Нашрияи Омӯзгор

ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА МАҲОРАТИ КАСБӢ

Сана: 2022-03-17        Дида шуд: 119        Шарҳ: 0

Технология бахши муњими зиндагии башарият гардидааст ва имрўз ягон соњаи рўзгорро бидуни он наметавон тасаввур намуд. Бо дарназардошти муњимияти технологияи навин, Њукумати кишвар ба ин масъала таваљљуњи махсус зоњир намуда, барои њамрадифи кишварњои пешрафта гардидани љумњурї шароитњои заруриро фароњам овардааст.

Доштани саводи компютерї яке аз масоили умда ва мубрам дар соњаи маориф ба шумор меравад, чунки дар ќарни бисту як тамоми корњо мањз ба воситаи компютер роњандозї гардида, донистани он барои њамагон, махсусан кормандон ва масъулони соњаи маориф, мисли обу њаво зарур мебошад.

Барои гирифтани саводи компютерї фанни технологияи информатсионї кумак мерасонад. Ба њамин хотир аст, ки њам дар мактаби миёна ва њам дар донишгоњу донишкадањои кишвар омўзиши компютер ба таври густурда роњандозї гардидааст.

Бояд ќайд кард, ки дар муддати начандон зиёди таърихї технологияи информатсионї аз як фанни техникї дар бораи усул ва воситањои коркарди маълумотњои додашуда бо ёрии мошинњои њисоббарор, ба илми бунёдї дар бораи информатсия ва равандњои информатсионии на танњо системањои техникї, балки табиат ва љомеа табдил ёфтааст. Информатикунонии љомеа бо худ тањаввулоти илмию техникї ва иќтисодию иљтимоиро меоварад, ки он дар навбати худ њаёту фаъолият ва тафаккуру арзишњои инсониро дигаргун месозад.

Зикри њамин нукта худ њаќиќати бебањс аст, ки имрўз аксари насли љавон ва калонсоли љомеа аз шабакаи умумиљањонии ИНТЕРНЕТ истифода мебаранд, ки ин система бидуни компютер наметавонад фаъолият намояд. Ќариб аксари омўзгорон истифодабарии ИНТЕРНЕТ-ро медонанд ва барои гирифтани маълумоти наву тоза оид ба фанни таълимии худ аз он мадад мељўянд.

Омўзгорони фанњои мухталиф метавонанд барои истифодабарии воситањои аёнї, њар гуна тест ва саволу љавобњо аз ИНТЕРНЕТ маводи заруриро дастрас намоянд.

Бояд гуфт, ки аксари маълумотњои хубу муњим бо забони русї ва англисї њастанд, аммо дар солњои охир, бо сабаби фаъол гардидани сайтњои тољикї, бо забони тољикї њам иттилоотро дастрас намудан мумкин аст. Масалан, омўзгорони забон ва адабиёти тољик метавонанд ИНТЕРНЕТ-ро ба таври васеъ истифода баранд. Оид ба тарљумаи њоли шоирону нависандагон, маводњои диктанту иншоњо дар мавзуъњои муайян, расмњои шоирон ва ѓайра маълумот пайдо намоянд. Барои шавќовар ва рангин гузаштани дарс аз расмњои њаёт ва фаъолияти шоирон истифода бурдан мумкин аст.

 Омўзгорони фанњои даќиќ метавонанд аз тестњои санљишї, саволу љавобњо, бозињои мантиќї ва ѓайра истифода карда, дарсњои худро шавќовару рангин гузаронанд.

 

Рањима Мулосафарова,

 омўзгори фанни технологияи информатсионии

МТМУЃ «Мактаби Иршод», шањри Хуљанд

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш