Нашрияи Омӯзгор

​​​​​​​МАҲЗАНИ МЕРОСИ АДАБӢ

Сана: 2022-04-07        Дида шуд: 61        Шарҳ: 0

Дар хонаи начандон калоне дар ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе, кўчаи Истаравшан №4, њаст, ки дар он љо шоири назми инќилобї Абулќосим Лоњутї зиндагї ва эљод кардааст. 4-уми декабри соли 1987 бахшида ба 100-солагии шоир ин хона бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон ба хона-музей табдил дода шуд. Дар ин манзил Абулќосим Лоњутї њамроњи ањли байти хеш (аз соли 1941 то соли 1943) зиндагї кардааст. Ташкили осорхона арзи сипосу эњтироми халќи тољик нисбат ба шоири хеш ва хизматњои бепоёни ў мебошад. Осорхонаи мазкур аз 5 толор иборат аст.

Дар толори якум, ки “Тењрон” номида шудааст, лавњањо, суратњо... падари шоирњмад Њаким Илњомї, хешовандони шоир, суратњои худи шоир, ки айёми наврасї ва љавонї, муборизаи миллї-озодихоњиро дар бар мегирад ва экспонатњои ба ин давра мувофиќро ба тамошобинон намоиш медињад. Дар сурати дигар шањри Кирмоншоњ (зодгоњи шоир) акс ёфтааст. Мањз дар њамин љо ба шоир тахаллуси “Лоњути”-ро додаанд, ки маънии луѓавиаш «олим ба илми худої» ва «худошиносї» мебошад.  

Аксњо аз шўришњои Сатторхон дар Эрон, муњорибаи Табрез ва маѓлубияту ѓолибияти онњо, ќадамњои аввалини шоири шўришгар бар зидди истилогарон ва озодии халќ дарак медињад. Лоњутии љавон њам бо яроќ ва њам бо ќалам мељангид. Яке аз шуморањои маљаллаи «Форс», ки онро Абулќосим Лоњутї дар Истамбул таъсис дода буд ва солњои 1918-1919 фаъолият дошт, барои тамошо гузошта шудааст. Маљаллаи «Форс» бо ду забон - форсї ва фаронсавї чоп мешуд ва дар њар шумораи он шеър ва маќолаи шоир нашр мегардид.

         Толори дуюм – утоќи корї њисоб ёфта, мизу курсии корї ва љевони китобњо ва баъзе нигорањои рассомони тољикро дар бар гирифтааст. Болои мизи корї нусхае аз дастхати худи Лоњутї гузошта шуда,  дар як гўшаи дигар акси кандакоришудаи Абулќосим Лоњутї дар чўб, ки амали кандакори машњури тољик С. Нуриддинов мебошад, ба намоиш гузошта шудааст. Инчунин, дар ин толор радио ва гулдони шахсии шоир низ љойгиранд.

         Толори сеюм – суратњо, китобњо, ашёњои шахсии шоир, экспонатњо ва баъзе нигорањову экспозитсияи рассомони тољикро дар бар гирифтааст. Њаёти Абулќосим Лоњутї баъди ба  Љумњурии Тољикистон омаданаш низ дар њамин толор муаррифї мегардад.

         Маврид ба ёдоварист, ки Абулќосим Лоњутї бори аввал соли 1925 ба Љумњурии Тољикистон омадааст. Шоир дар даврони зиндагї ва фаъолият дар Тољикистон эњтироми баландро ноил гаштааст. Њамчунин, дар хусуси вожаи “тољик” ва миллати тољик таъкид менамояд, ки: «Њар ваќт аз Тољикистон ва тољикон гап занам, ба ёдам меояд, ки дар айёми љавониям, дар Эрон бори аввал калимаи «тољик»-ро дар шеъри Саъдї дидам. Шоир ба мањбубаи худ хитоб карда гуфтааст:

Шояд ки ба подшањ бигўянд:

Турки ту бирехт хуни тољик.

         Чун маънии калимаи «тољик»-ро надонистам, дар љустуљўйи он ба китобњои луѓат мурољиат намудам. Дар китобе навишта шуда буд: «Тољик номи ќабилаест, ки як замон вуљуд доштааст; дар луѓати туркї ба маънии форс њам омадааст». Чун шунидам кишваре ба номи Тољикистони советї њаст, ки дар онњо осори Фирдавсї ва Саъдиро халќ њамчун дар Эрони ман мехонанд ва азиз медоранд, аз партия хоњиш намудам маро ба он љо фиристад».

         Толори чорум – њуљраи Абулќосим Лоњутї аст. Дар ин љо Абулќосим Лоњутї ба тарљумаи адабиёти љањонї машѓул буда,  асарњои «Мотсарт ва Солери», «Евгений Онегин» ва шеъру афсонањои Пушкин, шеърњои А. Горкий, В. Маяковский, Т. Шевченко ва махсусан, асарњои безаволи В. Шекспир «Ромео ва Љуллета», «Отелло», «Шоњ Лир»-ро ба забони тољикї тарљума кардааст. Мушовири доимии ў, ба гуфтаи шоир, њамсар ва рафиќаи кориаш Силсила Бону будааст.

         Њамчунин, дар ин толор аксњои оилавї, туњфаву асбобњои шахсии шоир, дар як гўша матни гимни аввали Љумњурии Тољикистон, ки ба ќалами Абулќосим Лоњутї иншо шудааст ва њамчунин, аксњои њунарпешагони тољик Муњаммадљон Ќосимов ва Туњфа Фозилова, ки дар сањнаи театри тољик, номи шоири бузург Абулќосим Лоњутиро дорад, наќши ќањрамонони асарњои шоирони маъруфи љањонї Шекспир, Лопе де Вега, Грибоедовро бозидаанд, љой дода шудааст.

         Дар толори панљум њуљљатњои шахсї, ордену нишонњо, расмњои шоирон ва китобњои бо дастнавис туњфашуда нигоњ дошта мешавад. Бояд зикр кард, ки Абулќосим Лоњутї бо Садриддин Айнї робитаи хуби дўстї ва њамкорї доштанд, ки дар гўшае аз ин толор мукотибаи онњо рўйи авроќи сафед оварда шудаанд. Аз муколамаи онњо бармеояд, ки онњо розњои нињонии худро бо якдигар иброз мекарданд.

         Абулќосим Лоњутї 4-уми декабри соли 1887 дар шањри Кирмоншоњи Эрон таваллуд шуда, 16-уми марти соли 1957 дар шањри Москва вафот кардааст ва љасади ў дар мазори Новодевиче мадфун аст.

Гулноза Саидова,

ходими хурди илмии

осорхонаи адабї - ёдгории Абулќосим Лоњутї

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш