Нашрияи Омӯзгор

Шаҳри ҷавонӣ

Сана: 2022-03-31        Дида шуд: 94        Шарҳ: 0

Дар байни пойтахти мамлакатњои љањон, ба хусус, собиќ љамоњири Иттињоди Шўравї Душанбе њамчун шањри зебоманзар, ки дорои хиёбону гулгаштњои фароху бавусъат, хонањои баландошёнаи мунаќќаш, коху ќасрњои миллї, биноњои муассисањои таълимї, донишкадаву донишгоњњо, коллељњо ва боѓњои фароѓатии сарсабзу шукуфон мебошад, љойгоњи арзандаеро ишѓол мекунад. Пойтахти Тољикистони офтобрўя рўз ба рўз, моњ ба моњу сол ба сол зеботару мунаќќаштару ободону зебо ва пурљозиба мегардад. Аммо кам касон шояд дар хотир дошта бошанд, ки ин шањри шукуфону рушдёфта замоне дар кадом вазъ ќарор дошт. Воќеан, дар хусуси таърихи пайдоиши шањри Душанбе мадраку маълумоти зиёде мављуд аст, ки рўйи як андешаи пуриштибоњ, ки «Душанбе дар гузашта як дењаи хурд ва пурлой буд» хатти батлон мекашад. Не, бо итминони комил метавон гуфт, ки њаргиз ин тавр набудааст. Чунонки рўзноманигор ва публитсисти шинохта ва соњиблаёќат Бурњониддин Каримзода дар китоби «Корвони зиндагї» ба таври огоњона тавзењ медињад, дар бораи таърихи бунёди шањри Душанбе рисолаю маълумотномањое мављуд буданд, ки Маълумотномањои «Сталинобод» (мураттибон А. М. Глуховский ва И. Шейкин), «По городам нашей республики» (муаллиф П. Моторин), «Душанбе – столица Таджикистана» (муаллиф М. Назирбеков) аз ин ќабил ба шумор мераванд. Соли 1967 аз тарафи ходимони Китобхонаи давлатии Тољикистон ба номи Абулќосим Фирдавсї (њоло Китобхонаи миллии Тољикистон) маълумотномае тањти унвони «Шањрњои Тољикистон» нашр гардида буд. Муаллифони маќолаи «Душанбе – пойтахти РСС Тољикистон» И. С. Норкаллаев ва С. Мўшаев дар бораи Душанбеи куњан, аз љумла, нигоштаанд: «Душанбе дар замони хеле ќадим ба вуљуд омадааст. Ривоят мекунанд, ки Душанбе чандсад сол пеш аз ин пайдо шуда, бо бозорњои серодамаш њатто берун аз ќаламрави водии Њисор шуњрат ёфтааст. Дар ибтидои асрњои миёна дар самти шарќии водии Њисор вилояти Шуман љой гирифта буд. Шуман дар роњи савдое меистод, ки Чаѓониёнро (дар водии Сурхондарё) бо Вахш ва Хуттол мепайваст. Муаррихон тахмин мекунанд, ки пойтахти Шуман дар љои Душанбеи њозира воќеъ гашта буд». Афсари рус Б. Н. Литвинов њамчун тадќиќотчї дар бораи шањри Душанбе маќолањои зиёде навиштааст. Аз љумла, дар яке аз навиштањои Б. Н. Литвинов омадааст:

«Дар байни хонањои зичи шањр, ќад-ќади кўчае, ки аз назди ќалъа сар шуда, ба боло, ба тарафи Варзоб тўл мекашад ва ба дашти васеи њамњудуди шањр мебарад, осори девори ќалъаи ќадимаро дидан мумкин аст. Ба назарам чунин менамуд, ки ин девор аз хишти хом сохта шудааст ва ќисман харобаи ќалъаи Самарќандро ба хотир меовард». Дар ин байн, далелњои овардаи муњаќќиќон М. Андреев (соли 1926) ва мудири шуъбаи таърихи Осорхонаи љумњуриявии таъриху кишваршиносии Тољикистон Е. В. Земайл (соли 1959) љолибу муфассал мебошанд. Аз љумла, Е. В. Земайл дар маќолаи худ дар хусуси љойи Душанбеи њозира, дар асрњои XI-XIII мављуд будани шањри ободу зебо далелњои зиёд овардааст:

«Ќадимтарин осорњои зиндагии одам дар ќаламрави Сталинобод ба давраи охирини асри санг – неолит дахл дорад, ки онро «асри нави санг» њам меноманд. Дар ќаламрави пойтахти кишвари мо ва атрофи он дар асри биринљї њам одамон зиндагї мекардаанд. Табари бринљие, ки дар њудуди дењаи Араќчин (ноњияи Варзоб) ёфт шудааст, дар њамин хусус наќл мекунад. Њамчунин, олими тољик Шарќї Юсуфов дар асараш – «К истории дореволюционного Душанбе» (с.1988) дар бораи ќадимї будани шањри Душанбе зикр мекунад:

«Душанбе дар гузашта маркази бузурги савдо будааст. Бостоншиносон тангањои асрњои XV ва оѓози XVI-ро ёфтаанд, ки онњоро дар шањрњои мухталиф, ки роњи тољирони бисёр кишварњо аз Душанбе мегузаштааст» дучор омадан мумкин буд. Хуллас, тањќиќотњои анљомдодаи муаррихон ва бостоншиносон гувоњї медињад, ки Душанбе таърихи 2000-сола дорад. Пойтахти љумњурї дар даврони Шўравї хеле рушд ёфта, дар ќаламрави он биноњои донишгоњу донишкада ва омўзишгоњу техникумњо (коллељњо), марказњои хизматрасонї ва савдо, кинотеатру театрњо, мењмонхонаю китобхонањо бунёд ва мавриди истифода ќарор гирифтанд. Хусусан, соњањои илму маориф ба таври бесобиќа такомулу инкишоф ёфт, ки дар ин њама пешравию дигаргунињо сањми фарзандони барўманди кишвар, хусусан, устод Садриддин Айнї, Бобољон Ѓафуров, Мирзо Турсунзода хеле бузург аст. Вале рўйдодњои охири солњои 90-92-юм, бенизомї, дар майдонњо љамъ омадани одамон бо талаби истеъфои Њукумати ваќт ва нињоят, бо иѓвою дасисаи љоњталабону ќудратталабон ба гирдоби љанги шањрвандї кашида шудани мамлакат ба решаи ободкорию пешрафт ва тинљию амонї зарбаи њалокатбор ворид сохт. Табиист, ки ин љангу хунрезињо раванди бунёдкорию созандагиро дар љумњурии тоза ба истиќлол расида боздошт.

Душанбе макони ноором ва љангу набардњо ќарор гирифта, њаракати наќлиёт вайрон ва идораи давлатї фалаљ гардид. Бо ба сари ќудрат омадани фарзанди фарзонаю иродатманд, муњтарам Эмомалї Рањмон нахуст пеши љангу хунрезињо гирифта шуд. Сипас, сулњу вањдат дар кишвар тањким ёфт ва ин њама замина гардид барои ба роњ мондани раванди созандагию бунёдкорињо. Дар баробари вусъат ёфтани сохтмони иншооти њаётан муњим дар ќаламрави шањру ноњияњои љумњурї, Душанбеи замоне љангзада тадриљан, марњала ба марњала рушд ёфту корњои бунёдкорї дар он густариш пайдо кард. Инак, аз он айёми дањшатбор 30 сол сипарї гардид. Дар пешрафту ободонии пойтахт Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муњтарам Эмомалї Рањмон наќши барљаста доранд. Наќши Президенти мамлакат дар шукуфоии сарзамин, хусусан, Душанбеи азиз тавассути таъсис, ободонї ва сарсабз гардонидани гулгаштњо, боѓњои фарњангиву фароѓатї ва мевадињандаи кишвари мањбубамон хеле бузург аст. Натиљаи њамин аст, ки давоми солњои соњибистиќлолї дар баробари сохтмону мавриди истифода ќарор додани иншооти таъйиноти гуногун, Сарвари давлат, муњтарам Эмомалї Рањмон бо завќи баланди зебоипарастї ба хотири тарѓиби корњои сабзу хуррамгардонии муњити зист, бунёду барќарорсозии боѓњои фарњангию фароѓатї, суперинтенсивї ва интенсивї, мевадињанда ва парваришгоњњоро ба роњ монданд. Тайи 10-15 соли охир дар пойтахт Боѓи парчами миллї, Боѓи нишони давлатї, Боѓи Ирам, Боѓи устод Рўдакї, Боѓи назди Китобхонаи миллї, боѓи Ќасри Миллат, боѓњои Сомон, Куруши Кабир, Хайём, Ањмади Дониш, Наврўзгоњ, Восеъ, Љавонон, Кўли љавонон, кўли Душанбе, Фирдавсї, Садриддин Айнї, Алишери Навої, Ѓалаба, боѓи кўдакон,атрофи Масљиди марказии љомеи шањри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тољикистон ба номи Имоми Аъзам ва њамаи кўчаву њиёбонњои он ободу зебо гардонда шуда, ба мавзеъњои сайру гашт ва шодию дилхушии хурду бузурги сокинон ва мењмонони Душанбешањр табдил ёфтаанд.

Бо таъйин гардидани муњтарам Рустами Эмомалї ба вазифаи Раиси шањри Душанбе пойтахти кишвар тайи чанд соли охир ба таври куллї дигаргун шуда, иморатњои хушсохти замонавии хонањои баландошёна, биноњои нави мактабу муассисањои томактабї, майдончањои варзишї дар назди манзилњои зисти сокинони шањр, чандин иншооти саноатию иќтисодї, роњњои нави мошингард сохта шуда, боѓу гулгаштњои назаррабо бунёд гардиданд.

Чунонки аз маълумоти оморї бармеояд, танњо соли сипаришуда дар соњаи саноат љињати истифодаи самараноки иќтидорњои нав ва истењсоли мањсулоти раќобатпазиру воридотивазкунанда заминаи мусоид фароњам омад. Натиљаи њамин аст, ки соли гузашта аз љониби 483 корхонаи саноатї њаљми истењсоли мањсулоти саноатї ба 2,7 миллиард сомонї баробар гардид. Њаљми истењсоли мањсулоти саноатї аз њисоби зиёдшавии истењсоли мањсулот дар соњаи коркард, аз љумла, истењсоли маводи хўрокворї, нассољї, дўзандагї, чарму пойафзол, тавлиди неруи барќ ва таќсими он, коѓаз, фаъолияти табъу нашр ва коркарди чўбу тахта афзудааст. Имрўзњо ќисми зиёди сокинони шањр бо гармї таъминанд. Дар пойтахт бунёди 2511 иншоот ба наќша гирифта шудааст. Дар соњаи маориф корњои сохтмон, таъмир ва навсозї дар 13 иншоот барои 13 860 љойи нишаст дар як баст ба роњ монда шудааст. Дар ин давра сохтмони 13 муассисаи томактабї барои беш аз 2000 љой ва корњои лоињакашии 9 муассисаи томактабї барои 1900 љой идома дорад. Дар ин давра бо иштироки Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон Ќасри теннис ва маљмааи обии шањри Душанбе, коллељи тиббии љумњуриявї ва корхонаи «Тољтекс» ифтитоњ гардида, мавриди бањрабардорї ќарор гирифтаанд. Айни замон, бањри бунёди майдони «Истиќлол» дар марњалаи якум корњои сохтмонї ба анљом расида, корњо дар марњалаи дуюм идома доранд. Ёдовар мешавем, ки масоњати умумии майдони «Истиќлол» 30 гектар буда, 2,7 гектарашро макони баргузории чорабинињои сиёсї ташкил медињад.

Душанбе ифтихори мардуми Тољикистон ва љањониён аст.

Оянда шањр дурахшон аст, ки то бод чунин бодо!

Мањљабини Шодї,

донишљўйи курси III

ДДЗТ ба номи С. Улуѓзода


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш