Нашрияи Омӯзгор

Имло дар синфҳои ибтидоӣ

Сана: 2022-04-14        Дида шуд: 114        Шарҳ: 0

Њангоми таълими забони модарї омўзгор бояд дар такя ба мањорат ва таљрибаи эљодии худ ба инкишофи нутќи шифоњї ва хаттии хонандагон, тарзи навишту талаффузи њар як њарфу овоз диќќати махсус дињад.

Саводомўзї, хониш, имло ва машќи хат дар синфњои ибтидої дар дарсњои забони модарї таълим дода мешавад. Маќсад аз омўзиши ин љузъњо, инкишоф додани нутќи мураттаби хонандагон мебошад. Хонандагон доир ба унсурњои грамматикї низ маълумот гирифта, малакаву мањорати дуруст ва беѓалат навиштанро аз худ мекунанд. Барои омўхтани имлою грамматика шогирдон ба унсурњои асосии забон – овозу њарф ва калимаву љумла муносибати бошуурона мекунанд ва њамин амал ба нутќи шифоњии онњо низ таъсир мекунад. Маълум аст, ки тайи солњои охир таъсири хониш ва дарки маъно дар синфњои поёнї дар сатњи дилхоњ ќарор надорад. Аз њамин хотир, омўзгорро лозим аст, ки дар раванди дарс ба сифати хониши хонандагон, дарки маъно ва оњанги талаффуз бештар ањамият дињад. Матнеро, ки дар ќисми баёни мавзуи нав мегузарем, бурро хонда, тањлил карда, ба баррасии маънои луѓавии њар як калима ањамияти љиддї додан зарур аст. Калимањои мушкилфањмро дар тахтаи синф навишта, маънидод бояд кард:

Ливо – парчам                       сармоя – дорої

Хон – дастархон                    фароѓат – осудагї

Роњу равишњои бавуљудории малакањои хониш гуногунанд. Аз љумла: наќл аз рўи расм, номбар намудани симоњои матн, наќшофарї дар асоси мазмуни матн, ташкил намудани хонишњои беруназсинфї аз китобњои бачагона ва хонишњои иловагї.

Мо, омўзгорони синфњои ибтидої, дар такя ба гуфтањои боло метавонем дар дарсњои забони модарї мушкилоти саводомўзї, хониш, дарки мафњум ва маънои матнро ба хонандагон шарњу тавзењ бахшем. Пањлуи дигари роњи њалли ин мушкил дар њар як соати дарсї барои мустањкам намудани дониши хонандагон, иљрои саволњои тестї ва имлои дунафара мебошад.

Таълими оњанги дурусти гуфтор њангоми хониш ва риояи дурусти ќоидањои имло, њангоми навиштан дар њамгирої боиси самаранокии саводомўзии хонандагон мегардад. Шарти зарурии њосил намудани малакањои аввалини дурустнависї, муќоисаи њарфњои аз љињати шакл ба њам монанд аст. Машќи навишти шакли њарфњо дар фазо ё њаво кашидани хат аз рўи ќолаби расму њарфњо ва калимањо, тарзи пайвасти њарфњо дар калима ба шумор меравад.

Машќи аввалини хатнависї барои хонандагон њамчунин машѓулияти расмкашист. Машќи њарф дар алоњидагї ва калима яке аз ќолабњои асосии дидактикаи таълими савод мебошад.

Малакаи навиштанро дар хонандагони хурдсол њанўз аз даврањои саводомўзї инкишоф додан лозим аст. Машќи навиштан заминаи асосии инкишофи малакањои имло мебошад.

Нилуфар Мирзоева,

омўзгори синфњои ибтидоии МТМУ №6,

ноњияи Айнї


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш