Фестивали љумњуриявии «Њафтаи китоби кўдакону наврасони Тољикистон», ки њамасола баргузор намудани он дар Ватани азизамон њукми анъанаро гирифтаасту сол то сол доираи иштирокдорону муњтавои барномааш вусъат меёбад, имсол дар саросари кишвар аз 2 то 9 апрел идома ёфт.
Њамбаста ба тадбирњои дигари ин фестивал дар аксар таълимгоњњои мамлакат њамоишњои гуногуни фарњангию маърифатї баргузор карда шуданд. Дар литсейи раќами №2 барои хонандагони болаёќати шањри Душанбе, ки аз таълимгоњњои муваффаќи пойтахт ба шумор меравад, вобаста ба Њафтаи китоби кўдакону наврасони Тољикистон дар радифи тадбирњои дигар конфронси илмию адабї созмон дода шуд, ки дар он адиб ва рўзноманигор Абдурауф Муродї иштирок дошт. Конфронс дорои барномаи рангину љолибу муассир буд ва хонандагони зиёдеро ба њам овард.
Дар он аз љониби шогирдони фаъоли литсей шеъру сурдњо ва гуфтањои њикматрези бузургон дар васфи китоб садо доданд, маърўзањо дар бораи ањамияту моњияти китоб ва китобхонї шунида шуданд ва чанд сањнаи љолиб манзури њозирин гардид. Гурўње аз хонандагон аз андарзномаи Абдурауф Муродї дар бузургдошти китобу забони модарї намунањо азёд гуфтанд. Зикр гардид, ки дар эљодиёти ин адиб васфу ситоиши китоб мавќеи намоён дорад.
Дар поёни ин мањфили љолиб нависанда А.Муродї суханронї карда, бахшида ба арљгузории китоб шеърњо хонд ва хонандагонро даъват намуд, ки њамеша бо «фурўѓи субњи донї» бошанду љањони маънавиашонро вусъат бахшанд. Бояд зикр кард, ки дар омодасозию баргузории конфронси мазкур устодони литсей М.Тошпўлодов, М.Абдувоњидова, Г.Ниёзова, С.Мањмадсаид, Т.Сафарова, М.Шукурова ва С.Бобокалонова кўшиши зиёд ба харљ доданд. Чунонки сарвари литсей Нуриддин Сирољзода иброз дошт, чунин њамоишњои муњтавоманд боиси боз њам тањким ёфтани њисси муњаббату эњтироми насли наврас нисбат ба китоб мегарданд ва фаъолияти донишандўзии шогирдони таълимгоњро доманадортар мекунанд.
Насриддин Охунзода,
«Омўзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр