Нашрияи Омӯзгор

Дар бораи як китоби дарсӣ

Сана: 2022-04-07        Дида шуд: 111        Шарҳ: 0

Муќаддима

Беш аз дувуним њазор сол ќабл Аристотел дар асари маъруфаш “Сиёсат” навишта буд: “Магар бошад касе шубња кунад, ки ќонунгузор (давлат, њукумат–С.Я.) бояд ба масъалаи тарбияи љавонон бо таваљљуњи фавќулода муносибат кунад, зеро дар давлате, ки чунинғамхорї нест, худи сохти давлатдорї зарар мебинад” (Аристотель. Политика. -М.:РИПОЛ классик,2010. -С.535).

Яъне ду масъалаи њаётан муњим - алоќамандї ва вобастагии сохти давлатдорї ба мактабу маориф аз замонњои ќадим њамрањи инсоният будаанд. Ва ќудрати одамњам баробар ба умќи фикр ва ќобилияти дарк карда тавонистани моњияти зуњуроти олам дониста шудааст. Шоир ва мутафаккири немис Гёте таъкид мекунад: “Мегўянд, ки раќамњо дунёро рањбарї мекунанд; шубњае нест раќамњоњатто нишон дињанд, ки дунё чї тавр рањбарї карда мешавад”(Слово о науке. -М.: Знание, 1978. -С.10).

Аз ин љињат, нашри китоби гурўњи олимони Академияи миллии илмњо Ќосимшо Искандаров, Рањматкарим Давлатов, Љамолиддин Саидзода, Бењрўзи Забењулло, Сайидхоља Ализода, Нозим Нуров, Шамсиддин Нуриддинов “Андешањои дунявї дар адабиёти классикии тољику форс” (Душанбе, 2021, дар њаљми  310 сањ.) њамчун “Воситаи тавсиявї-амалї барои хонандагону донишљўёни муассисањои тањсилоти миёнаи умумї ва олии касбї”, ки “бо ќарори њайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ва тавсияи Раёсати Академияи миллии илмњои Тољикистон чоп шудааст”, иќдоми шоистаи дастгирї аст.

Ба назар мерасад, ки омода ва нашр кардани чунин китоб таќозои рўз ба рўз афзояндаи яке аз муњимтарин рукнњои асосии давлатдории миллї, зарурати баланд бардоштани наќши илм дар сохтори љањонбинї, системакунонии маљмўи  масъалањои илмиимарбут ба дидгоњи маънавї ва методњои тадќиќи он, коркарди дастгоњи истилоњ ва мафњумоти илмии миллї, муайян кардани сарњадњои салоњият, бархўрд ва њалли мушкилоти вобаста ба мавзўъ, њамчунин њимояимафкураи динї аз суиистифодаи он тавассути ворид кардани њар гуна равияњои ифротгаро мебошад.

Њадаф ва мавзўе, ки мо мехоњем доир ба он ибрози назар намоем,тањлил ва арзёбии ташаккули маънавиёти миллї дар асоси љањонбинии дунявї дар мисоле чандаз маќолањои дар маљмўаи мазкур гунљонидашуда мебошад

Давлати миллї ва дунявият

Бояд хотирнишон кард, ки масъалаи давлат ва давлатдорї ќисмати њаётан муњимми мављудият ва пойдории миллат аст.

Ягонагї ва умумияти ќаламрав, забон, фарњанг, маданият, урфу одат, идеология, эњсоси муштаракиирсияти ќавмї, нажодї, ки асоси давлатдории миллиро ташкил мекунанд, фаќат тавассути њокимияти сиёсии мутамарказ, бо асосњои њуќуќї ва имконоти танзими меъёрњои конститутсионї таъмин карда мешаванд. Бидуни чунин шароит осудагї, субот ва рушди миллї наметавонад воќеият дошта бошад.

Таљрибаи таърихї њама гуна даъвоњоеро, ки миллат танњо тавассути забон, адабиёт ва фарњанг дар фазо ва ваќт, дар шароите, ки соњиби њокимияти сиёсї нест, фардият, мустаќилият ва њувияти хешро нигоњ дошта метавонад, рад мекунад. Зеро ин гуна даъво аз лињози мантиќи сиёсї ба воќеият ва дурнамои давлатдорї  мувофиќ намеояд. Њодисањои охирини кишвари њамсоя ин назарияро бори дигар исбот намуд.

Давлат  дар  маконе, ваќте ва бо сабабе пайдо мешавад, ки омилњои иќтисодиву иљтимої, сиёсиву идеологї ва маънавию ахлоќї зарурати мављудияти ташкилоти марказонидашударо ба манфиати субъектњои гуногуни сиёсии љомеа, пеш аз њама, миллат ва халќиятњо амалан эњсос намоянд ва тавону иќтидори истифодаи чунин абзорро дошта бошанд.

Давлат замоне таназзул меёбад ва аз байн меравад, ки субъекти офарандаи ониќтидорисарфи захирањои њаётан муњимми зикргардидаро аз даст медињад.

Давлатсозї ва зиёдтар аз он таъмин намудани суботи давлат аз муњимтарин ва мушкилтарин вазифањои миллат аст. Кори тахмин ва њадси эњтимоли амал нест. Ин ташкилоти сиёсї, тавре хотирнишон гардид, натиљаи тањлили таљрибаи кашмакаш, нобасомонї ва бенизомињое мебошад, ки њосили  он ғайр аз эљод кардан ва таъсис додани сохторе бо номи давлат нест. Аз ин љињат, њама гуна бенизомї созгори истилоњи давлат нест. Ва ибораи фаъолияти самараноки давлатдорї мафњуми системавист.

Муташаккилї ва устувории ин система аз фаъолияти муназзами соњањои он, ки дар алоќамандї, вобастагї ва њамоњангии якдигар ќарор доранд, сарчашма мегирад.

Ташаккули идеология, маънавиёт ва љањонбинї аз самтњои њаётан муњимми сиёсати давлатдорї аст.

Аз тарафи дигар истифодаи истилоњи идеология набояд боиси нороњатї нисбат ба ифодаи тарзи тафаккур ва шакли муносибат ба  маънавиёти љомеа бошад. Борњо таъкид гардид ва бори дигар хотиррасон мегардад, ки истилоњи деидеологизатсия навъи устувори мафњуми худи идеология аст. Он барои аз байн бурдани фарњанги миллї ва дидгоњи сиёсии дар чањорчўби манфиатњои давлатдорї муайянкардаи сохтори сиёсї, ба хотири дар мафкураи њадафњои геополитикї љой кардани љањонбинии ғаразнок таъин шудааст. Чизи дигар, кашфиёти дигаре  нест. Ва буда њам наметавонад.

Аристотел таъкид мекунад: “Давлат ба оне мансуб аст, ки табиатан вуљуд дорад ва инсон аз рўи табиати хеш зуњуроти сиёсї аст”(Аристотель. Политика. - М.: РИПОЛ классик, 2010. -С.29).

Бо доштани чунин манзалат инсон наметавонад бидуни идея (ормон, орзу, дидгоњ, маќсад, маром, шакли муносибати маънавї ба субъектњои аслии муассисаи сиёсии давлат) вазифаи шањрвандии худро иљро намояд.

Соњибдавлатї, мансубияти њуќуќї ба ќаламрави кишвар ва уњдадорї дар назди Ватан, худ ангеза, идея, ормон ва ќутбнамои маънавии тарзи амал мебошад.

Зуњуроти њастии муваффаќ шакли комили ин ангезаи зиндагисоз аст. “Гузашта аз он, дар амалї кардани маќсадгузории нињої  камолоти олї ифода меёбад, аз дигар тараф, мављудияти худкифої бошад, њамчун падидаи нињої ва олитарини воќеият бањогузорї карда мешавад” (Њамон љо. –С.28).Чунин масъалагузорї, бидуни шак, мансуб ба инсон, ба шањрванд мебошад.

Мо муътаќид њастем, шаш рукни сохти давлатдорї, ки дар боби якум, моддаи якуми Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дарљ гардидаанд, дар баробари эълони воќеияти њуќуќї, муайянкунандаи самтњои идеологии давлат  мебошанд.

Дар муносибатњои субъект ва объектњои њуќуќї, ваќте сухан дар  бораи таъмини суботи давлатдорї меравад, роњ, усул, восита ва методњои љабњаи ташаккули љањонбинї маќоми муайянкунандагї мегиранд. Алалхусус, дар љараёни таърихии истиќрори истиќлолият. Аз ин љињат, мактаб ва маориф дар поягузорї, вусъат ва бардавомии сохти давлатдорї наќши њалкунанда мебозанд.

Дањсолањои сипаригашта барои азнавсозии маориф, ташаккули инфрасохтор ва захирањои кадрии он сарнавиштсоз буданд. Дар шароити нињоят мушкили иљтимої-сиёсї ва иќтисодї барои пешрафти илму маориф заминањои аслї гузошта шуданд.

Дар ин росто, мутобиќ гардонидани китобњои дарсї ва васоити таълимию тарбиявї ба пояњои сохти конститутсионї – давлатдории миллї ќисмати њаётан муњимми фаъолияти маориф дониста мешавад. Зеро мањз њарфњои чопї (он чизе, ки дар китоб дарљ гардидааст), маќсад ва моњияти зиндагиро меомўзанд. Масири кунунї ва ояндаи онро муайян месозанд. Тарз ва усули муносибат ба воќеияти сиёсиро нишон медињанд. Табиат, муњтаво ва таъиноти инсонро дар љомеа аз нигоњи илмї тафсир мекунанд.

Баъзе масъалањои назариявї дар маљмўа

Китоби “Андешањои дунявї дар адабиёти классикии тољику форс” дар чањорчўбаи ниёзњои иљтимої ва маънавии љомеа дар самти тарбия ва таълим навишта шудааст.

Маљмўа аз муќаддима ва маќолањо дар бораи омўзиши ањвол ва осори 27 тан аз адибони тољик иборат аст.Тибќи мавзўъ, дар атрофи аќидањои равшангарої, маорифпарварї, илммењварї, дар умум, дунявият бањс мекунад.

Муќаддимаи китоб ба ќалами донишманд Њафиз Рањмон тааллуќ дорад. Дар он мавќеи илму хирад, маърифат, давлат ва сиёсат дар муносибат ба љанбањои эътиќод тафсир гаштаанд.

Муаллифи сарсухан бо такя ба андешањои мутафаккирони машњури олам зарурат, мавќеъ ва манзалати илму донишро дар зиндагї шарњ медињад. Таќдири инсонњоро вобаста ба тарзи тафаккур ва сифати шинохти олам аз љониби худи одамон медонад. Ў дуруст зикр мекунад: ташаккули манишинек табиист, ки худ аз худ ба ботини кас роњ намеёбад, боистї рањнамову ќутбнамое дошта бошад. Ин ќутбнамо аввалтар аз њама дониш аст, ки њамроњ бо таљрибаи зиндагї касро ба зинаи аќл ва аз он болотар дар нардбони камолот – ба хирадмандї мебарад” (С.4). Барои тасдиќи фикр аз Абулќосими Фирдавсї мисоли мувофиќ меорад:

Хирад поку дин поку дил поктар,

Бувад, њар кї дорад манише ба сар.

Бузургї, серталабї ва даќиќнигории муаллифи “Шоњнома” дар он аст, ки ў њашт аср ќабл аз файласуфи машњури Ғарб, ки фармудааст: “На танњо натиљаи тањќиќот, балки роње, ки ба он њидоят мекунад, бояд њаќиќї бошад. Тањќиќоти њаќиќат худаш бояд њаќиќї бошад” (Ковалченко И.Д. Методы исторического исследования. - М.: Наука, 2003. С.13), озодагии тинати инсонро бо таркиби сохтори љањонбинї њамбаста медонад. Аз илм, дониш, маърифат ва дин њам покиро таќозо дорад. Дар ин маврид аќл, њуш, зењн, идрок ва дарёфти инсонї-хирадро дар љойи аввал мегузорад. Ва онњоро бо тинат, табиат, сиришт ва бузургии одам вобаста мешуморад.

Дар муќаддима масъалаи таъмир ва татњири (пок, покиза, тоза) фикр, ба воситаи он расидан ба худшиносї, ки танњо тавассути донишу хирад ва таљрибаи зиндагї сурат мегирад, таъкид мегардад.

Яке аз бењтарин ќисматњои сарсухан тањлили мухтасари идеяњои дунявият дар эљодиёти мутафаккирон ва олимони араб аст, ки шоистаи омўзиш ва бањрабардорист. Он дар самти интихоби мавзуъњои илмї дар кафедрањои љамъиятї ва Академияи илмњо муфид ва барои  бисёре аз зиёиёни миллї намуна мебошад.

Мусаллам аст, ки дунявият илм аст. Дар чањорчўбаи мантиќи диалектикї арзи њастї мекунад. Шакли љањонбиниест, ки бо дарбаргирии маљмўи далелњо ќонунмандии умумї ва зарурии алоќамандии воќеияти реалї ва тафаккурро муайян  месозад. Дар доираи муњтавои масъала зиддиятњои дохилии радшаванда надорад. Баръакс, љузъиёти он якдигарро давра  ба давра пурра мегардонанд. Ќувват мебахшанд.

Ин шакли љањонбинї аз эътиќод, ки барои тасдиќи назария ва амалияи хеш ба таљриба ва далелњои воќеї ниёзмандї эњсос намекунад, тафовути усулї дорад.

Принсипи дунявият њамон ваќт ба эътиќод розї шуда метавонад, агар охирин, усулан, ба аввалї ќоил бошад, онро эътироф ва бидуни ќайду шарт ќабул кунад.

Дар муќаддимаи китоб оварда шудааст, ки бидуни дониш идеяњо афзун намегарданд, яъне ғизои аќл ва дар таљриба тањаввулёфтаи он – хирад њамеша илму дониш будааст” (С.6). Чунин тарзи масъалагузорї дуруст аст. Њамзамон бо ин, муаллиф таъкид месозад: “Њаќиќат ин аст, ки хирад (аќл, њуш, зењн, идрок, дарёфт–С.Я.)њаргиз ба эътиќод(аќида доштан, бовар, яќин доштан – С.Я.)ихтилофе надорад(С.6).

Тарзе ишора гардид,  мавзуи бањси илмї моњияти масъала аст. Дар ин маврид сухан дар бораи сарчашма ва муњтавои илм ва эътиќодот, таркиби сохторї ва вазифањои функсионалии онњо меравад.

Агар хирад бар илм асос ёфта бошад, махзани он назарияи дар таљрибаи инсонї тасдиќгардида мебошад, тавре ки худи муаллифи сарсухан њам ёдовар мешавад. Њамин тариќ, эътиќод ва боварњо бо илм ва хулосањои  илмї дар мухолифат ќарор доранд. Муњтавои ин зиддиятњо дар љањони ислом, аз љониби бозигарони геополитикї маќсаднок, моњирона ва тахассусмандона истифода мешавад.

Субъектњои манфиатдори низоъ муътаќиданд, ки љангњои оштинопазири зењнї оќибат ба љангњои дар даст силоњи   тарафњо анљом меёбанд. Ин аксиома барои бозигарони геополитикї воситаи “рўзгузаронї” аст. Яъне ихтилоф дар рањи рост ба вуљуд намеояд. Ин захираи бузурги геополитикї – вуљуд доштани сарчашмањои њалнашавандаи душмании тарафњо мањз дар чањорчўбаи илм ва дин эњтиёткорона нигоњ дошта, парвариш меёбанд. Шаклњои љадиди дар ин асос аланга задани зиддиятњои идорашаванда коркард ва роњандозї мегарданд. Таърихи Тољикистон, дар маљмўъ,  љањони ислом далели возењ ва раднопазири ин гуфтањост.

Китобњои дарсї ва воситањои таълимї бояд сирф дар асоси талаботи илмї ва илмиву методї таълиф гарданд. Мафњум ва истилоњот тибќи њамин  усул бидуни эњсоси духўрагї ва мавњумот истифода шаванд.

Воќеан, илм наметавонад бидуни суол хосияти устувор дошта бошад. Аммо зуњуротеро, ки таљриба ва озмоиш тасдиќ кардааст,  натиљаи он њаќиќат ва ба маќсади таълиф созгор аст, салоњ дониста мешавад, њамон тавр истифода гардад. Хонандаро набояд вориди бањсњое кард, ки ў њанўз тавони фањмиши онњоро надорад.

Манбаъњои назарияи дунявї

Дарки моњияти дунявият, аввалан, бо эњсос ва исботи ќонунмандињои пайдоиш ва рушди њодисањои табиат, љамъият ва тафаккур, ќатъан, зери таъсири илмњои табиатшиносї пайдо шудааст. Баъдан њамчун шакли љањонбинї ба илмњои љамъиятшиносї, аз љумла адабиёт ворид гаштааст. Илмњои табиатшиносї - зистшиносї, риёзиёт, физика, кимиё,  ситорашиносї, тиб ва ғайра љавњар, пойдевор ва сутуни аслии тафакккури дунявият мебошанд. Тавре маълум аст, инњоро илмњои даќиќ ва бунёдї ном мебаранд. “Воќияти вуљуд доштани ашё ва далел тавассути озмоиш ва мантиќ муайян карда мешавад. Чизе, ки тасдиќ намегардад, аз тафаккури ратсионалї (оќилона, маъќул, дуруст-С.Я.) берун аст” (Ардашев Р.Г. Иррациональность общественного сознания россиян. -М.: РГСУ, 2021. -С.10). Бидуни илмњои табиатшиносї дунявият, њамчун мафњуми илмї, сиёсї ва њуќуќї, чизе ғайр аз тахайюли одї, омї ва содалавњонае буда наметавонад. Бе илмњои табиатшиносї истилоњи дунявият навъи тафсири  хурофотии  олами њастї, мафњуми пуч ва хушку холї аст, на чизи дигар.

Аќидањои саромадони илм ва адабиёти тољик, асосгузорони аќидањои дунявї дар сохтори љањонбинии миллї Абуабдуллоњи Рўдакї, Абуалї ибни Сино, Абулќосими Фирдавсї, Умари Хайём, Ањмади Дониш, Садриддин Айнї ва дигарон натиљаи омўзиши илмњои дартаљрибаи инсонї санљидашуда мебошанд, на таъсири дидгоњи фавќуттабиї, хурофотї ва мифологї.

Њамин тариќ, дунявият маљмўи љањонбинии илмии дар асоси дарки ќонунмандињои пайдоиш ва рушди зуњуроти табиат, љамъият ва тафаккур бавуљудомада ва назарияи дар таљрибаи инсонї бо далелњо тасдиќгардида мебошад. Маљмўаи муназзами андешањо ва амалияи тадќиќотро дар љараёни наздикшавии абадї ва беохири тафаккури инсонї ба олами њастї, принсип ва консепсияи ба танзимдарории муносибатњои љамъиятиро дар соњањои давлат ва њуќуќ, њамзамон бо ин, дидгоњи ањли илм ва адабиёту фарњангро дар фаъолияти эљодї муайян мекунад.

Нигоње ба муњтавои китоб

Ба фикри мо, яке аз маќолањои муваффаќи маљмўа “Умари Хайём - ринди мунавварфикр”мебошад.

Дар китоби дарсї ва воситаи таълимї, муњим аст, ки њадафи таълиф аз муќаддима то хулоса ба тадриљ, ќадам ба ќадам њалли худро ёбад. Дар чунин маврид, шарњи замони зиндагии адиб ва тарљумаи њоли вай наќши муњим дорад. Ва барњаќ, муњаќќиќ мањз лањзањои ба мавзуъ муассири њаёти Умари Хайёмро интихоб намудааст, ки аз муњимтарин омилњои ташаккули шахсияти ў њамчун олим, адиб, мутафаккири озодандеш ва њаќиќатнигор ба њисоб мераванд. Чунин шакл ва усули таълиф барои омода кардани хонанда ба дарки асли мавзуъ кумак мекунад. Муаллиф, аз љумла, менависад: Хайём “дорои њушу хотираи неруманде будааст. Дар даврони љавонї ба фарогирии илму дониш пардохта, дар фалсафа, нуљум ва риёзї ба дараљањои баланди илмї расидааст” (С.56).

Муњаќќиќ бо нишон додани даврањои донишандўзї ва илмомўзии Хайём баъдан чї тавр “субъекти тањќиќ ба танзими љањони бенизом шурўъ карданро(И. Кант) тафсир мекунад: Хайём дар даврони њукумати султон Љалолиддин Маликшоњи Салљуќї дар Нишопур аввалин расадхонаро бунёд кард ва бо дархости ў даст ба ислоњи таќвим зад, ки то кунун бо номи “Таќвими Љалолї” маъруф аст. Рисолаи “Љабр ва муќобала” ба иловаи рисолаи дигар, ки дар он ба мушкилоти њандасаи Уќлидус посух додааст, аз машњуртарин осори Хайём дар илми риёзиёт њастанд” (С.57).

Муаллиф бо ошкор кардани таљрибаи андухта ва сифатњои шахсияти мутафаккири бузургмуњимтарин љанбањои аќидатии Хайёмро шарњ медињад:” Мавзуи асосии рубоиёти Умари Хайёмро асрори азал, рози офариниш, муаммои њастї, љойгоњи инсон дар низоми њастї, тамасхури хурофотпарастон, мубориза бо хурофоту мавњумот, мањкумияти аќоиди бепояи уламову фаќењон, ташвиќи инсон барои бањрабардорї аз дами гузарони умр, тарғиби инсон барои рањої аз ќайду бандњои сохтаву пардохтаи зењнї, љустуљўи њаќиќати ашё ва шод зистану лаззат бурдан аз неъматњои бешумор... ташкил додааст”( С.56).

Муњаќќиќ аз шоири англис Эдвард Фитсљералд мисол меорад, ки ў њанўз соли 1859 рубоиёти Хайёмро тарљума ва бо ин амали худ олим ва мутафаккири тољикро машњури љањон кардааст. Ба хотири муътаќид гардонидани хонанда, муаллиф таъкид намудааст, ки мањз аз таъсири эљодиёти адиб ва файласуфи забардасти миллати мо, дар Ғарб дањњо мактаби пешќадами аќидатї арзи вуљуд кардааст ва дар њамин асос, барњаќ, Хайёмро яке аз асосгузорони эгзистионализм дар Дунёи Куњан мешуморад.

Боиси ќаноатмандист, ки дар маќола аз методњои муќоисавї, сохториву функсионалї ва таърихї  љињати љалб намудан ва муътаќид сохтани хонанда хуб истифода шудааст. Њамин тариќ, муаллиф мехоњад, донишомўзро барои дарки муњиммияти масъала – тағйири љањонбинї ба маќсади пешрафти љомеа ва рушди миллат рањнамун созад: Бо кумаки рубоиёти Хайём аврупоињо худро аз ќайду банди мавњумоти динию мазњабї наљот доданд, аммо шарќиён, ки ба ин мавзуъ чандон таваљљуњ накарданд, њамчунон дар банди афкори ғайриилмии хеш боќї мондаанд” (С.56).

Дар тањќиќи осори Умари Хайём муњаќќиќ ба дудилагї, духўрагии маъно ва камњавсалагї роњ намедињад, чунончи дар ќисмате аз бахшњои ин китоб ва рафтори баъзе аз зиёиён мисли иќтибоси машњур “худњошонро дар ињотаи мавњуми  мансубият ба мағзи миллат” мешуморанд,  дида мешавад. Ў бо овардани далелњои мушаххас иброз медорад: “Хайём бо тамоми ќудрат озодии инсонро ситоиш намуда, тарс аз ояндаро накўњиш менамуд. Дар андешаи Хайём он чї инсонро хору залил мекунад, тарс аз оянда ва ќабули хурофотест, ки дар тўли асрњо бар ў тањмил шудааст. Бинобар ин, то замоне ки инсон аз зери бори хурофот ва андешањои  ботил зењни худро озод накунад, њаргиз ба маънии зиндагї сарфањм намеравад” (С.56).

Забони маќола содаву равон, фањмо ва мувофиќ ба сатњи фањми хонанда аст.

Муаллифи маќолаи “Носири Хусрав шоири озода ва хирадгаро” манзалати илмї ва адабии алломаи миллати тољикро дар доираи мавзуъ бо мисолњо шарњ додааст. Кўшидааст, ки муњтавои эљодиёти ўро мањсули тинати бузурги шоир ва андухтани донишу таљриба ба ќалам дињад.

Хусусияти эљодиёти Носири Хусрав бо он фарќ мекунад, ки ў дар ибрози аќидањо ба мисли гузаштагони бо нангу ори худ, устувор, собитќадам ва далеру рўинтан аст. Муњаќќиќ тағйири љањонбинии шоирро аз лињози маънавї ба таъсири “Шоњнома” ва рўњи  ватанпарастонаи Абулќосими Фирдавсї вобаста медонад. Бо далелњои асоснок хонандаро барои шиносої ва муътаќидкунонї ба осори Носири Хусрав њидоят менамояд.

Муаллиф дар асоси тањлили эљодиёти шоир ба хулоса меояд, ки Носири Хусрав адиб ва мутафаккири мубориз, миллї, инсондўст, адолатљў, озодихоњ, худшинос ва дар орзуи ташкили давлати миллї аст”(С.93). Нидои дили ќаламкаши номварро нисбат ба фанои давлати Сомониён аз ин байти шоир дармеёбад:

Хуросон з-оли Сомон чун тињї шуд,

Њама дигар шудааст ањволу сомон.

Пайгирии мавзуъ дар маќола ањамият дорад, зеро њар љое, ки сухан дар бораи таассуб, хурофот ва маънавиёти бегонапарастона меравад, он љо таърихи миллат ва забони модарї маќому манзалати шоистаи худро аз даст медињад.

Муњаќќиќ дар натиљаи тањлили эљодиёти  мутафаккири бузург ўро њамчун шахсияти дорои ќудрат ва тавоної тавсиф  мекунад. Ба муќобили ашхос ва зуњуроти номатлуби љомеа равона шудани ин неруро таъкид месозад: “Носири Хусрав шоир ва андешаманди њассос, кунљков, пажўњанда, сафаргаро, ғурбатдида, чуну чарокунанда, мубориз, эътирозгар, амирситез, исёнгар, мардумдўст, дењќонситой, адолатхоњ, инсондўст буда, рўњониёни зоњиргарой, мардумфиреб, шоирони маддоњ, дингароёни муќаллиду љоњил, нотавонбинони хурофотї, афроди бењувият, чоплусро, ки дар хидмати бегонагон ќарор доштанд, дар осораш мазаммат менамояд”(С.94).

Барои донишомўз азхуд кардани сифатњои мазкур на танњо боиси бой гардидани захираи луғавии ў мегардад, балки ќобилияти шинохти мантиќии муњтавои масъаларо аз лињози дарки иљтимої ва сиёсї барояш осон мекунад, ки ин нукта муњимтар аз њама мебошад.

Дар маќола нигоњи муњаќќиќ ба мавзўъ тавассути истифодаи босалоњият ва тафсири бомуваффаќияти ашъори шоир барљаста возењу равшан шарњ дода шудааст.

“Асирї - намояндаи насли маорифпарвар”низ аз љумлаи маќолањои љолиби таваљљуњ мебошад. Муаллиф барои кушодани мавзуъ аз назарияи умумии инъикоси воќеияти љамъиятї тавассути сухани бадеї хуб истифода кардааст.

Дар мавод вазъи сиёсї, иљтимої ва муњити фарњангие, ки шоир ба камол расидааст, соњиби илму маърифат гаштааст, тавзењ ёфтааст. Њамчунон, муњаќќиќ як нуктаи муњим ва ибратангезро таъкид мекунад: Шоир ба таври мустаќил таърихи адабиёти тољику форс, илмњои табиию риёзиро хеле хуб меомўзад. Вай дар муддати њашт соли иќоматаш дар Хуќанд забони русиро њам мустаќилона омўхта, дар мавриди тарзи навиштор ва гуфтори ин забон дониши мукаммале бадаст меорад”(С.279).

Сарчашмаи љањонбинии Асирї таљрибаи зиндагї ва донишњои мукаммали ў мебошанд. Мањз ин омилњо ба адиб имкон медињанд, ки зиндагии тангу тори Бухорои ваќтро ба кишварњои пешрафта дар муќоиса гузорад, бањогузорї ва хулосабарорї намояд. Барои адиб тавони дарки омилњои воќеияти иљтимої, сабабњои аслии вазъ ва рўйдоди љомеа муњим аст. Асирї муњити барои гирифтани донишњои илмї носозгорро њамчун монеа паси сар ва худро мисли як зиёии миллї иродатманд ва собитќадам муаррифї мекунад. Муњаќќиќ аз љумла менависад: Асирї ба мисли дигар маорифпарварони тољик нисбат ба тартиботи асримиёнагии њоким дар Бухоро, зулми амиру амалдорон ва арбобони риёкори динї нафрат пайдо кард. Вазъияти пасти иќтисодиву иљтимої ва маишатии мардуми мазлуми Бухоро дили шоири нозукандешро ба дард меовард”.280).

Муаллифи маќола дар натиљаи тањлили моњияти эљодиёти Тошхољаи Асирї њувият, тинат ва табиати шоирро њамчун шахсияти бузург ва љасуру далер, ба андешаи инљониб, барои баъзе аз зиёинамоњои дампои даврони мо, ки матои худњошон ғарќи гирдоби таассубу хурофот аст, барои намуна нишон додааст: “Асирї шоири шуљоъ ва љасуре буд. Ӯ ба таври ошкор бар зидди рўњониёни мутаассибу риёкор, ки бо њокимони золим якљо шуда, халќи бечораро бо фиребу найранг ғорат  мекарданд, мубориза бурдааст. Шоир, ки худ тањсилкардаи мадраса дар шањрњои Хуљанду Хуќанд буд, тинати тоифаи рўњониро медонист ва бо макру њияли онњо хуб ошно буд” .281).

Бидуни шак, љавњари сухан дар маќола марбути шоири донишманд ва тавоно аст ва бењтарин порчањои шеърии овардашуда тасдиќи афкори муњаќќиќ мебошанд. Ба хонанда илњом мебахшанд.  Ўро дар рўњи бањрабардорї  аз илму маърифат њидоят мекунанд. 

Дар баробари дастовардњо, ба фикри мо, маќолањои китоб аз   камбудињо холї нестанд.

Як зумра муаллифон, дар доираи мавзуъ, љуръати даст задан ба тањлил ва арзёбии ањвол ва ашъори бузургтарин намояндагони адабиёти тољик, ба мисли Абуабдуллоњи Рўдакї, Абулќосими Фирдавсї, Абуалї ибни Сино ва дигар адибони барљаста кардаанд. Дар ин роњ зањмат кашидаанд. Кўшидаанд, ки тафсилоте пешнињод намоянд. Аммо то њадди муайян дучори мушкилињо гаштаанд. Мо фаќат намунањои кўтоњро дар бораи шарњи эљодиёти сардафтари адабиёти тољик Абуабдуллоњи Рўдакї ва Абулќосими Фирдавсї оварданї њастем.

Аввалин љумлаи маќола, ки баъди тафсири њоли Абуабдуллоњи Рўдакї омадааст ва эљодиёти ўро бидуни муќаддима хулосабандї карданї мешавад, ин аст: Мавзуи ашъори Рўдакї умдатан нопойдорї ва бевафоии љањон, ғанимат шумурдани фурсат, тарғиби шодї ва шодзистиро дар бар мегирад” (С.16). (Услуби баёни муаллифон дар иќтибосњо айнан оварда шудааст).

Њамчунон, муњаќќиќ менависад: Рўдакї шоири миллигаро ва ситоишгари фарњанг ва арзишњои волои миллї дар замони Сомониён буд”(С. 14). Дар “Фарњанги тафсирии забони тољикї” калимаи миллигаро љойгоњ пайдо накардааст. Аммо “миллатгаро” њамчун пайрави аќида ва сиёсати миллатгарої тафсир гаштааст. Он муродифи мафкура ва сиёсати иртиљої дар муносибат ба миллатњои дигар ва соњибимтиёзу бартар шуморидани миллати худ аз миллатњои дигар тавзењ ёфтааст(Ниг. ба Фарњанги тафсирии забони тољикї. –Д.:  2010.- С. 839).

Муњаќќиќ бо овардани бењтарин порчањои шеърии  Абуабдуллоњи Рўдакї, мутаассифона, дар шарњи баробарвазни онон дар доираи мавзуъ аз истифодаи  методњои илмї сарфи назар кардааст.

Дар маќолаи“Фирдавсї сарояндаи њамосаи Ватан  ва андешаи дунявїмуаллиф  аз  тафсири илмї - сабабњои воќеии њуљуми арабњо ба Осиёи Миёна худдорї мекунад: Ба њарфи дигар, шуубия њамчун њаракати миллї-озодихоњї дар муќобили бузургманишї (бузургманиш будан - олитабиатї, олињимматї, асилзодагї, ашрофзодагї. Фарњанги тафсирии забони тољикї. -Д:. 2010. -С. 251-С.Я.) ва поймол шудани њуќуќи халќњо, бавижа ањли Аљам, падид омад, зеро дини ислом дар ибтидо мусовот ва баробарии њамаи мусулмононро эълон карда буд, аммо тадриљан арабњои истилогар ин шиори инсондўстонаро канор гузоштанд ва миллатњои шикастхўрдаву мазлумро ба номи “маволї” хонданд, њаќќу њуќуќ ва баробарии њамаи мусулмононро наќзу зери шубња гузоштанд...(С.24).  

Дар тањлил ва арзёбии њаракати шуубия дар китоб ихтилофот  љой дорад. Он боиси ба иштибоњ бурдани хонанда мегардад: "Андешањои шуубї то чанд сада пас аз истиќлоли давлатњои миллї дар марзњои Ориёно њамчунон ривољ дошт ва асоси тамаддуни исломї бар он нињода шуд”(С.14); Дар љойи дигар:“Албатта, тавре ки гуфтем, шуубия ибтидо дар дохили худи ќабилањои араб пайдо шуда буд, зеро њар ќавму ќабилаи араб худро њукмрони кишвар мењисобид” (С.29);

Аммо хотирнишон бояд кард: ”Шуубия (аз ар. шуъуб-халќ, дар Ќуръон ба маънои мардуми ғайри араб, аљамиён омадааст) љараёни оппозитсионї нисбат ба усули њукмронии сиёсию фарњангии арабњоро гўянд, ки охири асри 8 дар байни аљамиён пайдо шуда буд” (Энсиклопедияи советии тољик. Љилди 8.-Д.: 1988. -С. 486).

Ба андешаи мо, мушкили асосї дар таълифи “Андешањои дунявият дар адабиёти классикии тољику форс” ба таври мушаххас муайян накардани объект ва предмети тањќиќи илмї аст.

Мањз ба њамин сабаб, бисёре аз муаллифон дар доираи маљмўа вазифањои худро пурра дарк накардаанд. Китобро на ба сифати дастури таълимї - ”Воситаи тавсиявї-амалї барои хонандагону донишљўёни муассисањои тањсилоти миёнаи умумї ва олии касбї”, тавре ки дар таъиноти он эълон шудаст, балки њамчун љамъи маќолањои назариявї, ибрози дидгоњ ё бархўрди субъективї ба мавзўъ ќабул кардаанд.

Маълум аст, ки объекти тањќиќот маљмўи хосиятњои муайяни зуњурот ва љараёнњои воќеияи реалї мебошад, ки бо сифатњои алоњидаи худ – система, структура, вазифа, мундариља, аломатњо ва ќонунмандињои њастї аз дигар объектњое, ки дар табиат, љамъият ва тафаккур њастанд, фарќ мекунад.

Ба хотири он ки љараёни онтологї ва гносеологї дар доираи объект моњияти охиринро, дар маљмўъ, дар бар мегирад, зарур аст, он ќисмати объект мушаххас карда шавад, ки барои субъекти тањќиќот њамчун арзиши ањамияти амалии иљтимоидошта интихоб шудааст. Ва онро, албатта, предмети тањќиќот ном мебаранд.

Ин камбудї дар бисёр матолиби китоб,  алалхусус, дар маќолаи “Озодандешї ва дунёмадорї дар рубоиёти Абусаиди Абулхайр”(С. 36-46) ба назар мерасад.

Истифодаи калима, ибора ва љумлањое, ки муњтавои маќолаи зикргардидаро ифода мекунанд, далели ин гуфтањоанд: Падари ў касби ошпазї дошта, писарашро аз хурдї ба љамъомади сўфињо мебурд”; “Баъди омўхтани илм ба Мењана омада, хонаќоње барпо кард”; “Шайх Абусаид бар ин назар буд, ки илм бояд ба маќоми шуњуд (шуњуд – фарогирии дониш бидуни ниёз ба исботу далел) бирасад”; “дар шеъру таронаи Абусаид сухани шаръї нињон буд”; “Абусаид озору азият ва куштани инсонњоро њатто дар зери ливои дин сахт мањкум мекунад”(С.38, 39, 40, 45).(Таваљљуњ шавад ба мантиќ ва шакли ифодаи назари муаллиф ва хулосабарории ў мањз дар љумлаи охир).

Тафсири баъзе порчањои шеърии Абусаиди Абулхайр натанњо дар чањорчўбаи маќолаи зикргардида, балки аз нигоњи шинохти мавќеи иљтимоииин шоириравияи тасаввуф, ба андешаи мо,бозомўзї ва тафсири иловагиро таќозо дорад.

Ратсионализм, тавре ки дар порчањои назмии  Абусаиди Аблухайр мебинем, дар эљодиёти шоир љойгоњи шоиста дорад. Аз ин захираи маънавї, тибќи мавзўи илмї маќсаднок бояд истифода  кард.

Мавќеи олим,шоир, нависандадар тўли таърихумуман ва дар давраи њассоси давлатсозии имрўз, хусусан, аз муносибати ў ба манфиатњои воќеан миллї –забон, фарњанг, сарзамин, худшиносї ва хештаншиносии миллї, дар ин асос тамоюл ва иродаи дар замири наврасону љавононбедор кардани эњсос ва ифтихори ватандустї зоњир мегардад. Бидуни такя ба илм ва далелњои таърихї чунин кўшиш аз таассубу хурофот чизе бештар нест.

Боиси таассуф аст, ки баъзе аз намояндагони соњаи илм, бошуурона (ё шояд баръакс) зери пўшиши гносеологияи схоластикии “фарогирии дониш бидуни ниёз ба исботу далел” дар осиёби љараёнњои зиддимиллї, љањонбиниимавњум, ифротгарої, њаракат ба сўйи торикиву зулмот об мерезанд ва бо инамал ба илму маорифи миллї “хизмат” карданї мешаванд.

Чунин муносибати гелтерии содалавњона мактаби миллї ва мардумро ба рањгумї мебарад.

Тањрифи тарзи илмии тафсири таърих ва тафаккури миллї, бозтоби он азнигоњи таассубу хурофот шакли нозуки фидеизм аст, агар он зери пўшиши муассисаи расмии миллии илмї бозтоб гардад.  Ва њамчун зуњуроти нињоят дағал,аз нигоњи воќеияти таърихї ва адабї, ки намунањои он дар эљодиёти Абулќосими Фирдавсї, Умари Хайём,  Носири Хусравва дигар бузургон оварда шудаанд, ба њисоб меравад. “Фалсафа њамчун илми хирад барои њама таъин шудааст. На њама ба дарки он мерасанд, аммо ин масъалаи дигар аст”(ГегелГ.В.Ф. Слово о науке.- М.: Знание, 1978.-С.33).

Илмњои љамъиятї аз љумла фалсафа, адабиёт, санъат, забоншиносї, этнография, давлатшиносї њуќуќ ва ғайра, дар шакл ва мазмун,сарфи назар аз зинаи камолот, се њазор сол ќабл њам хосият ва бозтоби амиќи сиёсї, идеологїва миллї доштанд. Муаллаќ набуданд. Соњиби тараф буданд. Онро њимоя мекарданд. Давлат њам наметавонист ва наметавонад љабњаи ташаккули маънавии миллатро бетаваљљуњ монад. Муносибатњои муассисаи марказии сиёсии љомеа (давлат, њукумат) ва соњањои илмњои љамъиятї, дар асл, як системаи бо њам алоќаманд ва вобаста мебошанд.Њолати фавќулода дар ин муносибат мавзўи дигар аст.

Дар бораи забони маљмўа

Албатта, дар олам забони мутлаќи фарогир, ки таркиби луғавии онфаќат мансуб баяк миллат ё халќ  бошад, вуљуд надорад. Аммо тамоми забонњои расмї дар њар давру замон вобаста ба шароити таърихї, вазъи сиёсї, фарњангї,  дараљаи тараќќиёти илму техника меъёрњои истифодашавандаи фонди луғавї ва таркиби луғавї доранд. Яке аз забонњои ќадимтарини дунё - забони тољикїаз ин ќоида истисно нест.Дар Тољикистон њам меъёрњои забони адабии њозираи тољикї амал мекунанд.

Бояд хотирнишон кард, ки муаллифон њангоми иншои маќолањо бидуни зарурат азлуғатњо, калимањои арабиасос ва иќтибосиеистифода бурдаанд, ки равонї ва содагии ифодањоро  халалдор месозанд. Маънии онњо ба хонанданофањмо мемонад. Ба монанди лињозо (бинобар ин, ба ин сабаб), маод (зиндагии баъд аз марг), лоязол (лоямут, намиранда), тамљид (мадњ, ситоиш таъриф), яди байзо(дасти муъљизаноки Мўсои пайғамбар, равшанї, офтоб, муъљиза, корнома, мањорат, тавоної) барозанда(шоиста, сазовор), тамомиёр(тафсир ё тарљумаи он дар луғат нест), разонат (устуворї, пойдорї), бардагї (асирї, ғуломї, бандагї), инњитот (фуруд омадан, таназзул), муътаъзил (канорагир, гўшанишин), каррот (дар луғат нест), биноан (бинобар ин),иљмолан (таври хулоса), ливоа (ливо, парчам,байраќ), шикебої (сабр, тањаммул), маљзуб(љазбкунанда), муаххар (таъхирнопазир)ва дањњои дигар.

Вобаста ба њадафмандї ва таъйиноти маљмўа забон ва услуби баёни китоб ниёз ба тањрир дорад.

Бузургтарин намунањои забони тољикї ва тарзи ифодаи маънињо ва мафњумњо дар осори безаволи Абуабдуллоњи Рўдакї ва њамасрони ў,“Шоњнома”-и Абулќосими Фирдавсї, асарњои илмї ва адабии классикони адабиёти навини тољикСадриддин Айнї, Мирзо Турсунзода ва ќудрату мањорати маъниофаринии онњо мављуданд.

Маќолањо, ки њамчун дастури таълимї таъйин шудаанд, чун ќоида, бо саволњо анљом меёбанд. Бидуни шак, онњо бояд имтињон кунанд, ки хонанда то кадом андоза мундариљаи китоб ва маќсади таълифи онро дар доираи мавзўъ ва њадафи мавод азхуд кардааст. Боиси таассуф аст, ки дар аксар њолат, саволњо бачунин талабот  љавобгў нестанд.

Њамзамон бо ин, дар китоб хатоњои мантиќї, морфологї, синтаксисї, орфографї, такрор истифода шудани як калима (тавтология),њатто дар доираи як љумла, зиёд љой доранд,ки аз овардани мисолњо дар ин бора худдорї мекунем.

Ќисмати зиёди маќолањои китоб ниёз батањрири илмї доранд.

Дунявият,назария ва методологияи тањќиќ

Китоби дарсї, адабиёти таълимї ва њама гуна тањќиќот тибќи назарияи илмї, ба ибораи дигар, маљмўи идеяњо ва љањонбинињо, ки зуњуроти моддї  ё маънавиро тафсир мекунанд, таълиф мешаванд. Таъкид бояд кард:“Нисбат ба фарзия (гипотеза) назария гуфта, њамон чизеро меноманд, ки тавассути далелњои илмї ё таљриба њолат ва хулосањои он тасдиќ шудаанд(Ковальченко И. Д. Методы исторического исследования. - М.: -Наука,2003. -С.25).

Неруи илм дар тавъам омадани диалектика ва љањони моддї аст.

Тағйироти олами берунї љараёни беохири олами њастї мебошад. Он новобаста аз шуури инсон воќеият дорад. Одам – ягона мављудоти соњибшуурќудрати бузурги дарк кардан, фањмидан, азхуд намудан ва дигаргун сохтани муњитро, дар њар шакле, ки бошад, дорад. Ва дар дунё зуњуроте нест, ки зери таъсири собитќадамона, пайдарпай, бебокона ва маќсадноки илм чун муаммои сарбаста боќї монад.

Агар ба таълимоти илмї, фалсафї ва адабии абармардони миллати тољик дар њазорсолаи ахир нигоњ кунем, дар ин “љањони њамеша гирдгардон” онњо ќудрати “аз ќаъри гили сиёњ то ављи Зуњалњал кардани њамаи мушкилоти гетиро” воќеан ба намоиш гузоштаанд ва ба љањониён эълон кардаанд. Њарчанд ки адабиёт ва фалсафаи муосири миллї ваќтњои охир каме сукут кардаанд, боке нест. Ба хотири он ки мабодо “љањонро ба бад наспарем”, аз он захирањои бузурги илмиву маънавии гузаштагонамоннабояд фосилагирїкунем.

Ба ғайр аз назарияи илмї роњ, усул ва  воситаи расидан ба њаќиќати илмї наќши муњим дорад. Дар ин самт омўхтан, азхуд кардан ва интихоб намудани методњое, ки муносибати субъекти тањќиќотро ба объекти тањќиќот муайян мекунанд, муњимманд.

Ба назари мо, њангоми тањќиќи љањонбинии дунявї методњои таърихиву генетикї, таърихиву муќоисавї, таърихиву типологї, системавию сохторї, системавию функсионалї, омўхтани сарчашмањои таърихї ва далелњои таърихї тавъам бо дигар методњои тањќиќот масири расидан ба маќсади таълифотро муайян месозанд.

Оидба сарчашмањои афкори дунявият

Нютон таъкид карда буд: “Агар мо аз дигарон дуртар   дида бошем, сабаб он аст, ки дар китфони дигарњо истодаем”. Ин суханњо чун ибрози эътиќод, эътироф ва миннатдорї аз мутафаккирони гузашта ва њамзамон бо ин, њидоят ва маслињат барои ояндагон аст.

Китобњои дарсїдар маљмўи таълифот дар соњаи илму маориф муњимтарин, арзишмандтарин мавод барои сохтани љањонбинї, тарбияи инсон, эъмори  давлат ва давлатдории миллї њастанд, зеро мањз њамин “китоб чашму гўши одамро мекушояд,гигиенаи љисмонї ва рўњиву аќлонии инсонро таъмин мекунад, љањонбинии як одамро ба љањонбинии инсоният мепайвандад ва баръакс,донистан лозим аст, ки агар мардум содалавњ монад, онро наздикї ба бањр њам наљот намебахшад”(Рузвелт).

Адабиёти таълимї ва тарбиявї мисли фарњанг (луғат) донишњоеро, ки айни замон дар сатњи илми миллї ва дунё ба барномаи мактабу донишгоњ мувофиќ меоянд, дар бар мегирад. Ва њар сол, агар зарур бошад, ба онњо тағйироти муайян ворид карда мешавад. Ба аќидаи мо, китоби дарсї ягона маводи илмїњаст, ки љавњари дастовардњо ва донишњои соњавиро вобаста ба объект ва предмети мавзўъ аз адабиёти дастрас дар он љамъ, ба таркиби луғавї ва мантиќи объект ва предмети мавод мувофиќ карда,пешкаши хонанда мегардонанд. Дар ин маврид, тибќи маъмул, ягон кас кўшиши даъвои рўнависиро намекунад.

Навиштани китоби дарсї дар илму маорифи тољиканъанањои таърихї дорад. То инќилоб ва замони шўравїтанњо бузургтарин олимон љуръати навиштани китобњои дарсиро кардаанд. Давлат њам ба онњо эътимод бахшидааст. Аз онњо ќаноатманд будааст. Ин нобиғагони илм ба насли њафт дањсолаи он замон њаќќи устодї доранд. Шогирдон њам бо муаллифони китобњое, ки аз онњо илм омўхтаанд, ифтихор мекунанд: Абдулќодири Шакурї, Мањмудхољаи Бењбудї, Абдуррауфи Фитрат, Сайид Ризо Ализода, Тўраќул Зењнї, Холиќ Мирзозода,Абдулғанї Мирзоев, Шарифљон Њусейнзода, Соњиб Табаров, Рањими Мусулмониён, Њилол Карим, Воњид Асрорї, Њамид Баќозода, Додољон Тољиев, Носирљон Маъсумї, Абдусалом Дењотї, Юрий Бобоев, Аълохон Афсањзод, Шарофиддин Рустамовва дигарон.

Мењру муњаббатро ба илму дониш тавассути сарфу нањви забони тољикї ва адабиёти классикї мањз њамин донишмандон ва њамсафони онон ба миллионњо наврасон  ва  љавонон омўхтаанд. Дар онњо эњсоси ватандўстї, хештаншиносї ва худшиносии миллиро бедор кардаанд. Аз шаш Ќањрамони Тољикистон Садриддин Айнї ва Бобољон Ғафуров ба таълифи китобњои дарсї шуғл варзидаанд.

Мо муътаќид њастем, ки китобњои дарсии дар соњањои забони модарї, сарфу нањв ва адабиёти тољик навиштаи олимони замони шўравї метавонанд бо коркард ва нигоњи интиќодї - тағйири мисол, вазъи сиёсии замон, њамчун яке аз сарчашмањои муътамади илмї, илмиву методї ва услуби истифодаи захирањои забони модарї  истифода шаванд.

Олимоне, ки дар асоси риояи маљмўи талаботи меъёрњои њуќуќї ва маънавї ба унвони баланди муаллифи китобњои дарсї ва адабиёти таълимї сазовор мешаванд, бояд манзалати “Устоди миллионњо”- ро дар хотир дошта  бошанд.

Зеро давлат ба дўши ононе, ки китоби дарсї менависанд, бузургтарин масъулиятро мегузорад. Њамзамон бо ин, муаллифони китоби дарсї ононе њастанд, ки ин масъулиятро дар назди давлат, миллат ва ояндаи он дарк мекунанд.

Мо чунин мешуморем, ки љањонбинии миллионњо аз ќалами ин шахсиятњо вобастагї дорад.

Хулоса

Дар маљмўъ, мафњум ва тафаккури дунявї дар фарњанги мо бодарки илмии истилоњоти “миллат”, “тољик”, “тољикият”, “давлати миллї”, “манфиатњои миллї”, “хештаншиносї”, “худшиносии миллї”, “истиќлоли миллї”ваљањонбинии илмї њамсанг аст.

Њамзамон бо ин, мафњуми“афкори дунявї” барои мардуми олам,  аз љумла тољикон сухани нав нест. Њамќадам ва њамсинну солиHomo Sapiens аст. Њанўз аз аввалин эъломияиэњсосиэътиќод ва эътирофи“дониш андар дил чароғи равшан будан”,кўшиши “бардоштани ин фалакро зи миён ва сохтани дунёи нав ба маќсади осон ба коми  дил расидан”, “љањонро саќф бишкофтану тарњи нав андохтан”шакли расмї гирифтааст. Њанўз аз замоне, ки табаќаи пешќадами миллат – зиёиён барои истиќлол ва њувияти забонї, фарњангї, анъана ва расму русуми худ мубориза оғоз намудаанд.

Њамин тариќ,дар доираи мантиќи таърихии илм, адабиёт ва фарњанги миллати тољик мафњуми дунявї вуљуд дошт.Дар акси њол, мо аввалан тољик, баъдан миллат ва ахиран соњиби давлати мустаќил  намебудем. Ба даврони хотирљамъивуосудагї ва  суботу озодагї намерасидем.

Эътиќод, таассуб, хурофот њам мањсул ва њамќадами таърихи инсоният мебошанд. Онњо њам мисли дунявият шакли љањонбинианд. Мантиќи сиёсї, иљтимої ва идеологї доранд. Барои њамаи миллатњо чунин таќдир њамроњ будааст.

Аммо сухан дар бораи таносубњо, яъне аќаллият ва аксарият меравад. Миллатњое, ки илму донишфарогири аксарияти онњо шуд, дар арсаи љањон тасаллут пайдо карданд. Ањволи мардуми хешро бењбуд бахшиданд. Зиндагии шоиста доранд.  Натанњо истифодаи захирањои табиии оламро ба манфиати худ ба роњ монданд, балки аќли мардумони бегонаро њам мутеи худ гардонданд.

Ва баръакс, дар љое, ки хурофот ва таассуб аксариятро фарогир шуд, зиёї дар аќаллият монд.Сарзамин бо  мардумони содаву гумроњу нодонбачањои худабзори арзони бозињои аљнабиён гардид. Омилони геополитикї бо суиистифода аз дину мазњаб ва хурофоту таассубэњсоси худшиносї ва хештаншиносии миллии пайравони исломро  бењис (а н е с т е з и я)  карданд.Ба љойи он, дар майнаи мусулмононтухми љањонбинии “ал –Ќоида”, “Давлати исломї”, “Ансоруллоњ”,“њизби нањзати исломї”ва дигарњоро кориданд.Акнун онњоро њамчун лашкари муфту ройгон барои манфиатњои худ истифода мекунанд.

Ин љо сухани Волтер (Франсуа Мари Аруэ, 1694 – 1778) ба хотир меояд, ки гуфтааст: “Одамони бечора! Чї садсолањо лозим шуд, ки каме аќл пайдо кунед!”.

Њамин тариќ, дар Тољикистон, ки зиёда аз навад дар сади мардум мусулмонанд, ду роњ вуљуд дорад. Ё бо пайравї аз илми дар таљрибаи инсонї тасдиќшудамамлакати хешро обод,якпорчагї ва оромиву озодагии онро таъмин мекунем, ё зери таъсири хурофоту таассуб озодї, рушду тараќќї ва  сулњу суботи давлати миллии худрозери суол мебарем. Роњи сеюм вуљуд надорад!

Пайравони роњи якум ба мисли АбуабдуллоњиРўдакї, Абулќосими Фирдавсї, Абуалї ибни Сино, Ањмади Дониш, Садриддин Айнї, дигар бузургони миллат, зиёиёни миллї ва худи мардум њастанд. Рўњи зиёї тавъам бо неруи мардумї ва худшиносии миллї бузургтар, ќавитар аз њамаанд!

Таърихан ва њоло низ дар пушти љонибдорони роњи дуюмќудратњои геополитикїбо  барнома вапулу молистодаанд. Ба онњо  бояд бо чашми хирад нигарист, шинохт ва манфиатњои давлати миллиро њимоя кард. 

Умед аст, ки зиёиён(шахсони огоњ аз илму фарњанг, равшанфикр, бомаданияту соњибмаърифат) бо мувофиќ кунонидани донишу малака ба талаботи рўзва мукаммал гардонидани пажўњишњои худ, аз љумла, дар доираи китоби мазкур, дастрас намудани он ба омма барои пойдории давлати миллї сањми муассир хоњанд гузошт.

Ин натиљагирї аз таъкиди дар таљрибаи таърих тасдиќгардидаи  Аристотел бармеояд, ки гуфта буд: “Охир, тарбия бояд ба њар як сохти давлатдорї љавобгў бошад;сифати инсонии мувофиќ ба њар як сохти давлатдорї, ба тарзи одї, барои њифзи њамин сохт хизмат мекунад ва пеш аз њамасабаби пайдоиши он мегардад”(Аристотель. Политика. - М.: РИПОЛ классик,2010. -С.535).

С. Ятимов, профессор

Бознашр аз маљаллаи “Илм ва љомеа”, №1 (28), соли 2022


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш