дар муассисањои таълимї ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз њам баланд бардоштани сатњу сифати тањсилот, омода кардани кадрњои баландихтисос, омўхтани забони давлатї, таъриху фарњанги бостонии халќи тољик, боло бурдани завќу раѓбати хонандагон ба омўзиши фанњои риёзї, даќиќ, табиї, технологияњои иттилоотї ва аз худ кардани забонњои хориљї, махсусан, забонњои русиву англисї таваљљуњи аввалиндараља зоњир карда шавад».
Дар воќеъ, калиди аслии пешрафт, тараќќиёт ва соњиби зиндагии шоиста шудан ба рушди маориф вобаста аст, ки дар давраи 30 соли Истиќлоли Тољикистон њамеша ба он таваљљуњ шудааст. Дар Паём низ ба таври љиддї гуфта шуд, ки дар тамоми соњањои маориф сатњи донишро боло бурдан лозим аст.
Барои парвариши кўдакони кўдакистон, донишомўзони мактабњо, донишљўёни муассисањои олї на фаќат Вазорати маориф ва илм, балки зиёиёни кишвар бо њамбастагї зањмат кашем. Моро зарур аст, ки маорифро рушд дода, ба донишу илми љавонон ањамияти љиддї дињем. Онњоро бо воситањои техникии муосири навтарин ошно созем ва аз ин тариќ барои расидан ба комёбињои лозим камар бандем. Аз њама муњим забон, адабиёт, фарњанг, таърих ва дигар суннатњои мардуми худро ба оламиён муаррифї намуда, ба монанди адибону донишмандони маъруфи садањои пешин ба рушди фарњанги башарї њисса гузорем. Барои дар амал татбиќ намудани ин корњо, ба тасдиќи Пешвои миллат, пеш аз њама, олимон ва эљодкорон бо идеяњои худ бояд пешгом бошанд: «Олимони љомеашиноси моро зарур аст, ки якљо бо зиёиёни эљодкор дар шароити љањонишавї бо маќсади њифзи арзишњои миллї, таъриху фарњанг ва забону адабиёти миллати куњанбунёдамон дар роњи ба љањониён њарчи бештар муаррифї кардани таърих, тамаддун ва фарњанги халќи тољик рисолати шањрвандиву миллии худро ба таври шоиста иљро намоянд».
Агар олими њар соња, њар кадоме фаќат дар риштаи худ, аз тањти дил кор кунад, пешрафтњои илмии љањонро дар соњаи худ татбиќ намояд ва њар кадоме дар 3-4 сол барои тарбияи як кадри илмии хуб талош кунад, он гоњ ин амал дар як муддати кўтоњ тамоми соњањои иќтисоду љомеаро таккон мебахшад. Ин корро бо барномарезї, бо таъмини маблаѓи муносиб бояд амалї намуд. Дар ин мавриди муассисањои таълимї ва илмї ѓояњои барои пешрафти љомеа зарури олимони худро дастгирї намоянд. Риштањо ва кафедрањое, ки барои омўзиши фарњанги миллии мо зарур аст, кушоянд.
Пешвои миллат њангоми сухан гуфтан дар бораи њар масъала ба таври муќоисавї, бо овардани санаду раќамњо њамон соњаро мавриди арзёбї ќарор дода, ёдрас мешаванд, ки дар тўли 30 сол кишвар ба чи пешрафтњо ноил шудааст ва дар оянда чи бояд кард. Ваќте ки сухан дар бораи соњаи тиб меравад, низ ба раќамњо мурољиат мешавад, ки такрор намекунем.
Дар њаќиќат, агар пизишк дониши мукаммал надошта бошад, аз дилу љон кор накунад, ташхисро нисбат ба бемор (шояд вай падару модараш бошад) дуруст муайян накунад, оќибати вазъи он бемор чї мешавад? Барои њамин Пешвои миллат таъкид меамоянд, ки табиб бояд аз илми муосир ва воситањои техникии пешрафта огоњ бошад.
Мањз дар њамин пайвастагии оќилона, одилона ва олимона мо метавонем миллати тољику Тољикистонро дар канори кишварњои пешрафтаи олам расонидан кўшиш намоем. Барои ин пайвастагиро идома додан, љавонон гуфтањои Пешвои миллатро бояд сармашќи кори худ созанд ва онњо бояд бо донишу маърифати худ ин созандагиро пайравї намоянд. Бо њисси худшиносии миллї ва ватандўстї корномаи Пешвои миллатро бояд идома дињанд. Аз ин рў, Пешвои миллат дар Паём бо боварї ба љавонон гуфтаанд: «Ман борњо таъкид кардаам ва имрўз бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки љавонони мо дорои њисси баланди миллї ва эњсоси гарми ватандўстиву ватанпарварї буда, дар мубориза бо њама гуна хавфу хатарњое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатњои миллиро аз њар манфиати дигар боло медонанд».
Аммо мушоњида мешавад, ки на њамаи љавонон дурандешї, худшиносї ва ватандўстиро дарк менамоянд. Барои ин насли калонсоли донишманду ботаљриба бояд талош кунанд, ки онњоро ба роњи нек њидоят намоянд, гаштаву баргашта фањмонанд, то онњо идомадињандаи ин созандагию озодагї гарданд. Барои амалї намудани парвариши насли оянда чї бояд кард? Дар Паём посух дода шудааст, ки ин нуткаро бояд гаштаву баргашта хонда дар ёд гирем: «Барои њамќадами замона будан ва рушди давлату љомеаро таъмин кардан омўзиши илму дониш, хусусан, илмњои табиї, риёзї даќиќ ва аз худ кардани касбу њунар роњи ягона ва дуруст мебошад.
Зеро бо бесаводї, љањолат ва хурофот љомеа ба љойе намерасад.
Такроран хотирнишон месозам, ки хурофот љањолат аст ва љањолат ба инсон танњо бадбахтї меоварад ва боиси аќибмонии љомеа ва давлат мегардад».
Бале, хурофотпарастї аз замонњои бостон њамдами ќавму ќабила ва миллатњои љањон аст, ки то имрўз идома дорад. Онро решакан кардан душвор аст, вале талош бояд кард. Барои решакан намудани хурофот ва боварњои бељо мардумшиносонро зарур аст, онњоро аз байни мардум гирд оваранд, омўзанд ва мавриди баррасї ќарор дињанд; решањои пайдоиши онро бо далелњои илмии мантиќї бигўянд, то мардум фањманд. Баъдан барои фарди оќил маълум мешавад, ки илм куљову хурфот куљост.
Дар асоси гуфтањои Пешвои миллат, метавон пешнињод кард, ки дар ин замони рушди воситањои техникї, њар роњбари муассисаи калидии давлатї фаќат бо дониши пухта, андешаи созанда, барномаи пешбаранда соњиби вазифа шавад. Шахси вазифагиранда бояд барномаи даќиќи корї дошта бошад. Агар касе ин ё он вазифаро (бигузор хурдтарин вазифа бошад) ќабул кардан хоњад, ў барои пешрафти њамон вазифа чи кор кардан мехоњад, барнома ва идеяи даќиќи хешро пешнињод намояд. Барои шахси кордон ин кори мушкил нест. Дар кишварњои пешрафтаи љањон (дар асоси озмун) вазифаи масъулро ба шахси донандаи он месупоранд. Агар дар њар вазифаи масъул шахсони лоиќ таъйин шаванд, он гоњ кишвари мо ба дастовардњои зиёде ноил мегардад; рушди сиёсат, иќтисод, фарњанг бештар мешавад.
Равшан Рањмонї,
сардабири маљаллаи «Пайванд»-и
«Анљумани тољикон ва
форсизабонони љањон – Пай
Иловакунӣ
Иловакунии фикр