Нашрияи Омӯзгор

МУРОҶИАТНОМАИ омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф ба фаъолони вилояти Хатлон

Сана: 2022-03-19        Дида шуд: 185        Шарҳ: 0

Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон 24-уми феврали соли љорї бо роњбарону фаъолони вилояти Хатлон вохўрї гузарониданд, ки зимни он наќши њалкунандаи соњаи маорифро дар пешрафт ва рушди кишвар ба таври махсус таъкид карданд. Дар суханронї зикр шуд, ки соњаи маориф ба ислоњот ва дигаргунии комилан љиддї ниёз дорад ва зарурат ба миён омадааст, ки кормандони соњаи мазкур бо тамоми сохторњои мављудаи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон њамкориро ба роњ монда, дастрасї ба пешрафт ва комёбињои назаррасро таъмин намояд.

Ба маќсади дар амал татбиќ намудани супоришу дастурњои Пешвои миллат ва таъмини рушду такомули соњаи маориф мо, ањли илму маорифи вилояти Хатлон, мурољиатномаи зеринро ба њайси дурнамои соњаи маорифи вилоят ќабул менамоем.

Њамкасбони азиз!

Биёд дар њамбастагї ва муттањидї ба хотири рушди соњаи маориф камари њиммат бандем, барои парвариши кадрњои баландихтисос, кормандони њирфавии соњањои гуногуни хољагии халќ кўшишу ѓайрат намоем, насли наврасро дар рўњияи баланди худшиносии миллї ва ватандўстї тарбия кунем, барои ташкили мањфилњои фаннї, кабинетњои фаннї ва дониши њамаљониба додан ба онњо аз тамоми имконоти мављуда истифода барем. Барои он саъйю талош намоем, ки шогирдони мо дар олимпиадаву озмунњои дохили кишвар ва берун аз он Тољикистонро бо сари баланд муаррифї карда тавонанд, одобу ахлоќи баланди тољикона дошта бошанд, бо ихтирооту дастовардњои тозаи илмї ифтихори миллату кишвари худ гарданд.

Кормандони муњтарами васоити ахбори омма ва ањли зиёи вилоят!

Аз шумо хоњиш карда мешавад, ки дар муаррифии омўзгорони асил,

тарѓиби таљрибаи пешќадами муаллимони соњибмактаб, хонандагони фаъол, дастовардњои муассисањои тањсилоти умумї, гимназия, мактабњои намуди нав ва дигар пањлуњои соњањои маориф бо мо њамкорї намоед.  Сухани созандаи шумо ва баланд гардидани маќоми омўзгор дар ин росто барои амалї гардидани њадафи умумии мо, ки пешрафти соњаи маориф аст, муассир хоњад буд.

Муњтарам намояндагони њизбњо, Њаракати вањдати миллї ва эњёи

Тољикистон, Шурои собиќадорони љангу мењнат ва ташкилотњои динї!

Мо бо камоли эњтиром, аз шумо хоњиш менамоем, ки дар вохўриву нишастњо ва суханронињои худ ќисматеро барои соњаи маориф људо намоед, зарурати омўзиши илму фанро ба мардум фањмонед, амали хайр буда-ни бунёди мактабњоро, ки насли наврас тавассути  онњо  аз  нодонию  гумроњї наљот  меёбанд,  шарњу  тафсир  намоед. Зеро њарчанд дар замони Истиќлоли давлатї теъдоди муассисањои тањсилоти умумии вилоят ба 1365 адад расидааст, дар ин миён шумораи хонандагон дар зарфи 30 сол 394 њазору 427 нафар афзудааст.  Яъне, бунёди њамасолаи таълимгоњњои нав ногузир ва дорои ањамияти стратегї мебошад. Бовар дорем, ки тавассути панду насињат, шумо рўњияи мардумро ба самти маориф гароиши мусбат хоњед дод.

Кормандони муњтарами маќомоти њифзи њуќуќ!

Мо сањми шуморо дар тањкими пояњои давлатдории навини тољикон-эъмори Тољикистони соњибистиќлол, ташаккул ва устуворшавии шохањои њукумат ва таъмини волоияти ќонун медонем ва эътироф менамоем.  Дар баробари ин, аз шумо эњтиромона хоњиш дорем, ки дар њамкорї соњаи ма-орифро аз њар гуна санљишњои пайдарпай ва њавсалафарсо озод намоем, бо таваљљуњу њамкорї имконият фароњам биёрем, ки омўзгорон бо дили гарм ва рўњияи устувор ба рисолати омўзгории худ машѓул шаванд. Фаромўш накунем, ки њамаи мо парварда ва тарбиятдидаи он шахсонем, ки номи пуршарафи омўзгорро доранд. Эътимоди комил дорем, ки мурољиати мо аз љониби шумо бо ќаноатмандї пазируфта мешавад.

Соњибкорони муњтарам!

Хидматњои шумо дар ободонї ва шукуфоии ватан бемисл аст. Таќрибан шањру ноњияеро дидан номумкин аст, ки дар он бо сармоягузории шумо љойњои корї фароњам нашуда бошад, ё сохтмону дигар корњои ободонї ба назар нарасад. Чашми умеди мо аз шумо ин аст, ки аз таваљљљуњи Сарвари давлат ва Њукумати кишвар ба соњаи маориф илњом гирифта, сармоягузориро дар соњаи маориф бештар менамоед ва дар роњи ба ќуллањои баланди рушд расидани соњаи маориф аз худ њиммат ва љавонмардї зоњир менамоед.

Муњтарам намояндагони ташкилоту муассисањои њамкор!

Мо намояндагони шуморо барои њамкорї бо нашрияњои соњавии маорифи вилоят ташвиќ менамоем. Навиштањое, ки љанбаи тарбиявї доранд, тавассути ин нашрияњо ба омўзгорон дастрас мегарданд ва дар корњои њаррўзаи онњо мададрасон хоњанд шуд ва василае хоњад шуд, ки робитаи кормандони маорифро бо нињодњои дигар тањким мебахшад.  Ин њамкорї ба баланд рафтани маќоми маориф, ки Пешвои миллат ба он таваљљуњи доимї доранд, беасар нахоњад монд.

Падарону модарони муњтарам!

Шумо яке аз ду ќаноти соњаи маорифед. Бе кумак ва дастгирии шумо ба натиљањои дилхоњ расидани соњаи маориф мушкилу душвор аст. Хоњиши мо ин аст, ки робитаи худро бо мактаб устувор намоед, дар ислоњи нуќсонњои мављудаи таълимандўзї ва тарбиявї сањмгузор бошед.  Биёед, якљо барои пешрафти соњаи маориф тамоми зарфиятњои худро истифода мебарем ва наслеро тарбия менамоем, ки дар оянда номбардори ватану миллат ва волидони худ гарданд.

Мо бовар дорем, ки тамоми ташкилотумуассисањои њамкор ва сокинони бофарњанги вилоят бо ин мурољиатнома њамовоз  мегарданд  ва  дар њамбастагї бо  онњо  омўзгорони  вилояти  Хатлон бањри  амалишавии  ормонњои миллї, иљрои дустуру супоришњои Пешвои миллат тамоми  дониш, ќудрат, мањорат, малака ва таљрибаи  худро дареѓ надошта, рушди бесобиќаи соњаи худро таъмин хоњанд кард.

Мурољиатнома дар маљлиси

васеи фаъолони вилояти Хатлон рўзи

02.03.2022 ќабул шудааст


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш