Ҳеҷ шакле бе ҳаюло қобили сурат нашуд,
Одамӣ ҳам, пеш аз он, к-одам шавад, бӯзина буд.
Байте, ки дар боло зикр шуд, солҳо боз таваҷҷуҳи донишмандонро ба худ ҷалб кардааст ва дар адабиёти илмию таҳқиқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо маъниҳои гуногун шарҳу тавзеҳ шудааст. Қисмате аз донишмандон ба ин назаранд, ки ин байти Бедил ба назарияи Дарвин мутобиқат дорад. Масалан, муаллифони бахши «Бедил дар намунаҳои адабиёти тоҷик» - шоирон Муҳаммадҷон Раҳимӣ ва Абдусалом Деҳотӣ дар хусуси байти мазкур навиштаанд: «Бедил дар масъалаи пайдоиши одам ҳам ба муқобили рӯҳониён мебарояд. Вай дар ин бора ба нуқтаи назари материалистӣ наздик шуда, аз маймун пайдо шудани одамро тасдиқ мекунад». Аз ин нигоҳ, гӯё Бедил, пеш аз Ч. Дарвин ин назарияро матраҳ намуда ва Дарвин бошад онро ҷомаи илмӣ пӯшонидааст. Аз нигоҳи мантиқӣ тафовути замоние, ки байни Бедил ва Дарвин мавҷуд аст, оқилона нест, ки заҳамоти 30 - солаи як донишманди зистшиносро бо ориф ва файласуфи ду аср пеш аз вай дар байте хулоса кард. Нуктае, ки ин байтро чашмгир сохтааст, шабоҳати он ба назарияи такомули анвои (эвалютсияи) Дарвин аст. Ч.Дарвин донишманди инглис, зистшинос ва бунёдгузори назарияи такомул (Эволютсия) дар солҳои 1809 – 1882 мебошад.
Хулосаи назарияаш: Инсонҳо низ навъе аз ҳайвонот, эҳтимолан маймунҳо ҳастанд, ки ба мурури замон такомул ёфтаанд.
Абдулқодири Бедил, сухангӯи бузурги адабиёти классикии форсу тоҷик мегӯяд:
Ҳар ду донишманд як мавзӯъро матраҳ кардаанд, вале бо ҳадафи ҷудогона. Дарвин шакли такомули зоҳирии инсонро тайи таҳқиқоти чандинсола дар як рисолаи илмӣ навиштааст. Бедил бошад, такомул ва иртиқои ботинии инсонро дар як тарҳи фалсафии хоси худаш пешниҳод намудааст. Фасли муштараки ҳар ду назария, зикри тасодуфии калимаи “бӯзина” аст. Бедил онро ба шакли шеър дар қолаби ғазал суруда ва бинобар побандии радиф ва қофия аз бӯзина кор гирифтааст. Аммо қисмате аз донишмандон ба ин назаранд, ки ҳадаф аз бӯзина дар ин байт ҳайвон буда, ҳаюло ба маънои ақл омадааст ва барои тақвияти назарашон аз ин шеъри Бедил кор гирифтаанд:
Одамӣ зодаи вориси хирад аст.
Бехирад ғайри насли ҳайвон нест.
Ҳар куҷо ақл карда зуҳур,
Мазҳараш ҷуз вуҷуди инсон нест.
Шоҳиди ақл чист? Шарму адаб,
Ки зи ҳар гову хар намоён нест.
Як донишманди дигар мегӯяд: Дар байти мазкур як нуктаи фалсафӣ ба забони шеър дар мисраи нахустин ва як нуктаи иҷтимоӣ дар мисраи дуюм баён шудааст. Дар ҳар ду мисраъ ҳеҷ пайванди дастурӣ вуҷуд надорад. Бинобар ин, байти мавриди назарро метавон дорои андешаҳои муодил шинохт. Инчунин, метавонем онро дар санъати муддаои мисл бипазирем. Дар ин сурат мисраи нахустин на баёнгари муддао, балки мисол аст. “ Ҳеҷ шакле бе ҳаюло қобили сурат нашуд”. Яъне, нашудааст ё намешавад... Одамӣ ҳам барои расидан ба мақоми одам ба ҳаюло ниёзманд аст ва ҳаюло ҳамон маънавиётест, ки зери унвони одамият шинохта мешавад. Яъне, шарти бунёди одам шудан оростагӣ ба ҳаюлои одамият аст, на шакли одамӣ, зеро одамӣ бо шаклу сурати холис (бидуни ҳаюло) одам ба шумор намеояд ва замоне ба сифати одам шинохта мешавад, ки ба ҳаюлои одамият ороста гардад. Паёми шоир ин аст: ҳамчуноне ки дар коинот барои пайдоиши ҳар падида ҳаюло ва шакле мебояд, таҳаққуқи инсон низ ба пайвастагии шаклу маънавиёти инсонӣ муяссар мегардад, на танҳо ба доштани андомҳо ва ҳайкалу пайкари одамӣ.
Доктор Сайид Халилуллоҳи Ҳошимиён ба ин назар аст, ки девонҳои қадимӣ ҳеҷ кадом бо аломатҳои амрия (!), саволия (?), ва нидоия (&) музайян нашудаанд ва хонанда худаш бояд онҳоро бифаҳмад. Донишманди мазкур дар мақолааш навиштааст: “Ба мақсади дарёфти чанд байти монанд ба тарзи ифодаи байти “бӯзина” ҷилди аввали ғазалиёти Бедилро ҷустуҷӯ намудам ва ду байти монанд ба байти “бӯзина” ёфтам ва ба ҳамин се байт даст ба кор мешавам.
1. Ҳеҷ доно назанад теша ба пои ором,
Аз биҳишт он ки бурун омадааст, одам нест?
Маънои зоҳирии мисраи аввали байти боло, ки як ҷумлаи мустақил мебошад, чунин аст: Як одами оқил ва доно пойи сиҳат ва ороми худро ба теша ланг намесозад ва маънои сатҳии мисраи дуюм, ки он ҳам як ҷумлаи мустақил мебошад, чунин аст; Он шахсе, ки аз биҳишт берун омадааст, одам нест. Бедил «Қуръон» - ро аз аввал то ба охир хонда ва медонад, ки Холиқи Одам худаш Одам (а)-ро аз биҳишт берун кардааст. Ҳоло агар ба зербинои мисраи аввал мутаваҷҷеҳ шавем, мебинем ки ин мисраъ як ”нидоия” аст. Бедил нидо мекунад: Эй касоне, ки мепиндоред “Ҳеҷ доное назанад теша ба пои ором”.
Дар ин мисраъ Бедил мардумро ба як ақидаи ноқис мутаваҷҷеҳ месозад. Дар зербинои мисраи дуюм, «саволия” мавҷуд аст, зеро Бедил як ақидаи ноқиси одамиро ботил мешуморад. Аз ин ҷиҳат мепурсад: “Оё аз биҳишт он ки бурун омадааст, одам нест???»
Бале, Одам (а), ки паёмбар ва оқил буд, аммо иштибоҳ кард ва чизеро хӯрд, ки аз он манъ шуда буд. Гӯё теша ба пойи худ зад ва аз биҳишт берун карда шуд. Натиҷа ин ки, инсон агарчи паёмбар ҳам бошад, иштибоҳ мекунад...
2. Мавқеъшиноси исён зиллаткаши хато нест,
Май ҳукми шир дорад дар моҳтоб хӯрдан?
Маънои сатҳии байти боло, ки як ҷумлаи мустақил мебошад, чунин аст; Шахсе, ки гуноҳ ва исёнро ба мавкеъ муртакиб шавад, ранҷи хато ва надомат намекашад. Маънои сатҳии мисраи дуюм чунин аст; Хӯрдани май дар рӯшноии маҳтоб ҳукми ширро дорад. Масалан, шахсе дар шаби чордаҳуми маҳтоб май нӯшад, ин гуноҳи ба мавқеъ “зиллаткаши хато нест» яъне, надомат ва пушаймонӣ бор намеоварад. Чунки шояд тасаввур шавад, май дар шуои маҳтоб ранги сафед (ширгун) ихтиёр мекунад. Ҳоло бояд андеша кунем, ки ақида ва ҷаҳонбинии Бедил ба ӯ иҷоза медиҳад чунин фатвое содир кунад, ки дар шаби маҳтоб ё дар ҳалқаи дӯстон май бихӯред? Албатта, ҷавоб манфӣ аст, зеро Ислом хӯрдани май ва шаробро манъ кардааст.
Пас, бояд мутаваҷҷеҳи зербинои байт шавем. Он гоҳ ба осонӣ мефаҳмем, ки Бедил дар зербинои ин байт аз «нидоия» ва «саволия» кор гирифта ва ин зеҳнияти хоми омиёнаро, ки «исёни ба мавқеъ надомат ва гуноҳ надорад» рад кардааст. Бедил мегӯяд: “Эй касоне, ки шумо мепиндоред, ки шахсе гуноҳи ба мавқеъ кунад, яъне “мавқеъшиноси исён зиллаткаши хато нест”. Дар мисраи дуюм бошад, Бедил мардумро ба ин саҳву иштибоҳашон мутаваҷҷеҳ месозад ва суол мекунад, ки: “Оё май ҳукми ширро дорад, дар маҳтоб хӯрдан”??? Табъан надорад! Бедил мегӯяд: Ҳар гуноҳ ва исёне шумо анҷом медиҳед, онро ”гуноҳи ба мавқеъ” напиндоред. Гуноҳ, гуноҳ аст. Хоҳ ба мавқеъ сурат гирад ё бемавқеъ. Оё ба шинохти ҷаҳонбинии Бедил, маъно ва тафсири дигаре барои ин байт пайдо карда метавонед?
3. «Байти бӯзина».
Одамӣ ҳам, пеш аз он, к-одам шавад, бӯзина буд?
Маънои сатҳии ин байт ин аст, ки: Ҳеҷ шакле бидуни ҳаюло ( шабаҳ, мислу монанд) ба сурат табдил намешавад. Одамӣ ё инсон пеш аз он ки одам шавад, бӯзина (ҳайвон, маймун) будааст. Бедил дар давраи ҳаёти худ сахт муътақид буда, ки Худованд инсонро аз хок офаридааст ва иллати ҳилқати инсон ба ҳайси “халифа” шояд ҳам ин буда, ки ӯ Холиқи худ ва коинотро бишносад. Оё шинохти мо аз Бедил иҷоза медиҳад, ки ӯ баъд аз як умр дифоъ аз шариати ислом ба таъйиди ҷаҳонбинии таносухи Бараҳманҳо фатво бидиҳад, ки одамӣ, пеш аз он, к - одам шавад, бӯзина буд?
Шоир мегӯяд:
Кай бе сабаб моро чунин аз хок пайдо кардаӣ?
Баҳри шиносоии худ ин фитна барпо кардаӣ.
“Фитна” дар байти фавқ ба маънои одам ё инсон ба кор рафтааст. Бинобар ин, барои фаҳми “байти бузина” боз ҳам ба мафоҳими “нидо” ва “саволия” дар зербинои байт мепардозем. Эй касоне, ки шумо мепиндоред, ки ҳеҷ шакле ва ҳеҷ мавҷуде бе ҳаюло ва мислу монанди худ ба сурат ва ҳайкал табдил нашуда, «Ҳеҷ шакле бе ҳаюло қобили сурат нашуд».
Оё “одамӣ пеш аз он ки одам шавад, бӯзина буд? На. Одамӣ пеш аз он ки одам шавад, бӯзина ва ё ҳайвон набуд, балки хок буд. Бараҳманҳо пеш аз Дарвин ин ақидаро доштанд ва ҳанӯз ҳам дар ин ақида устуворанд, ки бӯзина насли моқабли инсон аст. Ба наҳве, ки рӯҳи бӯзина дар инсон интиқол ёфтааст. Бедил ба ақоиди Бараҳман ошноӣ дорад ва метавонист ивази «бӯзина» (ҳайвон) бигӯяд. Аммо ба назари ман, аз ду ҷиҳат “бӯзина”-ро дар байт оварда: Яке ба хотири қофияи ғазал, ки “одина”, «порина”, “лавзина”, ”пашмина” аст. Дигаре дар радди таносух, ки “бӯзина”- ро моқабли инсон мехонад.
Илҳомиддин Сӯфиев,
омӯзгор, ноҳияи Қубодиён
Иловакунӣ
Иловакунии фикр