Нашрияи Омӯзгор

​​​​​​​Нарму ширин гўй бо мардум калом

Сана: 2022-04-14        Дида шуд: 59        Шарҳ: 0

Яке аз муњимтарин ва баргузидатарин хислатњои неку њамидаи инсонї сухан шоиставу маќбули нарму гарм гуфтан аст. суханварї фазилатмандист. Ба шарофати сухани гуворою дилчасп кас мањбуби њамагон ва дорои обрўю шарафу эътибору эњтиром мешавад. Ваќте ки кас сухани нохушоянду гўшхарош мегўяд, дигаронро аз худ меранљонад, боиси маломату надомат мегардад. Сухани худ одамонро ба њам меорад, ба якдигарфањмию муттањидї замина мегузорад, њамаро болидахотир мекунад. Тавассути сухани неку хуш метавон роњ ба дилњо ёфт ва ба њалли бисёр мушкилот муваффаќ шуд. Суханварию сухандонї њунару санъати баланд аст ва њар кас бояд барои ба ин муваффаќ шудан љидду љањд намояд. Бузургон таъкид кардаанд, ки одоби сухангўї таќозо дорад, то сухан шевою фањмо, сањењу беѓалат ва хушлањн бошад. Адабиёти тољик саршор аз асарњоест, ки дар онњо риояи одоби сухангўї талќин мешавад. Масалан, дар асари пурмуњтавою љовидонии Саъдии Шерозї «Гулистон» боби алоњидае ба сухандонию суханварї ва одоби сухан бахшида шудаанд. Дар ин шоњасар омадааст: «Љое, ки лутф бояд кардан, ба дуруштї сухан магўй, ки каманд аз барои бањоими саркаш бошад ва љое, ки ќањр бояд бо луфт магўй, ки шакар ба љои саќмуниё фоида надињад». Ќисмате аз њикматњои «Гулистон» дар боби риояи одоби сухан ба гуфтањои мардумї омезиш ёфтаанд:

«Њар ки сухан насанљад, зи љавобаш баѓоят биранљад». Њикмати дигари Саъдии бузургвор низ басо судманд мебошад:

«Сухан дар миёни ду душман чунон гўй, ки чун дўст гарданд, шармзада набошї». Яке аз муњимтарин далелњои одоби сухан гуфтан аввал андешидан аст ва аз ин рў, «аввал андеша, баъд гуфтор гуфтаанд». Саъдии Шерозї ин нуктаро чунин ба назм овардааст:

Нахуст андеша кун, он гоњ гуфтор,

Ки номањкам бувад бе асл девор.

Дар тавзењу тарѓиби одоби суханварї шоирони дигар низ суханони пандомезу судманди зиёде гуфтаанд. Ба сифати далел чанд иќтибос аз шоири бузурги андарзгўй Фаридуддини Аттор меоварем:

Эй бародар, гар хирад дорї тамом,

Нарму ширин гўй бо мардум калом.

Тозарўю хушсухан бош, эй ахї,

То бувад номи ту дар олам сахї.

Дар эљодиёти мардумї таваљљуњ ба сухан хеле баланд аст ва њикмату зарбулмасалу маќолњои зиёде таъкиду талќин ба он мекунанд, ки сухан бояд гўшнавозу дилнишин бошад. Чанд мисол: «Дур шиканаду сухан нашиканад», «Сухан бисёр дону андаке гўй», «Хомўшї хислати хирадмандон аст», «Бо чашм бину бо забон гўй», «Як сухан сесаду шасту шаш пањлу дорад», «Пур дону кам бигў», «Сухани хуб морро аз хонааш берун меорад»…

Вобаста ба ин њама гуфтору тавзењот оид ба одоби суханварї таъкид бар он мекунем, ки дар синфњои ибтидої, дар ин зинаи шакл гирфтани хулќу хислату одоби шоистаи хонандагон, тарбияи одоби сухан гуфтан хеле муњим аст. Шогирдони мо бояд аз хурдї бомулоњизаву сањењу беѓалат ва хушоянду гуворо сухан гуфтанро батадриљ омўзанд. Неку сухан гуфтан, риояи одоби сухан дар ќатори омилњои дигар як василаи муњими ифодагари муњаббат ба забони модарї низ мебошад.

Албатта, дар ин самт мо - омўзгорон бори масъулияти љиддї ба дўш дорем. Барои ин бояд аз воситањои техникии таълим, аз усулњои фаъоли омўзиш, аз дастуру китобњои илова, аз чорабинињои беруназсинфї васеъ ва пурсамар истифода кард.

Зарафшон Зокирова,

Гулчењра Ќурбонова,

омўзгорони синфњои ибтидої,

шањри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш