Нашрияи Омӯзгор

ДАРАХТОНИ САБЗУ БОРОВАРИ БОҒИ ПАДАРӢ

Сана: 2022-03-17        Дида шуд: 82        Шарҳ: 0

ДАРАХТОНИ САБЗУ БОРОВАРИ БОЃИ ПАДАРЇ

Падарам мегуфт: аз одати неки гузаштагони мо, якеаш шинондани нињолу гулу гулбуттањои њархела дар фасли бањорон аст. Ва худ нињолу гулу буттањоро дўст медошт. Њар бањор ба навоњии гуногуни љумњурї сафар мекард ва нињолони зиёди себу ноку гелосу зардолу, шафтолуву бињию чормаѓу бодом меовард. Њамзамон, пайвандгариро дўст медошт ва нињолони себу хурмою гелосу олуро пайванд мекард.

Аз хурдї ба амалњои падарам зењн мемондаму шавќу њаваси аљибе фаро мегирифт маро. Мехостам шабењи падарам њар бањор нињол шинонам ва ба тадриљ сабзишу нумуи ину он нињолро ба мушоњида гирам. Аз зери олучабандакњо нињолњои наврўидаро решакан карда, дар њарљо-њарљои њавлї мешинонидам. Падарам боре ингуна нињолњои олучаро кандаву љои дигар шинонданамро дида, хушњолияшро пинњон надошта, таъкид кард, ки «нињол шинондану дарахт сабзондан ва боѓ бунёд намудан кори хайрест, ки ба худи кас роњату шавќ мебахшад. Њангоме ки реша дар зери замин намиро љаббида, нашвунамо меёбаду мустањкам мешавад, оњиста-оњиста сабзишу рўиши нињол ба амал меояд. Марњалаи хеле-хеле тамошо карданист. Як рўз ѓайримунтазира бо ду чашми сар мебинї, ки нињолак (себ, олу, гелос, нок…) муѓља баровардааст. Чанд рўзе мегузараду нохоста нигоњат ба он нињолони муѓљабароварда меафтад, ки баргњои сабз кушодаанд. Аммо ин оѓози кор аст, - мегуфт падарам ва меафзуд, ки на њамаи нињолњои шинондаи кас сабз мешаванду ќад кашида, бо баргу гулшукуфањои худ ба боѓ њусн зам мекунанд.

- Барору нобарорї дорад ин амал, - мефањмонд њакимона ќиблагоњам.

- Гумон мекунї, боѓе, ки дар њавлиямон бунёд кардаам, якуякбора ба њамин сурати зебову њусни чашмгир расидааст? Не албатта! Чї ќадар нињолони себу олуву гелосу ноку муруд ва аз ин табор тањи барфњои ногањонию сардї монда, ба ин «берањми»-и табиат муќовимат карда натавониста, ба сарнавишт тан додаву решаашонро сармо дарёб карда, охиру оќибат пироњани сабз ба љомаи ришта-риштаи заъфаронї бадал бинмудаанд. Њайфи он нињолакон!!!

Ин њолат ба одаме, ки дар ќафаси сина дили дардошно дорад, бе таъсир намемонад, чунонки шахсеро ба ваљњи беморї фарзанди љигарпайванд дар пеши назар сўхта-сўхта обу адо шуда, мунтањо њазорон аламу њасратро ба падару модар мерос гузошта, аз ин олами бавусъату сабзу мунаввар бо дили нохоњам абадан чашм мепўшад. Вазъи баѓоят сангинест, ки дар тасвираш њарфу калима ёфтан душвор аст.

Аммо њодисаи ногувору љигарсўзи дигар он аст, ки бо хости Худои њамадон мушоњида мекунї, ки дарахти тановару сутурги масалан, себ ё зардолу, ки бо њавасу ормонњои беинтињо шинондаву сабзонда будї, (чї сиррест, ки…) чун дар навори синамо худ аз худ пажмурдаву карахт шуда, хушк шудан мегирад. Ана ин вазъ дар воќеъ, дилрешкунанда аст. Ту соњиби боѓию хушкида аз њам рехтани дарахти сабзу борварро њељ намехоњї. Њадањаю шитобзада, изтиробу дарде лобаён ба деворњои ќалбат панља мезанаду худро бохта, беќарору банди ташвиш ба сўйи нањри калон медавї, зуд обро баста меорї. Обро љўй канда, ба бехи дарахти ба фољиа дучоромада мебандї. Бигузор об ба бехи решањояш соатњо љорї шаваду љорї. Бигузор дарахт неру бигирад, аз асорати пажмурдагию карахтї рањо ёбад! Ё Худои рањим, ба ин дарахти солманду бузург тарањњум намо, мебинї, гунљишкон дар шоху навдањояш навою чакомасарої оѓоз кардаанд. Дар интизории айёмеанд, ки ин шохањои мамлў аз гулњои мулавван мева мебанданд, самар меоранд. Аз шањди гулўсўзи мевањои ширину шакарини шодоб чашидан чї лаззату њаловат дорад! Аммо лигоми ин амал дигар дар дасти мо – инсонњо нест. На обёрї ба захму дарди дарахт даво мешаваду на дору пошидан ба шохаю навдањои он. Рўз ба рўз, байни Замину Осмони беохир, дар интизории рўзњои вопасини умри худ дарахт охирин нафасњояшро бо азоб мекашаду оби танаш хушк шудаву тароваташ ба боди фано рафта, баргњояш рез-резон, мепажмураду аз ин олам чашм мепўшад. Ингуна њолатњо њам бисёр рўй медињанд, -мегўяд падарам ва тавзењ мебахшад, ки дар зиндагї зиёд мушоњида кардам дар пеши чашм нохоставу ногањонї пажмурдаву карахту заъфарону хушк гардидани дарахтони баландболою бороварро. Ва… хомўшу бесадо, дар дил гиристаам. Охир, вай нињол ё дарахт не, фарзанд буд ба ман, субњи зиндагиям бо дидори он нињол ё дарахт оѓоз мешуду бо парваришу нигоњубинаш ба шом мерасид. Њамакнун чї тавр (эњ дили баќувватам, чаро аз дарду алам пора-пора шуда накафидааст?! Офаринаш!!!) субњ аз хоб бедор гардида, ба кунљи њота, ба љойи холии замоне дарахти себ (ё зардолу) рўйида, ки ба назар ѓамангезу кулфатзада метобад, бингарам? Бигў, чї тавр? Бо кадом рў, бо кадом чашм? Кош, хонаи чашмам аз њам мерехту тира мешуду ин њолро намедидам! Аммо… Њодисаи маъмулии дигар лањзањоеанд, ки бар асари боришоту тундбодњои шадид дарахти саропо сабзу шукуфону чун арўс зебову пероста аз решаву бехаш канда шудаву шикаста ба замин меафтид.

Чї талафоти сахту аламангезест, ки тасаввури он дилу љигарро ѓарќоби хун месозад. Мушоњида мекунию боварат намеояд, ки дарахти замоне сар ба осмон кашида, дар пайи њодисаи ногањонї сар ба замин гузошта, ба хоби абадї рафтааст.

Њамин гуна њикоёти боалам мекард падарам ва панд медод, ки дар њама њолат навмед набояд шуд. Зиндагї љойи хомўшию рўњафтодагї набуду нест. Љойи он дарахтони бо амри сарнавишт хушкшудаву аз решаву беху бун шикаставу афтода, нињолони тоза бояд шинонду нигоњубину сар ба сўйи само кашанд.

Ба камол расида, соњиби хонаву дар ва фарзандон шудем. Боре падар таклиф кард, ки дар њавлиям нињолони гуна-гунаи тару тозаи мевадињанда бояд шинонем. Охири солњои 90-ум буду роњ љониби бозори Дењнав гирифтем. (Падарам аксаран аз бозори Дењнав нињол харида меовард). Таќрибан 20-30 бех нињол интихоб карда харид падарам ва савори мошин баргаштем ба дења. Рўзи дигар дар њавлии навам бо њидояти падарам (вай радањоро нишон медоду дар фосилаи 6-7 ќадам як нињол мегузошт) чуќурї кофта, нињолњои себу зардолую гелос, олую шафтолую бињї, анљиру чормаѓзро шинондем. Дар фарљом ќиблагоњ даст ба дуо кушода, фотењаи нек дод. Сипас, чашм бар чашмам дўхта, таъкид кард:

- Акнун ин нињолора аз тањти дил нигоњубин мекунї. Агар Худо файзу баракаташа дињад, дар байни 5-6 сол мева хоњанд дод. Ана, баъд самараи зањмату ранљи кашидаата дида, њай завќу кайфияте мебарї.

- Насиб кунад, бачем, - дуо дод падар ва… Ва аз он айём моњу рўзу солњои зиёде сипарї шуданд. Даќиќ намедонам, дар ёдам њам намондааст, нињолњо сабз шуда, самар оварданд. Дар зарфе себу ноку гелос ва аз дигар навъњо чида, ба айёдати падар шитофтам. Бемор буду ба болишњо такя карда, бо њасрат ба мо – фарзандон менигарист. Даме ки мевањо дар зарф аз дар даромада, пайѓом расондам, ки «гуфтаи шумо рост баромад, падар. Ана нињолони шинонидаамон самар доданд. Чї бахти бузургест». Падарам аранге ковок шуда, ба зарфи мевањо чашм давонд ва дар нигоњаш њазор розу рамз њувайдо гардид, ки ман ин рамзу рози нигоњњои падарро то њол нафањмидаму тафсир карда натавонистам. Зўр задам, худро маљбур кардам ва аммо ба ростї, ба жарфи моњияти нигоњи падарам расида натавонистам… Хонаро бўйи себу гелосу зардолуи пухта фаро гирифт…

Як бањор, баъд аз нисфирўзї дар осмон абрњои сиёњу тира лангар андохта, шамоли сахте бархост ва девонавор аз гўши дарахтон кашид. Барќ ба синаи само ханљар мекашид, раъд нињеби тарснок мебаровард. Замину осмон чунон торику зулмонї гардида, ки мегуфтї инак, шаб фаро расидааст…

Тамоми шаб раъд ѓуриду барќ љањида, борон рехт. Ба ростї, шаби вањмангезу вањшатзое буд он шаб. Ба гўш садои шиферњоро канда, ба замин њаво додани тундбод, ки ба шахси хашмгину асабї шабоњат дошт, мерасид. Њамзамон, овози шараќќос задану шикастани дарахтон аз кадом гўшаю канори дењ дилро афсурдаву хотирро ошуфта месохт.

Дами субњ аз хоб бархоста, хостам дари хонаро кушода, берун бароям. Ку, дар берун чї гапу воќеа бошад? Аммо, воаљабо, дар боз намешуд. Њарчанд зўр зада, тамоми тавону неруямро ба кор бурдам, дар во нашуд, ки нашуд. Оќибат аз роѓи дар, дидам, ки дарахти себи сурхи баландболои назди хона решагардон шуда, дар шафати дари хонаи хоб, якрост афтидааст. Љон аз дасту поям баромад. Њай дареѓ, дарахти нодире буд. Ваќти мевапаз себњои бузурги суп-сурхи шабењи лахчаалов арѓувонии шодобе мебаст. Таъму шањдаш дар атроф овоза шуда буд. Ба њамсояњо сатил-сатил чида, хайр мекардам. Сад афсўс, дареѓ…

Он рўз аз аламу њасрат наволае ба дањон набурдам. Кош, падарам зинда мебуду дарди ќалбамро пешаш холї мекардам. Ќиблагоњ бо суханони пандомез тасаллоям медодам. Эњ, падару модарам кайњо дар пушти олами рўъёянд, кайњо…

- Ѓам нахўр, дилатро хун накун, - баногоњ овози падарамро дар бехи гўш шунидам. Хости Худо, дарахт мехушкад, мешиканад, чаппагардон мешавад. Нињоли нав мешинонї, парваришу нигоњубин мекунї. Чаро андуњи бењударо ба дил љой медињї?

Садое, ки аз рўъё омад, муттакою ќуввати дилам шуд… Чанд рўз баъд дар љойи дарахти муњташами чаппашуда нињоли нав шинондам. Сабз шуду мард шуд. Инак…

20 сол тирвор гузашт аз он айём. Мевањои сурху арѓувонии дарахти себ коми њамдењагонро ширин мекунад, мурѓони њаво аз он мечашанд.

Зикри хайр мекунанд.

Насињатњоят њамдами мананд, падар!

Боѓи сабз самараи зањмату талоши туст, падар!

Шодї Раљабзод,

«Омўзгор»

 

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш