Нашрияи Омӯзгор

Вақте хирадандешӣ тира мешавад...

Сана: 2022-03-31        Дида шуд: 103        Шарҳ: 0

Яке аз масъалањои бањсноке, ки њамеша касро ба андешидан водор месозад, ин аст, ки чаро миллате, ки таърихи 8-уним њазорсола дорад ва барои кишварњои љањон дар дунёи бостон тамаддун ва инсониятро омўхтааст, дар дарозои таърих ва махсусан, дар њазорсолаи охир ба мушкилот дучор шудааст? Парчамбардорони тамаддуни даврони Њахоманишї, Ашконї ва Сосонї дар ду-се њазор сол ќабл, ваќте ниме аз љањон дар торикиву љањл зиндагї ба сар мебурд, машғули сохтмони тамаддуну пешравї ва интиќоли аносири фарњангї ба миллатњои дигар буданд. Њатто онњо ба миллатњои њамљавори хеш унсурњои тамаддунро интиќол дода, ба онњо одамияту башардўстї ва манъ кардани онњо аз ќурбонї кардани инсонњоро дар баробари њаводиси табиї пешнињод карда буданд.

Дар  садсолањои ќабл аз мелод мардумони мо ба њайси мардумони «озодагон», «некманиш» ва «некухирад» дар љањон шинохта шуда буданд. Асилтарин шиорашон, ки пояи асосии тамоми ахлоќи башар аст: «пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» буд. Ваќте вазъи бади пасовандагони ин фарњанги бузургро дар Хуросон ба чашми сар мебинї, инсон њайратзада мешавад, ки чи гуна ваќте миллате, ќавме арзишњо ва худии андешаашро аз даст медињад ба зиллату бадбахтиву накбат дучор мешавад.

Душмани асосии мо нодониву ноогоњї аст. Њар бегонае дар тўли таърих ба ин сарзамин њамла кард, китобњоро сўхт, донишмандро кушт ва ё ба он барчаспе зад. Хурофот ва таассуби диниро дониш эълон дошт ва мардумонро дар нодониву тарси њамешагї ќарор дода, ба онон дастур муќаррар кард, ки дониш њамин аст.

Нодонию таассубе, ки имрўз дар Хуросон, ки љузъе аз сарзамини куњани тамадуни мо аст, љой дорад, чунин ба назар мерасад, ки фољиаи гуруснагї, бадбахтї ва нобудии берањми инсонњо дар ин марз бедод мекунад. Гўё марг дар ин сарзамин њокимият дорад ва њар лањза дањњову садњоро ба коми хеш мепечад. Имрўз таассуби густурдае, ки дар хоки Хуросон њоким аст, мардумонро заиф, нотавон, бадбахт ва ба як навъ бемории фалаљи умумї гирифтор кардааст. Мутаассифона, хурофотзадагию нодонї ва таассубу динигарої мардумонро дучори карахтии андеша ва бењаракатї намудааст.

Аз њама нигаронкунанда ин аст, ки ваќте ќавмњо ва миллатњо шуљоату љасоратро аз даст медињанд, онњо ба мардумон ва миллатњои тарсу табдил меёбанд. Дар ин сурат, онњо наметавонанд дар баробари њар гуна њуљумњои аљнабї истодагарї намоянд. Чунин ба назар мерасад, ки решаи њамаи ин бадбахтињо дар таассубу нодонї бовармандии густурда, таваккулї, хурофотзадагї, андешањои осмонї ва ба зиндагиву љањон ба тариќи воќеъият назар накардан аст.

Кишварњои зиёди шарќї тавонистанд дар баробари пешрафтњои чашмгири Аврупою Амрико худро созанд. Пеш аз њама, бо такя кардан ба илму маърифат ва расидан ба фанноварињои навин, даст кашидан аз таассуботи динию љањлу хурофот ва шинохти арзишњои баланди милливу умумиинсонї, кишварњои худро то ба сатњи  зарурї боло бурдаанд ва имрўз ба њайси кишварњои бузурги истењсолии љањон ќарор доранд, ки дар ин радиф метавон кишварњое аз ќабили Љопон, Кореяи Љанубї, Чин, Њинд ва чанди дигарро ном бурд. Ин кишварњо бо назардошти арзишњои волои фарњангии хеш, ки ифодагари бунёди ин миллатњо буданд, њамчунин, кор гирифтан аз донишу илму хирад, дастовардњои бузурги тамаддуни ғарбї тавонистаанд ба кишварњои соњибнуфузи љањон табдил ёбанд.

Агар ба ањволи љопонињо ва њиндуњо дар чанд дањсола пеши назар орем, онњо ањволи бадтареро дар нисбати кишварњои аврпуої доштанд, аммо бо такя кардан ва омўхтани таљрибаи кишварњои пешрафта кўшиш карданд, худро бисозанд ва он таљрибаро њамагї пиру љавон ва зану мард бипазиранд. Дар интишор ва пањну ривољ додани афкори созандаву пуё њамагї ба хотири манофеи миллиашон кушо шуданд ва ин огоњии сартосарї аз илму донишу фановарї ононро ба кишварњои пешрафтаи љањон табдил дод.

Бояд аз таљрибаи кишварњои аврупоии дар самти тарвиљи донишу илму фанноварї омўхт ва таљрибаи ононро барои пешрафт истифода намуд.

Гурўњњои вопасгаро ба инсонњои пешрафта барчаспи ғарбзадаро унвон мекунанд. Аммо њељ яке аз онњо аз сари таассуб наметавонад холисан ба ин натиља расад, ки љопонињо бо донишу хирадварзї њам њувияти хешро нигоњ доштанд ва њам кишвару миллати худро дар сатњи љањонї пуё ва таъсиргузор ба намоиш дароварданд.

То замоне ки бедонишї, таассубзадагї, љањолат, бовармандии вопасгаро љой дорад, пешравї аз лињози фарњангию сиёсї ва њам иќтисодию иљтимої номумкин аст.  То замони ин ки нодонию таассуб бар доної тарљењ дода мешавад ва донишманду хирадгаро дар љомеа љойгоње надорад, љавонон ва неруи асосии љомеа аз пайи хирадандешиву донишу фановарї нестанд ва мисли пирон худро бо асотири  асримиёнагї таскин медињад ва барояш достону ќиссањои боварманд бартар аз донишу фазилатанд, одат ва русуме, ки ба даврони асри сангу замони барбарият ба њайси арзиш ќабул мешаванд ва иддае аз гурўњњои иљтимої чунин навъи аќидаро њаќиќати мутлаќ њисобида аз он дифоъ мекунанд,  пешрафт нахоњад шуд.

Пас, ягона роњи дуруст тарвиљи илму дониш ва бозгашт ба он асолати тамаддуниест, ки мардумони мо онро 3 њазор сол ќабл дарёфта буданд ва бо таъсири њуљуми бадавиён њама он арзишњоро аз даст дода, ба баръакси худ табдил шудаанд.

 

Исомиддин ШАРИФЗОДА,

номзади илмњои фалсафа,

мудири кафедраи гуманитарии

Донишгоњи технологии Тољикистон

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш