Нашрияи Омӯзгор

​​​​​​​Муҳаббат – асоси оилаи солим

Сана: 2022-04-07        Дида шуд: 212        Шарҳ: 0

Оила ва ташкили он аз анъанањои дерина ва хеле ќадимаи иљтимої аст, ки байни одамон ривољ ёфтааст. Асоси оилаи солим ва мустањкамро муњаббати тарафайн ташкил медињад, ки ниёгони мо ба он, яъне муњаббати байни писару духтар ё марду зан, диќќати љиддї додаанд. Муњаббате, ки чун оина соф ва беолоиш бошад, хости табиии биологї ва иљтимоии инсон аст. Њамин хости табиї аст, ки њанўз дар 7-8 солагї муносибату рафтори духтару писарњо таѓйир меёбад. Дар рафтору амали онњо нисбат ба якдигар шарму њаё падидор мегардад. Камолоти љинсии занон нисбат ба мардон аз 1 то 3 сол барваќттар ташаккул меёбад.

Омиле, ки љавононро ба оиладоршавї водор мекунад, ин талаботи иљтимої мебошад, ки дар пояи ахлоќї асос ёфтааст. Фарќияти инсон аз њайвон дар он зуњур меёбад, ки инсон њар як амалу рафторашро ба аќл тобеъ месозад ва аз талаботи ахлоќие, ки дар љомеа муайян гардидааст, берун намебарояд. Дар ин бобат олими барљастаи асри IX Закариёи Розї фармудааст: «Инсон боистї, ки баръакси ба шањвати латифи пинњонї ќаноат кардан, онро муњофизат намояд, то ки латифию зебоии ин амр нигоњ дошта шавад. Пас, онњое, ки такя ба аќл доранд, вољиб аст, ки аз њад зиёд ба шањват кордор нашаванд. Ба ин амал зиёдаравї накарда, ба азобу норасоии он тоќат кунанд ва барои зиёд аз даст додани он дар њасрат намонанд ва хурсанду розї бошанд».

Ташкили оила бењтарин роњи таъмини талаботи љисмонї ва маънавии инсон мебошад. Табиат писару духтар, марду занро чун воњид офаридааст. Бинобар ин, мањз ба туфайли якљоя будани он «пуррагї» ба вуљуд омада, талаботи табиї ва иљтимої ба љо оварда мешавад. Пас, онњое, ки оила ташкил медињанд ба оќибати он бояд масъул бошанд ва аз уњдаи вазифањои табиии зану шавњар ба хубї бароянд. Аз љињати ахлоќ ба ин кори басо муњим ва бошарафу бузурги инсонї омода бошанд.

Зану шавњар бояд хуб дарк кунанд ва ба он тайёр бошанд, ки кори бисёр муњимму мураккаби иљтимої - таваллуду тарбияи фарзанд бар дўши оила аст. Онњо на танњо зану шавњар, балки давомдињандаи насли инсонї мебошанд.

Дар забони тољикї ду калимаи муродиф ва муќаддас њаст, ки ин њиссиёти наљиб ва олии инсониро ифода мекунанд: «ИШЌ» ва «МУЊАББАТ». Њар ду, аслан, калимањои арабї буда, ба таври умумї як љозибаи нарм, форам, гарм ва сўзони байни ду шахсро ифода мекунанд. Ин љозиба (кашиш) бисёр нозук ва латиф, аљиб ва шавќангез буда, моњияти онро то охир њељ кас фањмида ва фањмонда натавонистааст. Зеро вай дар вуљуди зиндаю мураккаби инсон чуќур реша давонда, ба хуну ба маѓзи он вобастаю пайваста аст.

Дар адабиёти тољик дар боби ишќу ошиќї асарњои зиёде эљод гардидаанд. Мавзўи ишќу муњаббат, вафодорї ва фидокорї дар ин роњ доим диќќати ањли башарро ба худ љалб мекарду мекунад.

Дар љањон касе нест, ки дар њаёти худ боре ошиќ нашуда бошад. Бехобї, интизорї барои танњо як дидори маъшуќ, дарди њиљрону шоирї – ин хислатњо барои њар як фарди ошиќ хосанд. Аммо гоњо баъд аз муддати муайян оташи сўзони ишќ паст мегардад ва оњиста-оњиста фаромўш мешавад. Маълум мешавад, ки ин ишќи њаќиќї набуда, танњо њавою њавас будааст.

Донишманди бузург Закариёи Розї дар китоби «Тибби рўњонї», ки ба бисёр забонњои љањон тарљума гардидааст, дар бораи њолати ошиќ навиштааст: «…мумкин аст, ки аз дарди ишќи њаќиќї дар ѓамгинии шадид ва љуссањои муттасил бимонад. Дар ин гуна њолат ошиќоне, ки њељ гоњ ба маќсади худ намерасанд, ба дарди бехобї ва парешонњолї дучор мешаванд».

Оилае, ки дар асоси ишќи тарафайн бунёд мегардад, хушбахту поянда аст.

Ишќ мењвари оила ва муносибати оилавї мебошад. Чун ин тавр аст, ба вай хеле даќиќ назар ва хеле нозук муносибат кардан зарур аст. Шарти аввал донистан ва ќабул кардани он, ки ишќи љинсї решаи љисмонї, баданї дорад, дар бадани зиндаи инсон пайдо ва парвариш мешавад. Дар одами ноболиѓ њоло ишќи љинсї нест. Дар тани пиру фартут низ ишќу љозибаи љинсї (байни зану шавњар) бошад њам, он тамоман моњияту мазмуни давраи љавониро надорад; робитаи байни онњо асосан аз рўи одат, њољат ва муошират, наљот ва хавфи танњої аст, ки барои давраи пирї муњимтар аз ахлоќњои љисмониянд. Њатто худи љавонон хусусиятњои ишќро дар давраи гардишу вохўрињои ошиќона ва давраи баъди никоњї њаёти мураккаби оилавї фарќ мекунанд: он «дуд»-у «оташ» ва «сўхтану пухтан»-њо хоси замони ишќварзианд, вале он дар ваќти ба коми дил расидан, никоњ шудан нест мешавад.

Шарти дуюм донистану эътироф кардани он аст, ки ишќ дар миќёси замону макон, фазо ва ваќт абадї нест. Вобаста ба марљаъ асосњои дигар пайдо мешаванд, вале комилан вобаста ба шахс дар ихтиёри шахс аст; дар доираи замону макон, фазо ва ваќт абадї нест. Вобаста ба марљаъ асосњои дигар пайдо мешаванд, вале комилан вобаста ба шахс дар ихтиёри шахс аст; дар доираи замону макон умр ва тан мањдуд буда, пайдоиш, инкишоф ва инњирофи он низ тибќи њамин ќонуният вуљуд дорад.

Шарти сеюм ин аст, ки ишќ ба хирад ва иродаи инсон бояд тобеъ бошад. Вале ин тобеъият на тобеъияти яктарафа, балки робитаи тарафайн аст. Хирад ва ирода агар ишќу њиссиёти ишќиро идора ва рањнамої кунанд, ишќу њиссиёт аќлу иродаро ќувват медињанд; аќлро гўё ва иродаро гиро мекунанд; аќл ба ишќ сафо мебахшад, барои интихоби дурусти объекти ишќ мадад мерасонад; ишќ (ишќи ёр, ишќи Ватан, мењри касб ва ѓ.) дар навбати худ аќлро водор месозад, ки роњњои бењтару наздиктари расидан ба маќсадро љўяду ёбад; вай иродаро мадад мекунад ва пурќуввату устувор менамояд. Дар сурати суст будани таъсири хирад ишќ метавонад иродаро тамоман ба ихтиёри худ гирад, ба самти барои ў даркорї равона созад. Ин њол њам љињати хуб ва њам љињати бад дорад. Хуб он, ки ишќи њаќиќиро ба мурод мерасонад ва бад ин ки касро ба корњои нохуш; ѓалабаи шањват, њамоќат, љабр, љиноят ва ѓайра бурда метавонад. Дар хусуси аќл бошад, ишќи љунунї онро тира ва гумроњ низ карда метавонад.

Донишманде гуфтааст:

-«Маъшуќаеро, ки чашм интихоб кунад, чї басо, ки мањбуби дил нашавад, аммо онро, ки дил биписандад, бегумон, нури чашм хоњад шуд».

Аз ин гуфтањо маълум мешавад, ки чашм њуснро меписандаду дил интихоб мекунад. Барои дил бошад, омилњои асосї феълу рафтори нек, мењр, самимият, садоќат, вафо ва дигар хислатњои неки инсонї мебошанд. Вагарна дар зиндагї бисёр духтарони зебо, аммо худписанду худхоњ, бевафою сабукрафтор умрашонро ба танњої мегузаронанд ва касе онњоро њамроњи њаёт интихоб намекунад.

Ошиќ њамон, ки маъшуќаро хуш кунад.

Ишќ як хосияти умумї дошта, дар шаклњои гуногун, дар марњалањои умри инсон зоњир мегардад. Дар давраи пирї, тавре, ки ќаблан гуфта шуд, ишќ он хусусияти њарорати давраи љавониро надорад, сифатан дигар мешавад. Зане, ки модар шуд, фарзандашро дар аксари мавридњо аз шавњар бештар дўст медорад. Њамаи ин њолатњоро ба њисоб гирифта, фикр намуда, муносибатњоро танзим кардан лозим аст. Ишќи Ватан бошад, хусусиятњои худро дорад, асосан дар њолати ѓурбат (ѓарибї) чуќур ва љўшон эњсос мегардад. Объекти чунин ишќ гуногун ва таркибан сершумор аст: аз хона, кўча, мањал, ноњия, шањр, кишвар, вилоят, то мамлакат. Фарќи куллии ин ишќ аз ишќи љинсї дар он аст, ки яке ишќи дигареро истисно намекунад, муќобил намеистад. Вале касе, ки дар Ватан аст, аз ѓами ишќ озод аст. Барои њамин мегўянд:

 «Ѓами Ватан аз ѓарибон пурс, ки соњибватанон аз он бехабаранд».

Чи тавре, ки шаклњои зуњуроти ишќ бисёр аст, шаклњои изњори он низ хеле гуногун мебошад; зикри њамаи онњо ваќти зиёдеро мегирад. Аќидае њукмрон аст, ки дар њар забон 100-150 тарзи баён кардани «Ман туро дўст медорам» вуљуд дорад. Муњим он аст, ки ишќ моњиятан пок, расида ва шаклан пухта бошад. Дар он сурат барои изњор намудани он суханњо воситањо бисёранд. Аз њама хубаш он аст, ки вай на ба воситаи сухан, мактуб, миёнарав, ишора ва ѓайра, балки дар амал нишон дода шавад.

Аќлу фаросат, шаклу сурат, шавќу раѓбат, мењру садоќат ва касбу мањорати худро нишон дода, сипас аз ишќу васолат њарф бояд зад. Онњое, ки дарњол «Туро дўст медорам, бе ту мемирам» мегўянд, дурўѓи мањз мегўянд. Дарвоќеъ, онњо њарчанд њиссиёти гарму сўзон дошта бошанд њам, вале он пойдор ва устувор нест, поя ё реша надорад, ба зудї хомўш мешавад. Њељ набошад, баъди никоњ ва висол дер намепояд. Дар чунин њолатњо бисёр эњтиёт шудан лозим аст.

Хуррам Рањимзода,

профессор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш