Паёми навбатии Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон (21.12.2021) бо мазмуну мундариља ва муњтаво аз Паёмњои пешин фарќкунанда буда, ба як рисолаи бузурги таърихї шабоњат дорад, ки ќабл аз њама, моро аз лањзањои гуворои таърихи сисолаи замони Истиќлолияти давлатї, ки њама пандомўзу ибратбахш мебошанд, воќиф менамояд.
Дар айни замон Паёми Пешвои миллат ба мисли чароѓи роњнамо барномаи давлатиро барои соли 2022 ва 5 соли оянда, ки мардуми Тољикистони азиз ба 35 солагии љашни Истиќлолияти давлатї омодагї мегиранд, аз наќшањои сиёсї, иќтисодї, иљтимої ва фарњангии кишвар ошно менамояд.
Аз ин рў, маъмурияти гимназияи №2 барои хонандагони болаёќати шањри Душанбе ба хотири омўзиши шоиста, тарѓиби нишонрас ва бањрабардории судманд Паёми Президенти мамлакатро дар шакли китобча бо пешгуфтори дастурдињанда дастраси омўзгорони гимназия гардонид, то ки онро њамчун дастур њамеша рўи даст дошта бошанд, њар як сатри Паёмро њангоми фаъолияти педагогии худ мавриди истифода ќарор дињанд, то ба ташаккули шахсияти хонандагон мусоидат намояд, њисси худгоњї ва хештаншиносии онњоро баланд бардорад, ба захираи донишњои хонандагон рољеъ ба рушди бемайлони наќлиёт, энергетика, кишоварзии кишвар дониши иловагї ва маълумоти наву тозаро зам намояд. Аз њама муњим боварии насли наврасро ба ояндаи дурахшони мењан афзун намояд.
Месазад, ки Паёми Пешвои муаззами миллат китоби болоимизии њар як омўзгори эљодкору навовар ва ватанпарвар ќарор бигирад, зеро њар як сатри Паём чун партави хуршед њар субњ ба маънињои наву тоза пеши назари омўзгорони эљодкор љилвагар мешавад. Дар Паём оварда шудааст: «Бунёди миллат аз маориф оѓоз мегардад». Ба назари мо ин бењтарин шиор доир ба худшиносї, бењтарин бањо ба ањли маориф ва бењтарин сипосмандї аст.
Дар Паёми Роњбари давлат оид ба забономўзї, озмунњои љумњуриявии «Фурўѓи субњи доної китоб аст», «Илм фурўѓи маърифат» ва «Тољикистон-Ватани азизи ман» таъкидњои љиддиву њидоятгар баён шудааст.
Хушбахтона, дар соли тањсили равон, дар даври нињоии озмуни љумњуриявии «Фурўѓи субњи доної китоб аст» аз таълимгоњи мо хонандаи синфи 3 «Б» Усмон Салимзода (омўзгораш Улфатшо Файзов) дар номинатсияи адабиёти бачагона љойи 3-юм, хонандаи синфи 5 «В» Зафарзода Фарзона (омўзгораш Зумрия Мусоева) дар номинатсияи адабиёти муосир љойи 2-юм ва хонандаи синфи 10 «Б» Таманно бањромова дар озмуни љумњуриявии «Тољикистон-Ватани азизи ман» дар номинатсияи овозхонї љойи 3-юмро дар сатњи љумњурї ишѓол намуданд.
Фаъолияти педагогї дар гимназия дар шаклњои гуногун зоњир мегардад, вале шакли асоситарини он дарс мебошад. Дарс бо сабабњои гуногун чанд сол боз ба каму костињои бисёре мубтало аст. Инро њама медонем ва тасдиќ њам менамоем. Кормандони боинсофи ањли маориф роњи наљоти дарсро аз иллату тирагињо љустуљў мекарданд. Соли 1995 академик Муњаммадулло Лутфуллоев ба њамин хотир китоби «Дарс»-ро ба дасти чоп дод, ки зањмати бистсолаи ў буд. Устод Њабиб Искандаров рўњашон шод бод низ оид ба дарс нигоштањои бењтарин доранд. Яъне њам эшон ва њам мою шумоён ва дигар бародарону хоњарони фидоиёни мактабу маориф аз нуќсонњои дарс вазъи нороњат доштем.
Асрори дарс аз назари Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон паноњ намонд. Дар Паём нигаронии хешро аз дарси як зумра омўзгорон иброз доштанд.
Инак омўзгорон, роњбарони таълимгоњњо ва кормандони маориф бояд муносибаташонро ба дарс дигар намоянд. Ќабл аз њама, омўзиши ќонун ва санадњои меъёрии соњаи маориф аз тарафи омўзгорон ба сифати дарс таъсири мусбат расонида метавонад.
Дар моддаи 51-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф» - «Уњдадорї ва масъулияти омўзгорон…» тамоми талаботи дарс равшану возењ ќайд шудааст. Риояи талаботи ќонун њатмист ва даѓалона вайрон кардани ќонун љиноят аст. Аз ин рў, мо дар шакли мурољиатнома моддаи 51-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф»-ро, ки аз 44 сархат иборат аст, дастраси омўзгорон намудем, то масъулияташонро дар љараёни дарс бо љиддияти тамом риоя намоянд.
Давомоти муътадили хонандагон ба дарсњо дар азхудкунии барномаи таълимї наќши муњим мебозад. Аз ин љост, ким о дар шакли барномаи электронї назорати давомоти хонандагонро дар гимназия роњандозї кардаем, ки ба паст кардани шиддати ќафомонии шогирдон аз дарсњо мусоидат карда истодааст.
Хулоса, касби омўзгорї эљодкорї ва навоварињои судманд, тозакорињои пурсамарро мепарварад. Шавќу раѓбат ба илму фан ва мењру муњаббат ба насли наврас сарчашмаи илњоми њар як омўзгор ба шумор меравад. Паёми Пешвои миллат дар саргањи таваљљуњи омўзгорони мо ќарор дорад. Барои амалисозии њадафњои Паём дар муњлатњои муќарраршуда, муњимтар аз њама, дили гарму тафаккур ва заковати мунаввари мо наќш мебозад, ки онро њар як нафари мо аз шуълаи Садаи бузург ба мерос гирифтаем.
Шарифљон Шарифов,
муовини директор оид ба корњои
тарбиявии гимназияи №2 барои
хонандагони болаёќати шањри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр