Нашрияи Омӯзгор

Таҳсилоти фарогир – тавсияи волидайни равшанзамир

Сана: 2022-03-17        Дида шуд: 114        Шарҳ: 0

«Кўдаконе, ки маъюбият доранд, якљо бо њамсолони худ бояд тањсил бикунанд», - мегўяд Замира Набиева – модари мењрубон ва фаъоли љамъиятие, ки дар њамдастї бо шавњару пайвандон барои рушди писараш Азизљон ва мавќеъ ёфтани ў дар љомеа саъйю талоши зиёд кардааст.

Замира Набиева 24 сол ќабл соњиби тифли дорои маъюбият гардид ва таваллуди ин писар маљрои зиндагии хонаводаашро ба куллї таѓйир дод. Њамсуњбати мо наќл мекунад, ки дар интизори фарзанди дуюм буд ва айёми њомилагияш хуб љараён дошт. Чанд бор аз ташхиси духтур гузашт, вале табибон дар рушди тифли батнаш њељ дигаргуниеро ошкор накарданд. Ба ќавли Замира, кўдакаш њангоми таваллуд, ки хеле вазнин гузашта буд, осеб дид. Табибон дар якунимсолагии фарзандаш зимни муоина «фалаљи майнаи сар» ташхис гузоштанд. Ањли оила ба ин омода набуданд, аммо њама аъзои он тавонистанд, масъаларо тањлил карда, барои њалли он якљо саъй варзанд.

- Хушбахтона, аъзои хонавода: хушдоманам, шавњарам ва дигар пайвандон маро дар нигоњубини писарам танњо нагузоштанд, яъне масъалаи пешомадаро фањмиданд ва ўро хуб тарбия кардем, - мегўяд Замира. - Мушкили асосии мо бархўрди номуносиби ањли љомеа буд ва аз он ранљ мебурдем. Ваќте хостам, писарамро дар кўдакистон гузошта, ба кор бароям, волидон эътироз карданд, ки чаро ў бояд бо фарзандони мо тарбия гирад? Писарам Азизљон соли 1998 ба дунё омад ва табиист, ки он ваќт огоњии ањли љомеа оид ба ин масъала камтар буд. Аксари одамон, њатто баъзе наздиконамон фикр мекарданд, ки бемории писарам сироятї аст ва аз иртибот бо мо худдорї меварзиданд. Љавону бетаљриба будам, бинобар ин зиёд нороњат мешудам, рўњан ранљ мебурдам, пинњонї мегиристам. Дар натиља ба афсурдањолї гирифтор шуда, тўли 7 сол аз љомеа канорагирї мекардам. Вале рўзе ба фарзандам нигариста, азм кардам, ки ба хотири зиндагии шоистаи ў ва дар љомеа мавќеъ ёфтанаш бояд талош кунам. Мехостам, ки фарзанди ман њам мисли дигар кўдакон илму дониш омўзад. Аз ин рў, ба машваратгоњи педагогию психологии Маркази саломатии шањрии №12-и пойтахт мурољиат кардам. Дар он љо бо волидони дигар вохўрдам, ки мисли мо фарзандонашон маъюбият доштанду ба ин машваратгоњ мурољиат мекарданд. Пас аз ташхисњо мутахассисон гуфтанд, ки фарзанди шумо наметавонад дар мактабњои маъмулї тањсил намояд, ўро ба мактаб-интернати махсуси шањри Њисор, ки (њамон солњо) барои таълиму тарбияи ин гуна кўдакон фаъолият дорад, баред. Он замон њеч фањмише дар бораи таълиму тарбияи кўдакони дорои маъюбият надоштам, аммо дилам нашуд, ки Азизљонамро ба мактаб-интернат супорам.

Бо истифода аз њуќуќам пофишорї карда, гуфтам: «Ман кўдакамро ба мактаб-интернат намебарам. Роњхат дињед, то Азизљонро ба мактаби миёнаи умумї супорам». Писарчаам дуруст њарф намезад. Бо вуљуди ин, тасмим гирифтам, ки ўро ба мактаб барам, то бо атрофиён робита барќарор кунад.

Дар мактаби №28-и шањри Душанбе моро хуш ќабул карданд ва фарзанди ман соли 2005-ум ба тањсил пардохт…

Хушбахтона, имрўзњо Азизљон дар љомеа мавќеи худро пайдо кардааст. Хеле фаъол аст. Худаш кўшиш мекунад, ки доираи иртиботаш бо њамсолон васеъ шавад. Пас аз ѓолибият дар олимпиадаи махсуси «Варзишгарони љавон» дўстону наздикон ва њамсояњо Азизљонро «чемпион» ном мебаранд ва фарзандам аз мурољиату муносибати мусбати атрофиёну дўстон рўњбаланду хушњол мегардад. Дар назди хона барояш дукони фурўши меваю сабзавот кушодаем ва њамарўза Азизљон ба кораш бо шавќи зиёд машѓул мешавад. То як андоза ба буљаи оила њам кумак мерасонад. Волидоне, ки фарзандашон маъюбият дорад, њамеша дар андешаи он њастанд, ки пас аз сари мо њоли љигарбандамон чї мешавад? Метавон гуфт, ки дар ин замина Азизљон ва ману падараш дигар ташвиш надорему хотирљамъ њастем.

Таваллуди Азизљон бароям мактабе шуд, ки дар он обутоб ёфтам. Мушкилоти пешомада маро нашикастанд, баръакс марњилаи наверо дар њаётам оѓоз бахшиданд. Мањз ба шарофати писарам бо масоили оилањое, ки фарзандонашон маъюбият доранд, рў ба рў омадам.

Замира Набиева айни замон роњбари Ташкилоти љамъиятии «Рушди инклюзия» мебошад ва ба дигар волидоне, ки фарзандонашон маъюбият доранд, машваратњои амалї медињад. Ў дар Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї, факултети забонњои хориљї (англисї-олмонї) тањсил кардааст. Баъд аз хатми донишгоњ 3 сол њамчун омўзгори забони англисї фаъолият намуд, вале пас аз таваллуди писараш чанд сол натавонист ба кори омўзгорї баргардад. Дар раванди талошњо барои мутобиќсозии Азизљон бо муњити атроф ба хулосае омад, ки бояд худаш созмоне барои кумаку машварати волидони фарзандонашон маъюб таъсис дињад. Ин бонуи пурталош бо иштирок дар даврањои омўзишї донишу мањораташро сайќал бахшида, соли 2011 ба ташкилоти мазкур бунёд гузошт. То имрўз ташкилот ба корафтодагон дасти кумаку машварат дароз карда, садњо кўдаки дорои маъюбиятро бо машѓулиятњо фаро гирифтааст.

- Маќсад аз таъсиси Ташкилоти љамъиятии «Рушди инклюзия» расонидани ёрии психологї ба хонаводањоест, ки фарзандонашон маъюбият доранд. Њамчунин, ташкилот давраи омўзишї дорад ва хоњишмандон фарзандонашонро ба он љалб мекунанд. Яке аз хусусиятњои мусбати давраи омўзишї он аст, ки худи волидон бо фарзандонашон машѓулият мегузаронанд. Машѓулиятњои ташкилот аз бозињо, расмкашї, сохтани шаклњои гуногуни геометрї, раќсу суруд иборат буда, шавќи бачањоро барои азхудкунии донишњои аввалия бедор менамояд. Мо сараввал падару модаронро омўзиш медињему бо нозукињои раванди баргузории машѓулиятњо ошно мекунем, - изњор дошт Замира Набиева.

Дилафрўз Ќурбонї,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш