Нашрияи Омӯзгор

Наврӯз дар ақсои олам

Сана: 2022-03-17        Дида шуд: 78        Шарҳ: 0

Мардуми Эрон хони Наврўзиро бо њафт син оро дода, интизори соли нав, яъне Наврўз мешаванд. Чун Наврўз фаро мерасад, калонсолон ба хурдон туњфањо медињанд ва хурдон дар ин рўз ба аёдати бузургон мераванд. Эрониён низ пеш аз таљлили иди Наврўз расми «Хонатаконї»-ро ба љо меоранд. Онњо аќида доранд, нафаре, ки хонаашро тоза накард, рўњу арвоњи гузаштагонаш ношод мегардад ва аз хонадони ў баракат дур мешавад.

Дар Афѓонистон

Дар ќаламрави Афѓонистон низ Наврўзро бошукўњу шањомати ба худ хос таљлил менамоянд. Дар вилояти Балх иди Наврўз чињил рўз љашн гирифта мешавад. Мардум нахуст барои сазовор истиќбол намудани иди Наврўз парчами бузурге меафрозанд ва дар гирди он хурсандї мекунанд. Чун бањор фасли зиндашавии табиат аст, ин рўзро «Иди гули сурх» низ меноманд. Дар баробари таљлили иди Наврўз ба он нафароне, ки дар арафаи ин рўзи фархунда издивољ намудаанд, туњфањо таќдим карда мешавад. Баъди чињил рўз, замоне ки таљлили иди Наврўз ба анљом мерасад, парчами Наврўзиро фароварда, дар порчаи зар мепечонанд ва то соли дигар нигоњ медоранд.

Дар Туркманистон

Дар Туркманистон ин иди аљдодиро «Наврўз байрам» ном мебаранд ва нахустин рўзи Наврўз Рўзи зан ќабул шудааст. Мардуми туркман дар иди Наврўз базм ороста, раќсу бозї ва сурудхонї мекунанд. Онњо раќси «Ханљар»-ро њамчун раќси миллї хоси Наврўз мешуморанд ва онро дар таљлили ин иди фархунда, бо мањорати баланд иљро мекунанд.

Дар Ќазоќистон

Маќоми Наврўз дар миёни мардуми ќазоќ волост. Дар ин сарзамин санаи 22-юми март бањри сазовор таљлил намудани Наврўз мардум ба кўча баромада, идро бо хусусиятњои ба худ хос таљлил менамоянд. Бањри истиќболи Наврўз суманак пухта, дар њафт зарф, ки ранги сафед доранд, гирифта, ба мардум таќсим мекунанд. Базм ороста, шодї мекунанд. Дар баробари базм, боз мусобиќаи аспдавонї сурат мегирад, ки саворагон сиккањои тиллоиро бо тири пайкон ба нишон мегиранд.

Дар Ўзбекистон

Дар Ўзбекистон Наврўз бо як шањомати хоса ва завќи беандоза таљлил карда мешавад.

Дар шањрњои тољикнишини Самарќанду Бухоро шаби чањоршанбеи Наврўз гулхан афрўхта мешавад ва он шабро «Шаби оташафрўз» меноманд. Дар ин шаб мардум дар гирди оташ сурудхонї мекунанд. Яке аз оинњои дигари мардуми Самарќанду Бухоро, ќулфкушої мебошад, ки бо номи «Кушоиши ќулфи бахт» дар миёни ањолии ин сарзамин маъруф аст. Мувофиќи суннати ин оини аљдодї, дўшизагон ќулф дар даст ба кўча баромада, аз роњгузарон хоњиш мекунанд, ки онро кушоянд ва агар аввалин нафаре, ки онро боз мекунад, муљаррад бошад, пас, он фоли нек њисобида мешавад. Мардуми ўзбек ин рўзро бо ширинии Наврўзи-суманак истиќбол мегиранд.

Дар Ќирѓизистон

Наврўзро дар пойтахти кишвар њукуматдорон ва дар дења ањолии дења бо пешнињоди пирони солхўрда таљлил менамоянд. Дар рўзи Наврўз мардуми ќирѓиз бозињои варзишї, мањфилњои фарњангї ва адабиро роњандозї мекунанд. Љавонон дар дењот ба аспдавонї машѓул мешаванд. Дар шањрњои Бишкек, Љалолобод, Ош ва Талас бозори фурўши мањсулот доир мегардад. Занону бонувон бошанд дар ин рўз таомњои наврўзї пухта, ба наздикону дўстони худ њамчун ѓизои идона таќдим мекунанд.

Дар Озарбойљон

Дар Озарбойљон Наврўз яке аз љашнњои муњим ба њисоб рафта, се рўз (аз 20 то 23) таљлил мегардад. Мардуми Озарбойљон ба он бовар доранд, ки њар касе дар рўзи Наврўз хайру сахоро пешаи худ ќарор намедињад, аз саодати рўзгор мањрум хоњад монд. Яке аз суннатњои мардуми Озарбойљон, овехтани кулоњ дар тирезаи хона мебошад, ки ба маќсади дарёфти њадияи наврўзї гузошта мешавад.

Яке аз вижагињои дигари ин љашн, оростани базм ва шодї намудан мебошад. Махсусан, таронаи «Бирав-бирав» ва «Рух бинмо» мебошад, ки дар миёни мардуми Озарбойљон чунин маънї дорад: гўё инсон ба моњ мегўяд, ки бирав, вагарна муљозот хоњї шуд ва ба Офтоб мегўяд, «рух бинмо», яъне рўятро ба мо бинамо. Мувофиќи бовари мардум, Офтоб рамзи бањор ва Наврўз аст.

Дар Покистон

Мардуми Покистон рўзи аввали Наврўзро «Олами рўшної» номида, бар он боваранд, ки бо омадани Наврўз олам мунаввар мегардад. Баъзе аз ањолии ин кишвар Наврўзро њамчун љашни динї пазируфтааст ва онро бо ояту дуо пешвоз мегиранд.

Дар Покистон њангоми фарорасии иди Наврўз шаби шеъру суруд ва раќс баргузор мегардад. Наврўз дар миёни мардум «Љашни гули сурх» ва дар таќвими расмї «Иди Наврўз» номида мешавад. Дар рўи хони идона гузоштани Ќуръон, оина, шамъ, гул, сабзаљот ва парчам рамзи ин сарзамин мебошад. Аёдати хешу табор, зиёрати оромгоњ ва дидор бо дўстон аз суннатњои мардуми ин кишвар мебошад.

Дар Арабистон

Дар кишварњои арабнишин, бахусус, Ироќу Сурия иди Наврўз њамчун иди миллї љашн гирифта мешавад. Мањфили савту наво барпо мегардад. Дар ин кишварњо Наврўз бо номи «Найрўз» ва «Раббиъ», яъне «Бањор» мегузарад. Курдњои муќимии Арабистон низ ин рўзро љашн мегиранд. Наврўзи курдњо, шабењи Наврўзи эронињост.

 

Зиёвиддин БЎРИЕВ,

омўзгори коллељи омўзгории

шањри Њисор

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш