ЉАЛАСАИ ЊАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДОИР ГАРДИД
12-уми апрели соли љорї дар толори муассисаи тањсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шањри Душанбе љаласаи њайати мушовараи Вазорати маориф ва илм оид ба љамъбасти фаъолияти вазорат дар семоњаи якуми соли 2022 баргузор гардид. Дар он Рањим Саидзода-вазири маориф ва илм, муовини якум ва муовинони вазир, аъзои мушовара, намояндагони вазоратњои молия, рушди иќтисод ва савдо, тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї, саноат ва технологияњои нав, мењнат, муњољират ва шуғли ањолї, Прокуратураи генералї, Кумитаи давлатии амнияти миллї, Агентии назорат дар соњаи маориф ва илм, Маркази миллии тестї, Комиссияи олии асттестатсионї, сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахши дастгоњи марказї, роњбарони муассисањои тобеи Вазорати маориф ва илм, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбањои маорифи вилоят ва шањру ноњияњо, директорон ва ректорони муассисањои тањсилоти ибтидої, миёна ва олии касбї, директорони мактаб-интернатњои љумњуриявї, мактабњои президентї, литсейњо барои хонандагони болаёќат, муассисањои тањсилоти томактабї ва миёнаи умумии шањри Душанбе иштирок намуданд.
Дар љаласа нахуст, њисоботи вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон «Оид ба љамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон дар се моњи соли 2022 ва вазифањо то охири сол» шунида шуд.
Зикр гардид, ки тањия, ќабул ва татбиќи ќонунњои соњавии Љумњурии Тољикистон, ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон дар бораи «Стратегияи миллии рушди маорифи Љумњурии Тољикистон барои давраи то соли 2030», «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанњои табиатшиносї, даќиќ, риёзї дар соњаи илму маориф», «Барномаи давлатии такмил ва таълими забонњои русї ва англисї дар муассисањои тањсилоти миёнаи умумии Љумњурии Тољикистон», «Барномаи давлатии рушди тањсилоти томактабї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2020-2025» ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї аз зумраи ташаббусњои судманди Њукумати мамлакат мањсуб меёбад, ки дар мењвари он таваљљуњ ва дастгирии масъулини соњаи маориф ќарор дорад.
Амалї гардидани барномањои гуногуни давлатї дар самти таъмини пешрафти рушди маориф, сохта ва ба истифода додани иншооти гуногуни соња, марњала ба марњала баланд бардоштани музди мењнати кормандони соњаи маориф, ташкил ва гузаронидани озмунњои љумњуриявии “Фурўғи субњи доної китоб аст”, “Илм – фурўғи маърифат”, “Тољикистон – Ватани азизи ман” аз ибтикороти самарабахши Њукумати кишвар ба њисоб меравад, ки љињати таъмини пешрафти соњаи маорифи мамлакат наќши муассир мегузоранд.
Дар идомаи суханронияш Р.Саидзода оид ба вазъи тамбалии бахшњои соња ибрози назар карда, (бо далелњои зиёди муътамад) дар љамъбаст мулоњизоту андешаву пешнињодоти љолибу судманд баён намуд ва изњори бовар кард, ки минбаъд ањли маориф дар заминаи масъулиятмандї ва тозакорию азму иродаи ќавї фаъолияташонро дар кулли самтњои соња боз њам вусъат мебахшанд.
Дар иртибот ба суханронии муфассалу пурмуњтавои вазири маориф ва илм Њомид Њошимзода - директори Донишкадаи иќтисод ва савдои Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон дар шањри Хуљанд, Ғазалшо Сафарзода - сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон, Муњибулло Зувайдуллозода – директори Мактаби байналмилалии Президенти дар шањри Душанбе, Мирољиддин Наботов - намояндаи Прокуратураи генералї ва Моњтоббї Одиназода - намояндаи Вазорати рушди иќтисод ва савдо ба музокира баромада, фаъолияти Вазорати маориф ва илмро дар семоњаи якуми соли 2022 ќаноатбахш арзёбї намуданд.
Вобаста ба масъалањои баррасишуда, бо дарназардошти таклифу пешнињодоти иштирокдорон ќарорњои дахлдор ќабул гардид.
"Омӯзгор"
Иловакунӣ
Иловакунии фикр