Нашрияи Омӯзгор

Фарҳанги истифодаи воситаҳои техникӣ 

Сана: 2022-03-31        Дида шуд: 71        Шарҳ: 0

Мо дар асри XXI зиндагӣ дорем, аз техникаю  технологияи  нав  бархўрдор ҳастем,  аз  компютеру  телефонҳои мобилӣ,  интернет  фаъолона  истифода мебарем.  Маълумотҳои  дилхоҳро  дар ҳар лаҳза дастрас менамоем. Ин ҳама ба манфиати кор аст. Инро ҳамагон дарк мекунанд,  ҷои  таърифу  тавсиф  нест. Бигузор ҳама нотарсида аз ин манбаъҳо истифода  баранд,  аммо  фарҳангу 
маданияти  истифодабарии  онҳоро риоя  намудан  ҳатмист.  Дар  баробари ин, мутахассисон дар бораи истифодаи компютерҳо  ва  телефонҳои  мобилӣ сухан гуфта, паҳлуҳои зарари иқтисодии 
онҳоро пурра таҳлил менамоянд, аммо оид ба зарари мавҷҳои электромагнитӣ ба  организми  инсон  кам  сухан мегўянд.  Акнун  баъди  даҳсолаҳои истифодабарии  техникаҳои  муосир организми  одамон  садамавӣ шудаанд, ки  вақтҳои  охир  олимон  тавассути барномаҳои  телевизионӣ  гаштаю барашта  таъкид  намуда  истодаанд,  ки маданияти  истифодабарии  онҳо  риоя карда  шавад.  Мутахассисони  соҳаи тиб  таъкид  менамоянд,  ки  солҳои охир  муроҷиати  шаҳрвандон  оид  ба симптомҳои  бемории  (рак)  «варами нурӣ»  (лучевая  болезнь)  зиёд  шуда истодааст.
Ҳанўз дар аввали асри XIX табиати мавҷии  рўшноӣ  муқаррар  карда  шуда буд.  Баъдтар  Ҷемс  Максвелл  (олими англис)  нишон  дод,  ки  рўшноӣ  мавҷи электромагнитӣ  аст.  Олими  рус  X. Ленс  ақидаеро  пешниҳод  намуд, ки  манбаи  афканишоти  мавҷҳои электромагнитиро  дар  дохили атом  ҷустуҷў  намудан  лозим  аст. Сабабгори онҳо электронҳо мебошанд. Электродинамикаи классикӣ  ҳисоб мекунад,  ки  мавҷи  рўшноӣ  дар  фазо ва  вақт  бефосила  паҳн  мешавад. Мувофиқан,  энергияе,  ки  мавҷ  дорад, новобаста  ба  он  ки  зичии  ҳаҷми  он бузургии  тағйирёбанда  аст,  бефосила мебошад.
Зарурияти  фаҳмишҳои  нав  дар бораи  табиати  рўшноӣ  пайдо  шуд,  ки шакли назарияи квантиро Макс Планк ва  А.  Эйнштейн  пешниҳод  намуданд. Планк  соли  1900  муқаррар  намуд,  ки ҳангоми  афканиши  рўшноӣ,  энергияе, ки  ҷисм  медиҳад, қатъиян  ба  миқдори муайян бароварда мешавад, он «квант» номгузорӣ шудааст, ҳол он ки энергияи квант  аз  басомади  нурафканӣ  обаста аст.
А.  Эйнштейн  соли  1905  ақидае пешниҳод  намуд,  ки  дискретӣ  будани майдони магнитӣ ва энергияи мавҷҳои рўшноӣ  бо  квантҳо  мутамарказанд. Ҳамин  тариқ,  мафҳуми  «фотон» пайдо  шуд.  Фотон  ҳамзамон  хосияти заррагӣ  ва  мавҷӣ дорад  ва  доимо  ин шаклҳои  материя  ба  якдигар  табдил ёфта  меистанд.  Нигоҳи  ҳозира  ба табиати  фотонҳо  ва  зарраҳои  бунёдӣ натиҷаи  таҷрибаҳо,  ақлу  хиради тўлонии  табиатшиносон  мебошад ва  онҳо  дар  якҷоягӣ  ҳамзамон  ба якдигар  зич  алоқаманданд.  Фотонҳо аз  моддањҳо  гузашта,  бо  электронҳо, атомҳо  ва  молекулаҳои  он  бархўрда, таъсири  мутақобила  мекунанд.  Агар энергияи  фотон  аз  рўи  бузургӣ  ба кори  баромади  электрон  аз  атом мувофиқ  бошад,  фотон  фурў  бурда мешаванд ва электронҳо аз атом канда мешавад  ва  ба  бофтаҳои  организми инсон  ва  ҳайвон  таъсир  намуда,  ба фаъолшавии  молекулаҳо,  вокунишҳо (реаксияҳо)-и  фотокимиёвӣ  оварда мерасонад. Маълум аст, ки нурафкании характеристикӣ боиси  нурафкании рентгенӣ мегардад.  Нурҳои  рентгенӣ ба мақсадҳои табобатӣ истифода бурда мешаванд, аммо таъсири биологии онҳо барои  вайроншавии  фаъолияти  ҳаёти ҳуҷайраҳо  сабаб  мегарданд.  Нурҳои рентгенӣ  ва  лазериро  барои  табобати бемориҳои  варамҳои  бадсифат (хатарнок)-и  организм  истифода мебаранд.  Дар  биология  ва  тиб нурафкании ба нуқра равон кардашуда, барои  интихобан  вайрон  намудани сохти  микроскопии  бофтаҳо  барои татқиқот  ё  табобат  истифода  бурда мешавад.  Масалан:  барои  амалиётҳои ҷарроҳии  шабакияи  чашм.  Дар баробари ин, аз фурўзонакҳои гуногуни симобӣ, квартсӣ дар тиб васеъ истифода мебаранд.  Онҳо  дар  ҳудуди  мавҷҳои ултрабунафш  (Я  =  365  миллимикрон) кор мекунанд. Бо ёрии ин фурўзонакҳо барои мустаҳкамгардонӣ, обутобдиҳии организми одам бо нурҳои ултрабунафш шуоъзанӣ  мекунад.  Фурўзонакҳои бактеритсидӣ,  ки  бо  дарозии  мавҷи  (Л =  53,7  миллимикрон)  кор  мекунанд, барои  безараргардонии  хонаҳои ҷарроҳӣ,  шуъбаҳои  сирояткунанда, мактабҳо,  театрҳо  ва  ғайра,  махсусан, ҳангоми  паҳншавии  грипп  истифода бурда мешаванд.
Мувофиқи  маълумотҳои  мавҷуда, инсон  ҳангоми  тамошои  теле  юн (агар  қоидаҳо  пурра  риоя  шаванд, яъне  масофаи  тамошо  то  телевизор  на камтар аз 3 метр бошад), дар давоми 3 соат аз 0,5 то 1 миллибэр ва дар як сол 365 миллибэр радиатсия мегирад. Оё мо дар як шабонарўз фақат 3 соат телевизор тамошо мекунем? Худ қазоват кунед, ки дар як шабонарўз чанд соат телевизор, видеомагнитофон,  видеодиск  тамошо мекунед,  бо  компютер  чанд  соат  кор мекунед,  чӣ  қадар  бо  телефонҳои мобилӣ гап  мезанед?  Аар  шахс  дар  як сол як маротиба рентгени флюография 
гирад, 370 миллибэр, ҳангоми рентгени меъда  аз  22000  то  30000  миллибэр, ҳангоми  рентгени  дандон-то  3000 миллибэр,  аз ҳисоби  шуоъзании нури  рўшноии  табиӣ  аз  100  то  200 миллибэр ва дигарҳо радиатсия гирад, меъёри  яксолаи  садамавии  шуоъзании имкониятнок  10  БЭР  аст.  Барои  дар амал  татбиқ  намудани  низоми  алоқа дар  байни  давлатҳои  гуногун  хати алоқаи  фаврӣ  муқаррар  шудааст,  ин пеш  аз  ҳама,  намоишҳои  телевизионӣ бо мавҷгирҳои моҳвораӣ ва телефонҳои мобилӣ  мебошанд.  Майдонҳои электромагнитӣ ҳангоми  кор  кардани дастгоҳҳои генератоҳои баландбасомад зарарнокии  касбии  муайян  доранд. Онҳо ба вайроншавии кори муътадили асаб,  дилу  раг,  системаи  хунгард, хунофарӣ  ва  дигар  қисмҳои  организм оварда  мерасонад.  Нишонаи  ин бемориҳо  зуд-зуд  хасташавӣ,  дарди сар,  тағйирёбии  пулс  ва  вайроншавии шабакия  (зуҷоҷа)-и  чашм  ва  ғайра мебошанд.  Аз  ин  гуфтаҳо  хулоса бароварда, муносибати  фарҳангии худро  вобаста  ба  истифодабарии техника  ва  технологияҳои  нав  муайян кардан ба фоидаи кор аст.
Саттор ҒАФФОРОВ, 
номзади илмҳои физика ва математика, дотсенти 
кафедраи физикаи умумӣ ва назариявии ДДК ба номи 
Абуабдуллоҳи Рўдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш