Натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 рӯзи 7-уми авгус-ти соли 2018 эълон карда шуд.
Зимни суҳбат ёвари директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувосид Юлдошев иброз дошт, ки маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи озмуни тақсимот барои ҳар як довталаб дар кабинети инфиродиаш ҷойгир карда шуда, инчунин, ба телефони мобилии ӯ, ки рақами он дар варақаи бақайдгириаш дар “Телефони мобилӣ” қайд гардидааст, паёмак (SMS)-и ройгон бо маълумоти мухтасар дар ин бора фиристода шуд.
Тибқи эълони натиҷаҳои иштироки довталабон дар имтиҳонҳои мазкур аз 89317 нафар довталабе, ки дар имтиҳонҳо иштирок доштанд, ба озмуни тақсимот 70820 нафар (79,29 %)-ашон роҳ ёфта буданд. Шумораи умумии дов-талабони ба озмуни тақсимот роҳёфта 104,39 %-и шумораи ҷойҳои тибқи нашаи қабули донишҷӯён ҷудогардидаро ташкил медиҳад. Соли ҷорӣ барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҳамагӣ 67844 ҷой, аз ҷумла, 46957 ҷой барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва 20887 ҷой барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷудо гардидааст.
Дар озмуни тақсимоти асосӣ 52364 нафар довталаб сазовори номи донишҷӯ гардида, ба муассисаҳои таълимӣ дохил шуданд, аз ҷумла, 39976 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва 12388 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ. Шумораи умумии дов-талабони дар озмуни тақсимот комёбшуда 73,94 %-и шумораи ҷойҳои тибқи нашаи қабули донишҷӯён ҷудогардидаро ташкил медиҳад.
Барои довталабони ба озмуни тақсимот роҳёфтае, ки тибқи натиҷаҳои озмуни мазкур комёб нагардидаанд, озмуни тақсимоти такрорӣ доир карда мешавад. Озмуни тақсимоти такрорӣ низ дар асоси бали аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталаб, яъне бе супоридани имтиҳон баргузор мегардад. Барои иштирок дар ин озмун довталабон бояд дар нуқтаҳои бақайдгирӣ аз нав ба қайд гирифта шаванд. Ҳангоми азнавбақайдгирӣ онҳо имкон доранд, ки дар доираи ихтисосҳое, ки тибқи онҳо ҷойҳои холӣ мавҷуданд, то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро интихоб намоянд ва дар даври дуюми тақсимот, ки аз 24 то 27-уми август баргузор мегардад, ширкат намуда, сазовори номи донишҷӯ шаванд, - қайд кард А.Юлдошев.
Н.Охунзода,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр