9-уми апрели соли љорї дар маљлисгоњи Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик М. Осимї бо иштироки намояндагони маќомоти њифзи њуќуќ, директорон, ректорон, раисон ва котибони комиссияњои ќабули муассисањои тањсилоти миёна ва олии касбї бо маќсади дар сатњи баланд ба роњ мондани ќабули донишљўён ба муассисањои тањсилоти касбї дар соли 2022-2023 ва аттестатсияи хатм љаласаи кории назди вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон баргузор гардид. Дар он вазири маориф ва илм Р.Саидзода, муовини вазири маориф ва илм Л.Абдулхолиќзода, намояндаи Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон М.Наботов, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон Н.Акбарзода иштирок намуданд.
Дар оѓоз Р. Саидзода иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илм бо маќсади ба танзим даровардани фаъолияти муассисањои тањсилоти касбї дар самти ќабули донишљўён як ќатор санадњои меъёрии њуќуќии соњаи тањсилоти касбї, аз љумла, Ќоидањои ќабули донишљўён ба муассисањои тањсилоти миёнаи касбии Љумњурии Тољикистон дар соли 2022-2023, Ќоидањои ќабули донишљўён ба муассисањои тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон дар соли 2022-2023, Ќоидањои ќабули донишљўён ба муассисањои тањсилоти олии касбї, барои идомаи тањсил баъд аз хатми муассисаи тањсилоти миёнаи касбии Љумњурии Тољикистон дар соли тањсили 2022-2023 ва Ќоидањои ќабули донишљўён ба муассисаи тањсилоти олии касбї аз рўи тањсилоти олии дуюм дар соли тањсили2022-2023-ро тањия ва тасдиќ намуд. Дар назди муассисањои тањсилоти касбї комиссияњои ќабули довталабон фаъолият мекунанд, ки яке аз вазифањои асосии онњо ќабули донишљўён ба муассисаи тањсилоти касбї, барои идомаи тањсил баъд аз хатми муассисаи тањсилоти ибтидої ва миёнаи касбї ва ќабули донишљўён ба муассисаи тањсилоти олии касбї аз рўи тањсилоти олии дуюм мебошад. Вобаста ба масъалаи мавриди назар роњбарияти муассисањои тањсилоти касбиро зарур аст, ки ќабули донишљўёнро ба муассисањои тањсилоти миёна ва олии касбї барои идомаи тањсил баъд аз хатми муассисаи тањсилоти ибтидої ва миёнаи касбї танњо аз рўи равия ва самти ихтисосњои амалкунанда дар доираи замимаи иљозатномаи пешбурди фаъолияти таълимї ба роњ монанд. Њамзамон, масъулини комиссияњои ќабул ташкил ва баргузории суњбат ва озмунро тибќи талаботи санадњои меъёрии њуќуќии амалкунанда ба роњ монда, иљрои њатмии онњоро бояд дар муњлатњои муќарраргардида таъмин намоянд.
- Масъалаи дигар ќабул ба муассисањои тањсилоти миёна ва олии ќасбии љумњурї тариќи имтињонњои марказонидашудаи Маркази миллии тестии назди Президенти Љумњурии Тољикистон мебошад. Айни њол, мо дар давраи ќабул ба муассисањои тањсилоти миёна ва олии касбї, ки тариќи имтињонњои марказонидашудаи Маркази миллии тестии назди Президенти Љумњурии Тољикистон сурат мегирад, ќарор дорем ва бояд таъкид намоем, ки дар ин давра муваффаќ њамон муассисаи таълимие мегардад, ки тарѓибу ташвиќи дурустро ба роњ мондааст, - ќайд кард вазир.
Масъулини муассисањои тањсилоти касбиро зарур аст, ки пас аз таќсимоти Маркази миллии тестї, зимни ќабули њуљљатњои довталабон муносибатро дар доираи ахлоќи њамида ва эњтироми баланд ба роњ монда, аз даст задан ба њолатњои коррупсионї худдорї намоянд. Зеро бештари довталабонро падару модарон ва ё бародару хоњарон њамроњї менамоянд, ки як амали носазои корманди муассисаи таълимї метавонад боиси паст гардидани маќоми он муассисаи таълимї гардад.
Дар идома вазир таъкид дошт, ки яке аз масъалањои муњим дар пешбурди фаъолияти таълимии муассисањои тањсилоти касбї, ин рафти баргузории атестатсияи хатм мебошад. То имрўз, тибќи муќаррароти амалкунанда, љињати баргузории аттестатсияи хатм дар муассисањои тањсилоти касбї фармоишњои раисони комиссияи аттестатсияи хатм тањия ва дастраси масъулин гардонида шудааст. Дар робита бо ин, бояд роњбарони муассисањои тањсилоти касбї рафти баргузории аттестатсияи хатмро дар доираи талаботи санадњои меъёрии њуќуќї ба роњ монанд. Раисон ва аъзои комиссияи аттестатсияи хатмро зарур аст, ки аттестатсияи хатмро дар муассисањои тањсилоти касбї бо ахлоќи баланд ва эњтиром ба њар хатмкунанда ба роњ монда, аз амалњои носазое, ки метавонад боиси паст гардидани шаъну шарафи омўзгор ва маќоми муассисаи таълимї гардад, худдорї намоянд.
Дар идома намояндагони Прокуратураи генералї ва Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия дар хусуси ба амалњои коррупсионї даст назадани устодону кормандони муассисањои тањсилоти касбї, бо таври шаффофу холисона ќабул намудани донишљўён ва баргузор кардани аттестатсияи хатм андешањои худро баён доштанд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Љумњурии Тољикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр