Нашрияи Омӯзгор

Зиндагӣ ҳамрози мардум будан аст

Сана: 2022-03-31        Дида шуд: 93        Шарҳ: 0

Зиндагї њамрози мардум будан аст

Табиати одамї њамин аст; њар ќадар синну солаш боло меравад, андешааш гирди рўзгорони гузаштааш бештар мепечад ва ѓолибан аз он меандешад, ки чї корњое шоиставу ёдмон кардаасту њамакнун чї «наќдинае» дар даст аз гузашти рўзгор дорад. Ва чун дармеёбад, ки чанд пораи зебои умр ба бењудагї сарф накардаасту наќше аз бењтарин марњилањои зиндагї дар њастии худу дигарон гузоштааст, болидахотиру шукуфтањол мешавад, як навъ неруе тавонбахш вуљудашро фаро мегирад, худро хушбахт дармеёбад.

Њамин андешаву њамин њолат фарогир аст њоло ўро. Дањсолае беш гузашта, ки нафаќахур асту дар ињотаи ањли оила, дўстону пайвандон рўз мегузаронад. Ба ибораи худаш, синну сол доираи «љуѓрофиёи фаъолияташ»-ро баѓоят мањдуд карда. Ёд бод айёме, ки гоњ дар Тољикистон буду гоњ дар Афѓонистону Эрон ва мамолики дигар. Њамеша дар такопў, дар љустуљў, дар «фарёд»-у эљод буд. Мекўшид, ки њар лањзаи фаъолияташ босамар, њамбаста бо ободиву рушди Ватани азиз бошад. Ва хушо, ки ба ин муваффаќ њам мешуд, зеро азму иродаи ќавї, муњаббати самимї ба халќу диёри хеш дошту хушбовар ба фардо буд…

Бузургворе таъкид карда: «То шахс дар зиндагї љодаи хосу мувофиќи худро дармеёбад, ки ба чанд кўву барзан сар мехалад, чанд маротиба пешпо мехурад, меѓалтаду мехезад. Ин љо муњим он аст, ки шикаставу рўњафтода нашавад, пойдору устувор бимонад. Он гоњ љойгоњи аслии хешро дар пањнои њаёт њатман хоњад дарёфт». Њавасу орзуњои зиёде дар дил дошт њангоми наврасї Шералии чусту чолок ва доништашна. Мактаби дењаро (дењаи Куњандиёри ноњияи Фархор) бомуваффаќият хатм намуду (соли 1969) бо тањрики њавасњои љавонї донишљўи Донишгоњи политехникии Тољикистон дар шањри Душанбе шуд. Осон набуд он айём донишљўи ин мактаби олии бонуфуз гардидан; аз њар 10-12 нафар довталаб як нафар ба ин маќом сазовор мешуд. Пас аз ду соли тањсил дар донишкада Шералї ба фаросат дарёфт, ки роњи пазируфтааш аслан созгор ба ќобилият ва истеъдоду майлу хоњишаш нест, шитобзадаю њаваспечида шудааст дар интихоби соњаи фаъолияти ояндааш. Аслан ў таваљљуње самимї нисбат ба адабиёт дошт, њамвора китоби бадеї мутолиа мекард, гоњ-гоњ љуръат пайдо карда барои рўзномаи девории мактаб ва рўзномаи ноњиявї маќолањову лавњањо менавишту аз чопи онњо сар ба осмонњо месуд. Њамин шавќу истеъдодаш чун лахчаи муддате зери хокистар монда аз нав шуълавар шуду Шералї пас аз муддате дар коргоњи азими «Тољикагрегат» кор кардан њуљљат ба факултаи филологияи тољики Донишгоњи давлатии Тољикистон супорид (соли 1972) ва аз нахустрўзњои тањсил дар ин боргоњи овозаманд хуб эњсос намуд, ки инак, вуруд ба он арсае гаштааст, ки аслан дилаш мехост ва ќобилияту истеъдодаш таќозо дошт. Воќеан њам, «њар касеро бањри коре сохтаанд». Сабаќомўзї аз устодони маъруфу хирадвар Соҳиб Табаров, Шарифљон Њусейнзода, Рањим Мусулмонќулов, Худої Шарифов, Назира Ќањњорова, Саид Њалимов, Эргаш Шоев, Абдунабї Сатторзода… барои Шералї дари дунёи густурдаи фарњангу маърифату маънавиятро боз намуд, истеъдодашро сайќал бахшид, донишу бинишашро вусъат эњдо кард. Њамчунин, бањсу мањфилу суњбатњои њамарўза бо њамсабаќонаш Мавлон Раљаб, Низом Ќосим, Додољон Атовуллоев, Рањмон Остон, Саёњат Неъматова, Усмон Солењ… донишафзою таќвиятбахши ќобилияташ мешуданд. Дар баробари тањсили шоиста пайваста лавњаю маќолањо эљод мекард, вале ин навиштањо аксаран рўи коѓаз мемонданд; њанўз аз сатњу сифати ангорањои хомааш ќонеъ набуд. Нињоят, ваќте ки дар курси сеюм тањсил дошт, њафт лавњаи тозаэљоди худро, ки мазмуни тарбиявию таблиѓотї ва андаке интиќодї доштанд, барои маслињат ба яке аз устодонаш (Иброњим Усмонов) пешнињод кард. Аз устодаш дастур гирифт, ки ин лавњањоро ба идораи телевизион пешнињод намояд. Шоњин Боев, корманди масъулу маъруфи телевизион, бо лавњањои Шералї ошно шуда, бо ќаноатмандї дарзамон коргардони шинохтаи телевизион Сољида Ѓуломоваро ба њузураш хонд ва нидо дардод: -Сољидабону, њамеша «маводи хуб надорем, маводи таъби дил нест» мегўед, мана, аз ин навиштањои хеле хуб истифода бареду ба ин љавон, ки Шералї ном дорад, ташаккур гўед.

Њафтае нагузашта тавассути телевизион вобаста ба њафт лавњаи Шералї њафт сањнаи кучаку пурмазмун ва диданї намоиш дода шуд. Шералї намоишњоро, хамроњ бо њамсабаќонаш дар толори донишгоњ тамошо кард. Хурсандиашро њадду канор набуд. Дўстонаш самимона табрикаш намуданд, декани факултет Мањмуд Давлатов ўро ба оѓўш кашида, «ту эљодкори хубе хоњї шуд» гуфт. Бо њамин рухдоди гуворо Шералї Мустафоќулов пайроњае ба сўи телевизиони кишвар пайдо кард, ки бо гузашти айём ин пайроња ба шоњроњ табдил ёфт.

Пас аз хатми мактаби олї ин љавони аз овони донишљўї дар доирањои кормандони телевизиони тољик «одами худї» шуда дар ин идораи бонуфуз оѓози фаъолият намуд. Сароѓоз дар боэътибортарин шуъбаи телевизион-шуъбаи агитатсия ва пропаганда тањти сарварии рўзноманигори маъруф Мазњабшо Муњаббатшоев кор кард. Фаъолияташ њамбаста ба љидду љањд ва тозакорї буду њама гуна супоришотро сариваќт ва бо сабку услуби вижа сомон мебахшид. Баъд аз такмили ихтисос дар шањри Маскав муњаррири калони шуъбааш таъйин карданд. Њамин тавр, дар заминаи корсозињои масъулиятмандонаву пайгиронааш зина ба зина боло рафт, сазовори эътимоду боварї ва эњтиром гардид ва дар сафи кормандони варзидаи телевизион љойгоњи сазовор дарёфт. Шералї Мустафоќулов солиёни зиёд ин љо дар вазифањои гуногун (аз мудири шуъбаи мактубњо ва тадќиќоти сатсиологї то љонишини директори ТВ «Бањористон») кор кард ва дар рушду такомули телевизиони тољик наќши сазовору мондагор гузошт. Ў шабњои дароз бедорхобї кашида, тарњи барномањои муњтавоманду пурсуд ва маќбули бинандагонро мекашид, њар як мактуби тамошобинону эътиќодмандони теелвизионро бо камоли масъулият омўхтаву пайгирї мекард, мунтазам ба манотиќи гуногуни љумњурї сафар карда, барномањои љолибу самаровар тањия месохт, намоишњои рангину маќбул ва филмњои мустанад тањия менамуд, инчунин, ба тарљумаи филмњо низ шуѓл меварзид. Ба як сухан њар рўзи фаъолияташ саршор аз эљоду талошу љањд буду мундариљаи ин њама такутозаш созгор ба мазмуни ин байти машњур:

Мављем, ки осудагии мо адами мост,

Мо зинда бар онем, ки ором надорем.

Шералї Мустафоќулов чун табиатан шахсе озодандешу ватандўст ва фарохназар буд, истиќлоли кишварро бо фарању шодмонї пазируфт, сарафрохта шуд ва иртиботу муњаббаташ ба пешааш боз њам афзуд. Ў дар солњои нахусти истиќлоли мамлакат аз ихтилофоти дохилї сахт мутаассир буд, ботинан ранљ мекашид ва чун ватанпарвари асил љањд бар он дошт, ки ба ќадри имкону тавони худ њам бо ќаламу њам бо сухан бањри њифзи якпорчагии кишвар, хомўш кардани оташи љанг ва тантанаи сулњ вањдат њиссагузорї кунад ва њамин тавр њам кард. Барномањои телевизионие, ки ў тањияву омодаи пахш мекард, таъсиргузор ба эњсосоти дўстиву бародарии мардум мешуданд, њамагонро ба њифзи истиќлоли давлатї даъват месохтанд, воќеиятро бидуни тањриф тавзењ мебахшиданд, афкори «олуда»-и ањли љомеаро аз фањмишњои ѓаразмандонаву бебунёд, ки наќши таблиѓгарони људоихоњу худкома ва тахрибкор буданд, софу солим менамуданд. Сањифаи дурахшони корномаи Шералї Мустафоќулов дар ин давраи муњлику фољеабор сафари беш аз думоња ба Афѓонистон, ба мањаллањои махсуси ин кишвари њамсоя буд, ки фирориёни тољик маскан гузида буд. Ин љо дуртар аз мавзеи Хайратон дар пањнои регистон дар хаймањо теъдоди зиёди гурезагон аз дањшати љанг ва љабри ифротиён бо дили рамидаю ќомати хамида зиндагї доштанд.

Шералї Мустафоќулов бо чанд корманди дигари телевизиони тољик микрафону дастгоњи наворбардорї дар даст хайма ба хайма гашта, ба њамдиёрони шикастадилаш паёми Президенти тозаинтихоби Тољикистони соњибистиќлолро мерасонд ва дар заминаи суханони мењрбору мардумпарастонаи Сарвари кишвар онњоро ба Ватан даъвату њидоят мекард, дар љаласањои сайёри созмонњои байналмилалї оид ба гурезагон ширкат меварзид, дар кулли мулоќоту њамоишњо вобаста ба мавзўи фирориёни тољик дар марзи Афѓонистон ширкат меварзид. Гузоришоти зиёди тањиякардаи ў дар барномаи он замон машњури радиои тољик-«Хоки Ватан» низ истифода мешуданду тасхири дилњо мекарданд.

Дар ин порамарзи њамсоякишвар Шералї Мустафоќулов пурра њамќисмату љонпайванди фирориёни њамдиёраш шуда буд; гоњ гушнаву гох ташна, гоњ сармозадаву гоњи дигар ашк дар чашм. Вале бо эътимоди ќавию бо ќаноатмандї ба Ватан баргашт, зеро бар он бовар расид, ки дар андак фурсате батадриљ кулли фирориёни тољик ба марзи бобоии хеш хоњанд баргашт, зеро дигар онњо ба ќавлу амал, ба сиёсату муњаббати халќгароёнаи Президент бовар пайдо карда буданд…

Минбаъд мазмуну муњтавои барномаву гузоришњои тањиякардаи Ш. Мустафоќулов бештар њамбаста бо мавзуъњои тараннуми сулњу вањдат, тањкими истиќлоли давлатї, инъикоси бунёдкориву созандагињо дар Ватани мањбуб, баррасии арзишњои миллї ва бозтоби њаёти осоиштаи мардум буданд. Филмњои мустанадаш «Шуълае баъд аз ѓуруб», «Ваќт довар аст», «Эњёи давлатдорї» (бахшида ба 20-солагии Истиќлоли давлатии Тољикистон) ва «Аз дафтари журналист» зуд дар саросари кишвар шуњрат пайдо карданд ва тавассути шабакањои аввали Телевизиони тољик борњо намоиш дода шуданд. Забони шевою фасењи филмњои бадеии «Маъбади ишќ», «Ману сарњад», «Шутурмурѓ», «Дом»… (дар тарљумаи Ш. Мустафоќулов) писанди тамошобинон гардид ва тавону имконоти фаровони забони тољикиро бори дигар ба љилва овард.

Ин рўзноманигор, тањиягар, мутарљим ва коргардони мумтозу садоќатпеша дар њайати ашхоси масъул дар чанде аз сафарњои расмию кории Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомали Рањмон ба Эрону Афѓонистон ва ба манотиќи дохили љумњурї ширкат варзида, дар инъикоси бавусъати онњо њиссагузорї кардааст.

Шералї Мустафоќулов чун подош ба хидматњои бардавому бенуќсонаш бо медали «Хизмати шоиста» ва унвони «Корманди шоистаи Љумњурии Тољикистон» мукофотонида шудааст…

Ин марди наљиб дар доманаи яке аз пуштањои самти шарќии пойтахти љумњўрї манзили истиќоматї дорад. Њоло дар ин мавзеъ бањори нозанин њукмфармосту њама љо сарсабзу хуррам ва гулрезу гулбез. Њамарўза ў фориѓ аз вараќгардонии китобњову мутолиаи рўзномаву маљаллањои тозанашр соате чанд сайри ин чаманистон мекунад, рўи сабзањо менишинаду аз њавои тозаву гуворо нафас мекашад ва пайваста шукри ободиву шукуфоии диёри азиз мекунад, гузаштањоро ба ёд меорад, аз субњи мусаффои фардо меандешад ва зери лаб суруде замзама мекунад. Ў дилбохтаи зебоист, барояш басо хушоянд аст, ки дар њамин фасли зебо зода шудаасту ба шарофати ин зиндагиаш омезише њамешагї бо зебоию шукуфої дарёфтааст. Њамакнун њафтодумин бањори умри пурбаракату самарборашро истиќбол мегирад. Таманнои мо: бањори зиндагиаш фаровону бехазон бод!

Абдурауф Муродї,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш