Бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 августи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф вохӯрии Нуриддин Саид – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хуршед Икромӣ-директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо котибони масъули комиссияҳои қабули муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба қабули ҳуҷҷатҳои довталабон баъд аз тақсимоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои идомаи таҳсилот ва гирифтани маълумоти дуюм, қабули довталабони тибқи квотаи Президентӣ роҳхатгирифта, зимни қабули ҳуҷҷатҳо роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, риоя намудани одоби муошират бо довталабон ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазир қайд намуд, ки қабули ҳуҷҷатҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз ҷониби котибони масъул ҳамарӯза бояд аз соати 7:00-и субҳ оғоз ёфта, дар давоми рӯз дархости тамоми довталабон бояд қонеъ гардонида шавад. Инчунин, ба роҳбарони муассисаҳо ва котибони масъул дастур дода шуд, ки бо дарназардошти вазъияти молиявии довталабон дар сурати надоштани имкони пардохти пурраи шартномаи таҳсил ба таври истисно барои давра ба давра пардохт намудани маблағи таҳсил қабули ҳуҷҷатҳо иҷозат дода шавад.
Вохӯрӣ бо мубодилаи афкор ҷамъбаст гардида, Хуршед Икромӣ-директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайфиддин Давлатзода-муовини вазири маориф ва илм ва иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда фикру андешаҳои худро иброз намуданд.
Аҳмадшоҳи МАСЪУД,
корманди Маркази
матбуоти Вазорати
маориф ва илм
Иловакунӣ
Иловакунии фикр